Китобҳои тозанашр

​Тозанашр: Методикаи таълими биология

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони Методикаи таълими биология китоби дарсӣ нашр шуд.

Муаллифони китоб Алимова Хуршеда, Ҳакимова Ҳабибахон ва Собитова Муяссара мебошанд.

Методикаи таълими биология ҳамчун фан дар меҳвари худ мазмун ва муҳтавои раванди таълим ва тарбияи ин фан ва қонуниятҳои аз тарафи мактаббачагон азбар намудани маводи биологиро меомӯзад.

Мазмун ва сохтори маводи мазкур дар қолаби китоби дарсӣ мураттаб гардида, дар он роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла аз ҷониби омӯзгор имконияти интихоби шакл, метод ва воситаҳои таълим, тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва мавзӯӣ, тарбияи хонандагон дар ҷараёни таълим, шаклҳои назорати дониши хонандагон, инкишофи мафҳумҳои биологӣ, воситаҳо ва заминаҳои моддии таълими биология баррасӣ ва коркард шудаанд.

Китоби мазкурро метавон ба сифати роҳнамои доимӣ дар ҷараёни тайёр намудан ва гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ-амалӣ, семинарҳо, таҷрибаи саҳроӣ, таҷрибаомӯии омӯзгорӣ дар мактаб, дар тайёр намудани санҷишҳои марҳилавӣ ва имтиҳонҳо истифода намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Консепсияи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ нашр шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Консепсияи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ” нашр шуд. Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ шуд.

Консепсия зери назари ректори донишгоњ профессор Усмонзода Аюб Ислом таҳия шуда, муҳаррири масъули он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдуллоева Меҳриниссо мебошанд.
Мураттибон ҳайати кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати донишгоҳ - Дадобоева Нодира, Ёқубов Саидқаҳҳор, Ҳусейнова М.В. буда, ҳайати таҳририяро як қатор устодони донишгоҳ - Шаропова Раъно, Камолова М.Ф., Азимова С.Р., ва Юсупова М.И. ташкил медиҳанд.
Мақсади таҳияи Консепсия коркарди системаи ягонаи назорати раванди таҳсилот ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи академӣ, ҷавобгӯ намудани заминаи моддӣ - техникӣ, омодасозии мутахассисони ҷавон, таъсиси ихтисосҳои нав аз рӯи самти забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ ба шумор рафта, баҳодиҳӣ ба ҳолати самаранокии фаъолияти донишгоҳ дар самти иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ доир ба таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили заминаи мавҷудаи таълимию методӣ оид ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин таҳияи маводи нави таълимӣ-дидактикӣ аз рўи сатҳи забондонӣ ва тибқи самти фаъолияти касбии донишҷӯён аз ҳадафҳои меҳварии он дониста мешавад.
Фароҳам овардани шароит барои ташаккули зинаҳои таҳсилоти муттасили бисёрзабонӣ, омода кардани омўзгорони баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади ворид шудан ба фазои байналмилалии коммуникативӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои таҳсилоти зинадори забономўзӣ дар асоси стандарти байналмилалии омўзиши забонҳо, таълим ва низоми баҳогузории онҳо аз вазифаҳои асосии нашри Консепсияи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Практикуми ҳалли масъалаҳо аз физика. Кинематика, динамикаи нуқтаи материалӣ.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Практикуми ҳалли масъалаҳо аз физика. Кинематика, динамикаи нуқтаи материалӣ” китоби дарсӣ нашр шуд.

Китоби дарсӣ аз фанни практикуми ҳалли масъалаҳои физикӣ (фасли кинематика, динамикаи нуқтаи материалӣ) рӯйи чоп омада, миқдори зиёди ҳалли пурраи масъалаҳоро аз курси физикаи элементарӣ – фаслҳои кинематика ва динамикаи нуқтаи материалиро дар бар гирифтааст.

Муаллифони китоб Шерматов Шавкатҷон, Юсупов Зарифҷон, Ашӯров Ҳоҷимурод буда, китоби мазкур барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияву литсейҳо ва донишҷӯёну устодони коллеҷу мактабҳои олӣ тависия дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он

Таҳти ин унвон дар нашриёти «Нури маърифат»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» монографияи муҳаққиқ, сиёсатшинос, олими варзида, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Саидзода Диловар ба тозагӣ рӯи чоп омад. Дар асари мавриди назар хусусиятҳои ташаккули сарварии сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии ҷомеаи Тоҷикистон маврдиди таҳқиқу баррасии густарда қарор гирифтааст. Дар навбати аввал заминаҳои таърихию сиёсӣ ва назариявию методологии ташаккулёбии сарварии сиёсӣ таҳлилу баррасӣ гардида, хусусиятҳои муҳимми рушди ниҳоди сарварӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳқиқ гардидааст. Ҳамичунин дар китоб раванди ташаккули мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот барои ташаккули ниҳоди сарварӣ ва мактаби сарварии сиёсӣ аҳамияти илмию назариявӣ дошта, ба рушди Мактаби сиёсии Пешвои миллат заминаи илмӣ гузошта метавонад.

Китоби «Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он» аз пешгуфтор, ду боб, панҷ фасл ва хулосаву феҳристи адабиёт иборат буда, ба муаррихон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Дастури таълимии “Grammar tasks on object”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Grammar tasks on object” дастури нави таълимӣ нашр шуд.

Дастури мазкур барои донишҷӯёни ихтисосҳои “Забони англисӣ” ва “Забони англисӣ-олмонӣ” пешбинӣ шуда, аз фанни грамматикаи забони англисӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ Ҳомидова Мунира таҳия шудааст. Дар он яке аз аъзои пайрави ҷумла – пуркунанда ва воситаҳои ифодаи он, хелҳои пуркунанда, аз он ҷумла пуркунандаи бевосита, пуркунандаи бавосита,пуркунандаи ҳамреша ва пуркунандаи мураккаб маълумот дода шудааст.

Баъди маводи назариявӣ силсилаи машқҳо – супоришҳо барои кори мустақилона ҷой дода шудааст.

Дастури мазкур барои донишҷӯёни факултети забони хориҷӣ, ҳангоми омӯзиши забони англисӣ дар мактаби миёна, коллеҷи омӯзгорӣ тавсия мешавад.

Маркази иттилоотва таҳлил

​Тозанашр: Фарзанди маҳбуби Ватан

Китоби «Фарзанди маҳбуби Ватан: Маљмўаи маќолањо доир ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров» - фарогири суханрониҳо ва мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100 – солагии Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои олимонро бо се забон - тоҷикї, русӣ ва ӯзбекї дар бар гирифта, дар нашриёти “Меъроҷ” дар ҳаҷми 188 саҳифа нашр гардидааст.

Дар маҷмӯаи мазкур ҷой дода шудани суханронӣ ва мақолаи илмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти калони илмӣ ва тарбиявӣ дорад. Зеро, дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти илмӣ ва арбоби барҷастаи давлатии аллома Бобоҷон Ғафуров инъикоси худро ёфта, арзиши илмии маҷмуаро баланд бардошта, дар самти омӯзиши корномаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров аҳаммияти калон дорад.

Дар мақолаҳои маҷмӯаи мазкур муаллифон масъалаҳои муҳими марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари аллома Бобоҷон Ғафуров ва бузургдошти номи ӯ дар даврони истиқлол зери унвонҳои “Пешвои миллат ва шинохту тақдири корномаҳои академик Бобоҷон Ғафуров”, “Чеҳраи тобони аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва мероси фарҳангии тоҷикон”, “Фаъолияти сиёсӣ ва ташкилотчигии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон”, “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди санъати мусиқии тоҷик” ва ғайра инъикоси худро ёфтааст.

Маҷмӯаи мазкур тӯҳфаи арзанда дар соли таҷлили 115 – солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, дар рушди ғафуровшиносӣ ва дар рӯҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстї тарбия намудани насли наврас хизмат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Расм ва графикаи сарулибос – костюм

Фанни санъати тасвирӣ аз шахси навқалам аз як тараф донистани назария, мақсаду вазифа ва мафҳумҳои тасвиркуниро талаб кунад, аз ҷониби дигар, баробари қалам ба даст гирифтан иродаи мустаҳкам ва боварӣ ба лаёқату маҳорат доштанро лозим медонад. Китоби дарсии мазкур ба ҳамин хотир таълиф шуда, дар меҳвари худ масъалаҳои появӣ, яъне ҳам назариявӣ ва ҳам амалии мавзуи мазкурро ҷой додааст.

Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология, махсусан ихтисосҳои “дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ”, “дизайни графикӣ” ва “дизайни санъати ороишӣ-амалӣ” пешбинӣ шуда, асосҳои фанни тахассусиро дарбар гирифтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Дурнамои рушди таҳсилоти олӣ дар замони ҷаҳонишавӣ

Таҳти унвони “Дурнамои рушди таҳсилоти олӣ дар замони ҷаҳонишавӣ” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷмуа нашр шуд. Маҷмуаи мазкур маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро фаро гирифта, дар он фишурдаи мақолаҳои иштирокчиёни конференсия гирд оварда шудааст.

Маҷмуаи мазкур зери назари ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода интишор ёфта, муҳаррирони он - Шаропов Шавкат, Сабурӣ Хайрулло ва мураттиб Шамсиддинова Ф мебошанд.

Шакли электронии маҷмуа дар сомонаи расмии донишгоҳ дастрас аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Армуғони шоиста ба ифтихори 70-солагии профессор Абдулманнони Насриддин

Ба ифтихори 70-солагии дорандаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, доктори илмҳои филология, профессор шодравон Абдулманнони Насриддин силсилаи китобҳои тоза интишор ёфтанд. Аз ҷумла, китоби “Ҳафтод мақола” иборат аз ҳафтод мақолаи баргузидаи устод дар 800 саҳифа фароҳам омадааст, ки бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.

Китоби “Хуршедсавор” (арҷномаи профессор Абдулманнони Насриддин), ки маҷмӯаи арҷномаҳо ва хотираҳои дӯстону азизони Устоди равоншод мебошад, иборат аз 474 саҳифа бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.

Таҳиягари китоб доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов мебошад.

Китоби “Осори қалам” аз феҳрасти таълифот ва муаррифномаи китобҳои профессор Абдулманнони Насриддин иборат мебошад.

Бахши аввали китоб фарогири санадҳои асосии ҳаёт ва дастовардҳои илмии профессор Абдулманнони Насриддин буда, феҳрасти осори донишманд бо риояи кулли талаботи муосири феҳрастнигорӣ аз рӯи хронология рӯи кор омадааст. Китоб бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир” чоп шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Методикаи таълими санъат ва меҳнат барои синфҳои ибтидоӣ дар муносибати салоҳиятнокӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Методикаи таълими санъат ва меҳнат барои синфҳои ибтидоӣ дар муносибати салоҳиятнокӣ” китоби дарсӣ нашр шуд.

Китоби мазкур барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо назардошти татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ таҳия шудааст.

Муаллифони китоби мазкур устодони факултети санъати тасвирӣ ва дизайн - Азизов Абдулатиф, Алиева М, Ӯзбекова Мунира ва Осимова мебошанд.

Китоби мазкур донишҷӯёнро бо стандарти фанни санъат ва меҳнат барои синфҳои 1-4, муносибати салоҳиятнок ба таълим: зарурат, мафҳумҳои асосӣ, шаклҳо ва таснифот шинос менамояд.

Китоби дарсии мазкур барои донишҷӯёни соҳавии донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгорӣ ва омӯзгорони фанни санъат ва меҳнат пешбинӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Геологияи таърихӣ

Китоби “Геологияи таърихӣ” дар бораи пайдоиши сохторҳои қишрҳои Замин, шаклёбии атмосфера, гидросфера, дар бораи тараққиёт ва ҳосилшавии материкҳои мавҷудии қувваҳои онҳоро ҳосилкунанда, пайдоиши кӯлҳо, уқёнусҳо, сохти қаъри уқёнусҳо, эволютсияи муҳити географӣ ва қисматҳои асосии он – рустаниҳо, ҳайвонот, иқлим, маъданҳои фоиданок ва релефи ҳар як давраи геологӣ, пайдоиши одам таҳия шудааст.

Муаллифи китоби мазкур Зайнутдинов Абдусамӣ, Зайнутдинова Зулфия ва Ғуфронов Додахон – омӯзгорони факултети геоэкология ва туризм мебошанд.

Хонанда аз китоби мазкур дар бораи пайдоиш ва эволютсияи организмҳо, ҳайвонот, рустаниҳо ва одам далелҳои зиёде пайдо мекунад.

“Геологияи таърихӣ” таърихи геологии Замин, пайдоиш ва тараққиёти ҳаётро дар Замин меомӯзад. Инчунин қонуниятҳои тараққиёти геологии Замин ва қонуниятҳои тараққиёти ҳаётро дар Замин ошкор мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Таърихи навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Амрико (1918-1945)

Дар дастури таълимӣ-методии мазкур равандҳои асосии давраи якуми таърихи навтарини Амрико оварда шудаанд.

Дастур аз матни лексияҳо, саволҳо барои мустаҳкамкунӣ, мавзуъҳо барои иҷрои КМРО ва КМД иборат аст.

Дастури мазкур барои омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси таърих тавсия мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки муаллифи дастури мазкур Ҳусенов Фаррух буда, он зери назари ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода интишор ёфтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: “Дар маърифати Паёми Пешвои миллат”

Таҳти унвони “Дар маърифати Паёми Пешвои миллат” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳнамо интишор гардид.

Роҳнамои мазкур ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бахшида шудааст.

Мураттибони он муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Узоқова Гулнора ва унвонҷӯ Хайруллозода Кароматулло маҳсуб меёбанд.

Дар роҳнамо нуктаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари олии давлат тариқи суолу ҷавоб шарҳ дода шуда, самтҳои асосии ин дастури созанда мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Ҳамзамон, дар саҳифаи нахустин иқтибосҳои муҳиму муассир аз Паём дарҷ ёфтааст.

Роҳнамои мазкур ба доираи васеи хонандагон, донишҷӯён, муҳаққиқон, олимону омӯзгорон ва тарғиботчиён тавсия шуда, ҷиҳати омӯзиши мазмун ва муҳтавои Паём ҳуҷҷати судманд ва муфид унвон меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

"Масъалаҳои нақду сухансанҷӣ дар адабиёти тоҷику форс"

Дар нашриёти "Нури маърифат"-и МДТ "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" китоби "МАСЪАЛАҲОИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС" (Асрҳои XVI- XVII)-и муҳаққиқ ва адабиётшинос ва олими хушкор, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмадшо Маҳмадшоев, зери назари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Носирҷон Салимӣ ба тозагӣ рӯи чоп омад.

Асари мавриди назар ба масъалаҳои ҷойгоҳи нақд дар тазкираҳо ва осори таърихии адабиёти тоҷику форс, заминаҳои ташаккул ва рушди нақд, анвои нақди адабӣ, намунаҳои нақди адабӣ ва афкори дар сосри адабиву таърихӣ, нақшу арзиши адабии осори таърихиву адабии асрҳои XVI- XVII, авзои иҷтимоиву фарҳангӣ ва таҳаввули афкори адабӣ, мушуаххасоти фикриву маърифатии суханварон, шеваи баён ва андешаҳои адабии шуарои қарни XVI- XVII, мактабҳо ва ҳавзаҳои адабии давр ва таъсири он ба адабиё, доираҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросон ва Шибҳи Қора бахшида шудааст. Китоб барои мунаққидону адабиётшиносон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик, забонҳои шарқ, таърих ва ҳамаи алоқамандони илму адаб пешкаш мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нашр гардид. Ин ташаббус дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуда, зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом интишор ёфт.

Маврид ба таъкид аст, ки қабул ва амалӣ намудани Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар донишгоҳ ҷиҳати рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши нерӯи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки масъулони нашри консепсияи мазкур шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати донишгоҳ маҳсуб ёфта, муҳаррири масъул Дадобоева Нодира ва мураттибон - Ёқубов Саидқаҳҳор, Сатторова Замира, Миршоев Абдушаҳид мебошанд.

Гуфта мешавад, ки Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ сиёсатиягонаи донишгоҳро дарсамти баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дар зинаи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​История русскоязычного населения Худжанда

Книга посвящена истории формирования русскоязычного населения города Худжанда и его округи во второй половине XIX –начало XX вв. Автор монографии представил богатый фактический материал об истории Худжандского владения в период его завоевания царской Россией, о паявлениии первых русских поселенцев в Худжандском уезде Туркестанского края и процессе образования “Русский части” города, о первых очагах европейской культуры в восточном городе.

​Географическая особенность и пути востановления нарушенных земель согдиской области

В монографии изложены механизмы транформации нарушенных земель под воздействием техногенно фактора, установлена роль природнотехногенных процессов, опрелены основные этапы формирования нарушеных земель, особенности их размещения и географическая значение рекльтивационных мероприятий в улучшение геоэкологической обстановки.

​САМТҲОИ АСОСИИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

Монографияи мазкур фарогири масъалаҳои мубрами рақобатнокии хоҷагии кишоварзии кишвар мебошад.

“Рақобатпазирӣ” чун мафҳуми иқтисодӣ дар чор объекти таҳқиқи иқтисодӣ зоҳир мешавад: мол, корхона, соҳа ва кишвар. Ба маънои васеъ дар илми иқтисод рақобатпазирӣ чун қобилияти рақобат дар бозори мушаххас, бо истифода аз бартарии рақобатӣ барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда фаҳмида мешавад. Таносуби рақобат ва рақобатпазириро чун таносуби “истифодабарии иқтидор” тасвир кардан мумкин аст, ки он бештар дар китоби мазкур инъикоси худро ёфтааст.

Муаллифи монография Беҳзод Аллашукуров буда, он дар нашриёти “Нури маърифат” дар ҳаҷми 244 саҳифа нашр шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Ҳалли мисол ва масъалаҳо аз химияи умумӣ ва ғариорганикӣ

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастури методӣ интишор ёфт. Муаллифони дастур дотсентони донишгоҳ - Сабуров Муҳиддин, Ахмедова Замира ва Охунова Умеда маҳсуб меёбанд.

Дар дастур роҳҳои ҳалли машқ ва масъалаҳо аз химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ бо назардошти китоби “Машқ ва масъалаҳо аз химияи умумӣ” гирд оварда шудааст.

Ин дастур фарогири муҳимтарин машқу масъалаҳое мебошад, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, магистрантон, аспирантон, омӯзгорони фанни химия ва кулли дӯстдорони фанни химия пешкаш шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Феҳристи осори нашркардаи устодон

Феҳристи осори нашркардаи устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли 2021 интишор ёфт. Ин иқдом ба хотири роҳнамоӣ ва иттилоърасонии устодону донишҷӯёни ихтисоси гуногун таҳия шуда, дар он шиносномаи асар, чакидае аз муҳтавои асар (аннотатсия), маълумотнома дар бораи теъдоди нашр, ҷузъи чопӣ ва андозаву шакли китоб дарҷ гаштааст.

Феҳриствораи мазкур фарогири маълумоти 144 асар буда, таснифоти он мувофиқи муҳтаво ва сохтори китобҳо амалӣ гаштааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: назария ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ

Дастури таълимии методии мазкур дар асоси стандарти давлатии таълим ва нақшаи таълимии тасдиқгардида таҳия шуда, пеш аз ҳама, ба самти татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш равона шудааст.

Қисми дуюми дастури мазкур аз 10 мавзуъ иборат буда, дар меҳвари умумии худ масъалаҳои тавсифи умумии назариявии тарбияи ҷисмонӣ дар давраҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ, усулу методҳои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ дар ин марҳилаҳо, тақсимбандиву сарборикунии дарс ва монанди инҳоро фаро гирифтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Технологияҳои рушди таълиму тарбия дар шароити таҳсилоти фарогир

Таҳти чунин унвон маҷмўаи мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ, ки аз ҷониби гуруҳи кории лоҳиаи ERASMUS+DECIDE - «Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд» ва Институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмҳои педагогии назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати амалигардонии “Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бахшида ба “Рӯзи огаҳии миллӣ дар Тоҷикистон - 2022” (National Awareness Day of Tajikistan – 2022) аз чоп баромад. Дар он ақидаҳои олимон – нуқсонишсон, таҷрибаи кори муаллимоне, ки бо кӯдакони имконияташон маҳдуди саломатӣ дошта фаъолият доранд, дар шакли мақола гирд оварда шудааст. Дар маҷмӯҷ 30 мақолаҳои мутахасисони соҳа ва коршиносуну муҳаққон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон гирд оварда шуда, ба масъалаҳои таълиму тарбия ва ташкили корҳои ислоҳии кӯдакони имконияташон маҳдуди саломатӣ дошта бо истифода аз технологияи муосир пешниҳод гардида, баъзе роҳҳои беҳдошти таълиму тарбия ва корҳои ислоҳнамоӣ – солимгардонӣ шарҳ дода шудааст. Дастури таълимию методии мазкур барои нуқсоншиносон, донишҷӯён, муаллимону мураббиёни мактаб – интернатҳои махсус, ва волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуди саломатӣ дошта кўмак мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки дастури мазкур бо дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS + DECIDE – “Беҳтаргардонии хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” бахшида ба конфронси “Рӯзи огаҳии миллӣ дар Тоҷикистон – 2022 оид ба шахсони имконияташон маҳдуд” (National Awareness Day of Tajikistan – 2022 about people with disabilites) рӯи чоп омадааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Асосҳои назариявии таснифи хатарҳои геологӣ дар нишебиҳо

Монографияи мазкур фарогири масъалаи доманадори асосҳои назариявии таснифи хатарҳои геологӣ буда, дар он кӯшиш рафтааст, ки мавқеъ ва андешаву ақидаҳои мутахассисони ватаниву хориҷии соҳаи таснифкунии ҷараёнҳои гравитатсионӣ дар марҳилаҳову давраҳои мухталиф таҳлил ва баррасӣ гарданд.

Омӯзиши хатарҳои геологӣ ва ҷараёнҳои гравитатсионӣ дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии офатҳои табиӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 164 аз 30-юми марти соли 2010 тасдиқ шудааст, таълиф гардидааст.

Муаллифи монография Абдураҳимов Садриддин буда, дар нашриёти “Нури маърифат” дар ҳаҷми 326 саҳифа интишор шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Физикаи атом ва ядро

Ин унвони китоби тозанашр мебошад, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби устодон Муртазоев, Раҳматов ва Отаҷонов нашр гардидааст.

Дастури мазкур бо назардошти барномаи таълимии ихтисосҳои физика, физика-математика, физика-информатика, таълими касбии (радиоэлектроника) таълиф шудааст.

Хонанда зимни омўзиши ин фан ба муҳимтарин хосиятҳои сохти атом, заминаҳои физикии ба вуҷуд омадани хосиятҳои мавҷӣ – корпускулавии микрообъектҳо; атоми ҳидроген аз нуқтаи назари механикаи квантӣ; сохтори қабатҳои электронии атом; нурҳои рентгенӣ; ядрои атом ва таркиби он; энергияи бандиши ядро; ҳодисаи радиоактивият; коҳишҳои радиоактивӣ; порашавӣ ва синтези ядро; элементҳои трансуранӣ; энергетикаи ядроӣ шинос мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Камолоти санъати миллии тоҷик

Таҳти ин ном дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби тоза нашр гардид. Муаллифи китоби мазкур Набиев Ваҳҳоб, профессори кафедраи таърихи Ватани факултети таърих ва ҳуқуқ маҳсуб меёбад.

Асари мазкур фарогири комёбиҳои Даҳаи нахустини санъати тоҷик дар Москва мебошад. Инчунин дар асари мазкурфеҳристи осори нашршудаи профессор Набиев Ваҳҳоб, ки дар Москав чоп гардидааст, гирдоварӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Инноватсия ва истифодаи он дар таълими география

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастури таълимӣ-методӣ нашр гардид. Дастури мазкур фарогири методҳои гуногуни инноватсионӣ буда, муаллифони он омӯзгорони донишгоҳ Каримова Мадина, Усмонзода Бахтиёр, Сангинов Мирзосодиқ ва Нурматов Шодмон мебошанд.

Дар доираи дастур мавзуъҳои гуногуни вобаста ба фанни география, аз ҷумла асосҳои назариявии технологияи инноватсионӣ, фаъолияти тадқиқотӣ дар таълими география, технологияи омӯзиши проблемавӣ дар раванди таълим, муҳити таълимӣ дар дарси мазкур, экскурсияи географӣ, истифодаи асбобҳои аёнӣ, омӯзишӣ ҳамфаъол (интерактивӣ) дар таълими география мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аз ҷониби муаллифони дастур роҳҳои беҳтар намудани сифати таълими география нишон дода шуда, он барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёну таҷрибаомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣтавсия мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Критическое мышление: проблемы и поиски​

В данное пособие, вошли лекции, презентации сертифицированных специалистов Таджикской Ассоциации критического мышления, ведущих философов имеющие большой опыт в проведении международных семинаров и необходимые материалы для для лучщей организации и проведении занятий. Здесь собраны лекции некоторых преподавателей, участников двух пятидневных семинара прошедших в Худжандском государственном университете. Это можно сказать итог деятельности рабочей группы проекта «Формирования критического мышления: проблемы и поиски». В пособии рассматриваются аспекты планирования, подготовки, презентации материала, создания среды для развития критического мышления, процесс совместного обучения стратегиям и приципам критического мышления. Пособие рекомендовано для преподавателей высших учебных заведений, средных общеобразовательных школ области и для лиц, знакомых с программой развития критического мышления через чтения и письма.


​Ҳусни баён

Таҳти ин ном дастури таълимии нав интишор ёфт, ки мураттиби он профессори кафедраи забони тоҷикӣ Абдуҷамол Ҳасанзода мебошад.

Ин дастур бори аввал ба ин шакл таҳия гардида, барои фанни ҳусни баён, ки донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои факултети филологияи тоҷик меомӯзанд, пешбинӣ шудааст. Маводи дастурро ба ду бахш ҷудо намудан мумкин аст: дар бахши аввал дар бораи мафҳуми ҳусни баён, шарҳи ҳусни баён аз нигоҳи донишмандони асримиёнагӣ, саҳми Пешвои миллат дар рушду густариши ҳусни забони шевои тоҷикӣ ва ғ. баҳс шуда, дар бахши дуввум саҳву лағзишҳое, ки дар натиҷаи надонистани қоидаҳои дастури забони тоҷикӣ рух додаанд, маънидод гардидаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Иқтисодиёти технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ

Таҳти унвони “Иқтисодиёти технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ” дастури таълимӣ нашр шуд. Муаллифи он Сайдуллоев Умедҷон, мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии донишгоҳ маҳсуб меёбад.Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ талаботи давру замон буда, марҳилаи навбатии рушди мамлакат маҳз дар шароити низоми иттилоотии ташаккулёфта имконпазир мегардад. Хадаф аз таълифи дастури таълимии мазкур роҳандозӣ намудани унсурҳои асосии Стратегияи миллии рушд, яъне рушди иқтисоди миллӣ бо роҳи азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии нав ва ҷалби технологияҳои навин ё худ инноватсионӣ унвон мешавад. Муҳтавои дастур масъалахои асосҳои назариявии иқтисодиёти технологияҳои телекоммуникатсонй, намудҳои асосии система, вазъи имрӯз ва дурнамои рушди технологияҳои телекоммуникатсионӣ дар кишвар ва стратегияи рушди он, сармоягузорӣ дар соҳа, ҳолати даромаднокии ширкатҳо, хусусиятхои бозори телекоммуникатсия ва низоми назорати сифати онҳо ва умуман таҳлилу баррасии иқтисодии фаъолияти ширкатҳои телекоммуникатсионии муосир дар кишварро фаро гирифтааст.

Дастур ҳамчун маводи таълим ба донишҷӯён, аспирантон, унвонҷуён ва дигар алоқамандони соҳаи иктисодиёт ва телекоммуникатсия тавсия мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Амалияи анализи математикӣ

Таҳти ин унвон китоби тозанашр - воситаи ёрирасони таълим интишор гардид. Муаллифи он номзади илмҳои физика-математика, дотсент, мудири кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов Воситова Дилором маҳсуб меёбад.

Воситаи таълимӣ барои омӯхтан ва ҳал кардани мисолҳо аз анализи математикӣ (қисми якум) омода карда шудааст. Дар он маълумотҳои назариявӣ оид ба маҷмӯъҳо, функсияҳо, пайдарпайиҳо, ҳудуди пайдарпайиҳо ва функсияҳо, ҳосила, дифференсиал ва татбиқи ҳосила бо таври мухтасар ҳамчун маводи ёрирасон оварда шудааст. Намунаи ҳалли мисолҳо оид ба мавзуъҳои мушаххас оварда шуда, дар охири ҳар мавзӯъаз сарчашмаҳои гуногун супоришҳо барои корҳои мустақилона ҷамъ оварда шудааст.

Дастури мазкур барои донишҷӯён ва дигар алоқамандон дар раванди омӯзиш ва ҳалли мисолу масъалаҳои анализи математикӣ ҳамчун раҳнамо хидмат карда метавонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография

Бо чунин ном дар донишгоҳ китоби тоза нашр шуд. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифи донишгоҳ, магистрантон, омӯзгорони ҷавон пешбинӣ шудааст.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, давлати соҳибҳуқуқ, демокративу дунявӣ эълон гардидани он, гузаштан ба иқтисоди бозоргониву пешгирифтани сиёсати самараноки демографӣ зарурияти бо донишҳои географӣ ва демографӣ мусаллаҳ намудани мутахассисони оянда ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, таълими географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография дар факултетҳои ғайригеографии донишгоҳ баҳри омӯзонидани назарияи илми географияи иқтисодӣ - иҷтимоӣ, принсипҳои ҷойгиркунонии самараноки истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолкунанда, баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои табиии кишвар, вазъи демографӣ ва таъсири он ба пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сохтори соҳавии хоҷагии халқ, саноат ва хоҷагии қишлоқ имконияти васеъ хоҳад дод.

Муаллифи китоби мазкур Мавлуда Ҷӯраева ва Муаззама Илҳомзода буда, мутолиаи он ҷиҳати пайдо намудани дониши географӣ ва демографӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ): маърифат ва ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдак

Таҳти ин унвон бахшида ба “Рӯзи огаҳии миллии шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон” дар нашриёти “Меъроҷ” маҷмӯи мақолаҳо рӯи чоп омад.

Дар маҷмўи мақолақои таълимию методии мазкур, ки бо дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+DЕСIDE - «Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд» тартиб дода шуда, дар он ақидаҳои олимон – нуқсонишсон, таҷрибаи кори муаллимон ва мураббиёне, ки бо кӯдакони имконияташон маҳдуди саломатӣ дошта фаъолият доранд, дар шакли мақола гирд оварда шудааст. Дар он масълаҳои таълиму тарбия, инкишофи хусусиятҳои зеҳнӣ ва ташкили корҳои ислоҳии кӯдакони имконияташон маҳдуди саломатӣ дошта бо истифода аз технологияи муосир пешниҳод гардида, баъзе роҳҳои беҳдошти таълиму тарбия ва корҳои ислоҳнамоӣ-солимгардонӣ шарҳ дода шудааст. Дастури таълимию методии мазкур барои нуқсоншиносон, муаллимону мураббиёни мактаб-интернатҳои махсус, хонандагон ва волидайни бачагони имконияташон маҳдуди саломатӣ дошта кўмак хоҳад расонд.

Дастури мазкур дар доираи лоиҳаи ERASMUS + 598661-EPP-1-2018-1-ROEPPKA2-CBHE-JP «Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд» - «DECIDE» таҳия шудааст.

Маҷмӯаи мазкур ба мутахассисони соҳа ва алоқамандони илм тавсия дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Шабакаҳои мултисервисӣ

Таҳти унвони «Шабакаҳои мултисервисӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастури таълимӣ – методӣ интишор шуд.

Дастури таълимии мазкур дар асоси барномаи таълимии фанни “Шабакаҳои мултисервисӣ” ё худ бисёрхизматрасонӣ таҳия гардидааст.

Дар дастури мазкур доир ба масъалаҳои системаи идоракунӣ дар шабакаҳои мултисервисӣ, пахши маҷмӯи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар шакли рақамӣ, таснифоти хизматрасониҳо, шартномаи дутарафа оид ба хизматрасониҳои мултисервисӣ, нишондиҳанда ва индикаторҳои хизматрасониҳои босифат ва умуман хизматрасониҳои гуногунҷабҳаи шабакаҳои мултисервисӣ маълумот дода шудааст.

Муаллифи дастури мазкур номзади илмҳои иқтисодӣ Сайдуллоев Умедҷон маҳсуб ёфта, барои донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва дигар алоқамандони соҳаи телекоммуникатсия пешбинӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Муқаддимаи диншиносӣ

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби тоза интишор ёфт, ки ҷиҳати таҳкими дониши динии донишҷӯён нақши муассир мегузорад.

Муаллифони китоб мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дотсент Абдунаим Бердишукуров, устодон - Қорихонов Саидваққосхон ва Ҷӯраев Манучеҳр мебошанд.

Китоби тозанашр фарогири масоили муҳими илми диншиносӣ буда, дар он шуруъ аз мафҳум ва моҳияти дин то анвои динҳои ҷаҳон ва таълимоти асосии он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Китоби мазкур бо назардошти зарурияти саводи динӣ дар раванди бадалшавии идеологияҳо ва шиддат ёфтани муборизаҳои сиёсӣ бо истифода аз нуфузи дин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҷомеа таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, ки китоби мазкур ба хонандагони макотиби миёна, донишҷӯён, омӯзгорон ва алоқамандон тавсия мешавад.

Пайдо намудани маълумоти илмӣ дар бораи дин, шинохти дурусти дин ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ ҳадафи нашри китоб унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки китоби мазкур ҷиҳати даст ёфтан ба дониши мукаммал ва маълумоти аниқу саҳеҳ вобаста ба илми диншиносӣ барои хонандагон хидмати арзишманд анҷом медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ

Дар нашриёти “Ношир” китоби дарсӣ таҳти унвони “Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ” рӯи чоп омад. Дар китоб аёниятҳо оид ба назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ дар шакли дастрас барои омӯзиши мустақилона пешниҳод карда мешаванд. Муаллифон дар назди худ мақсад гузоштаанд: «камбудиҳо»-и офаридашударо аз ҷиҳати визуалӣ баён намудани нуктаҳои асосии назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, мустаҳкам намудани аппарати контсептуалии онро пур кунанд.

Китоб дар ҳаммуалифии Мирзобек Шобеков - профессори кафедраи иқтисод ва идоракунии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Сафарбек Дӯстов –директор ва муассиси ҶДММ «Consultant Audit» ва дотсетони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Абдураҳимов А. мураттаб гардидааст.

Маводи китоби дарсӣ ба талаботи барномаҳои курси «Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ» ва бахши якуми курси «Баҳисобгирии муҳосибӣ» аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ мувофиқ аст.

Китоб Барои донишҷӯён, магистрон, аспирантхо, муаллимони мактабҳои олӣ, шунавандагони курсҳои тайёр кардани муҳосибҳо ва кормандони шуъбаи иқтисодиёти корхонаҳо пешниҳод шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳл

Баҳисобгирии муҳосибӣ

Вобаста ба соҳаи иқтисодиёт дар донишгоҳ дастури таълимӣ-амалии нав интишор гардид, ки “Баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисобдиҳӣ ва андозбандӣ дар корхонаҳои хурд” унвон дорад.

Муаллифи дастур Абдураҳимов Абдуғаффор буда, он дар нашриёти “Ношир” аз чоп баромадааст.

Дастури таълимию амалӣ барои омӯ­зиши фанни асосҳои бахисобгирии муҳос­ибиӣ, ҳисоботдиҳиӣ ва андозбандӣ, барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, муаллимон, инчунин муҳосибон, роҳбарони корхонаҳои хурд ва худомузон пешниҳод карда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Таҳти унвони “Сабадбофӣ” китоби тоза нашр шуд

Дар донишгоҳ боз як китоби нав интишор ёфт, ки “Сабадбофӣ” ном дорад. Дар ин китоби дарсӣ оид ба таърихи инкишофи ин ҳунар, асбобҳои истифодашаванда дар раванди кор ва пайдарпайии намудҳои бофтани сабад ва дигар мавзуъҳо ба тарзи назариявӣ ва амалӣ оварда шудааст.

Муаллифони китоб доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва технология Азизов Абдулатиф ва устодон Аҳадов Файзулло, Азизов Шерзод ба ҳисоб мераванд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, донишҷӯёни ихтисосҳои соҳавии донишгоҳҳои омӯзгорӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва роҳбарони маҳфилҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Эконометрическое моделирование прогнозирования курса валюты

Монография посвящена теоретическим и прикладным аспектам моделирования прогнозирования валютного курса. Изучены особенности отечественного и зарубежного опыта определения и прогнозирования курса валюты. Обоснованы направления совершенствования методов и алгоритмов прогнозирования курса валюты и разработки обоснованных торговых стратегий. Представлены разработанные методы и алгоритмы и обоснованы их превосходство по точности прогнозирования.

Автор монографии является дотсент Домуллоҷонов. Монография ориентирована на широкий круг читателей, руководителей и специалистов финансовых учреждений, научных работников, переботелей, аспирантов, магистрантов и студентов старших курсов.

Применение солнечной энергии

Монография описывает применение солнечной энергии в народном хозяйстве. Рассмотрены установки для получения низкопотенциальной теплоты за счёт солнечной энергии, обеспечивающие экономию топливно – энергетических ресурсов. Основное внимание удалено конструкциям солнечных коллекторов, методам расчёта гелиоустановок, используемых в системах отопления и горячего водоснабжения, влиянию различных факторов на энергетические характеристики систем солнечного теплоснабжения.

Изложены вопросы их технико – экономического анализа и оптимизация основных параметров и базовые принципы построения систем и установки возобновляемых источников энергии - энергии солнца.

Автор монографии является Домуллоджонов. Монография предназначается студентам, бакалаврам, магистрантам и научных работников специализирующих в области энергетики.

Тозанашр: Самараи истиқлол

Таҳти унвони “Самараи истиқлол” зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода китоби тоза интишор гардид.

Дар китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳои илмиву оммавии устодони донишгоҳ гирд оварда шудааст. Ин иқдом бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Муҳаррирони масъули китоб доктори илмҳои филологӣ Насимҷон Ҳамробоев ва номзади илмҳои фалсафа Фаридун Ҳодибоев буда, мусаҳҳеҳони он мутахассисони Маркази иттилоот ва таҳлил – Шодмон Нурматов, Мафтуна Исмоилова ва Сорбон Амаков маҳсуб меёбанд.

Маҷмӯаи мазкур барои кураторони гурӯҳҳои академӣ, устодону донишҷӯён, сиёсатшиносону муаррихон, фарҳангшиносон, иқтисодчиён ва дигар алоқамандон тавсия мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Китоби нав бо номи “Амнияти ҷомеа” интишор гардид

Таҳти унвони “Амнияти ҷомеа: Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ” китоби тозанашр рӯйи кор омад. Китоб фарогири маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони риштаҳои ҷомеашиносӣ, коршиносони сиёсӣ ва амнияти ҷомеа мебошад, ки дар онҳо масоили шева ва усулҳои навини муқовимат бо ифротгароӣ ва зӯроварӣ, аз ҷумла нақши арзишҳои миллӣ ва динӣ дар пиёда сохтани тарҳҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шудаанд.

Ҳамзамон, равишҳои муфид ва муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, боло бурдани сатҳи маърифати насли наврас чун усули муҳими тақвияти муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб аз дидгоҳи коршиносон ва олимони ҷомеашинос ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.

Китоб аз ташаббусҳои аввалин дар анҷом додани тарҳи нашри силсилавии “Амнияти ҷомеа” буда, мутолеаи он ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Гуфта мешавад, ки нашри китоби мазкур минбаъд идома ёфта, ҳамчун анъанаи муфид ҳамасола амалӣ хоҳад шуд.

Хотиррасон менамоем, ки ин иқдом дар партави дастури ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуда, мураттибони китоб масъулини Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ маҳсуб меёбанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Назарияи умумии омор

Чунин ном дорад китоби дарсии тозанашр, ки таҳти муаллифии Абдураҳмон Қодиров аз чоп баромад.

Китоби дарсӣ ба донишчуёни мактаб­ҳои олии иқтисоди пешкаш гардида, дар он дар бораи таърихи пайдоиши фанни омор, назарияи умумии омор ва корҳои оморӣ ба таври муфассал сухан рафтааст.

Китоб аз се қисм иборат буда, дар кисми аввал таърихи ба вучуд омадани корхои оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи хозира баён гардидааст.

Дар кисми дуюм дар бораи асосҳои на­зар­ияи умумии омор ва дар қисми сеюм мас­ъа­лаҳои ташкили корҳои оморӣ дар соҳаҳои мухталифи иктисодиёти хоҷагии халки мам­лакат мавриди таҳқиқ карор гирифта­аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Арҷномаи устодони таърихнигор

Чунин ном дорад китоби тозанашр, ки маҷмӯи мақолотро роҷеъ ба зиндагӣ ва хидматҳои шоистаи таърихнигорон дарбар мегирад. Мураттиби китоби мазкур доктори илмҳои таърих Аюб Усмонов мебошад.

Китоб фарогири мақолаҳо доир ба фаъолияти илмиву таълимии устодони зиндаёди факултети таърих ва ҳуқуқи муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров» буда, аз рӯзгору осори ибратомӯзи чеҳраҳои равшани таърихнигории муосири тоҷик ҳикоят мекунад. Ин китоб ба дониш­ҷӯёну аспирантон, магистрантону докто­рантон, муҳаққиқону муаллимони фанни таърих ва тамоми иродатмандони таърихи халқи тоҷик пешниҳод мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Луғати мафҳумҳо ва истилоҳоти таърихӣ

Таҳти ин унвон китоби тозанашр оид ба истилоҳоти таърихӣ рӯйи кор омад, ки мураттибони он профессор Ҷамшед Ҷӯразода, Ҷумъа Ҳомидов ва Ҷӯрабек Исомитдинов мебошанд.

Луғати мафҳумҳо ва истилоҳоти таърихӣ барои донишҷўёни факултетҳоитаърих пеш­бинӣ шудааст. Омўхтани истилоҳоти таъри­хӣ, дарки маънои мафҳумҳо баҳри азбар наму­данибарномаитаълимии фанҳои таърих му­сои­дат мекунад. Мураттибон кўшиш намуда­анд, ки дар асоси луғатҳои мухталиф, фарҳанг­ҳо,донишномаҳо ва асарҳои илмиву таълимӣлуғати мазкурро аз рўи алфавит таҳия намоянд. Луғатро дар намуди дастури таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона истифода бурдан мумкин аст.

Луғат барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешбинӣ мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр оид ба назми классикии форсу тоҷик

Таҳти унвони “Тавсиф ва масъалаҳои танзими фарҳанги тавсифоти назми классикии форсу тоҷик” китоби тоза нашр гардид, ки ба қалами номзади илмҳои филологӣ Шарифҷон Тоҷибоев мутааллиқ аст.

Рисола ба таҳқиқи яке аз воситаҳои тасвиру баён-тавсиф бахшида шуда, сайри таърихӣ,дараҷаи омӯзиш, анвою роҳҳои истифода, арзиши бадеиву ғоявӣ, имко­но­ти тасвирию экспрессивӣ ва услубиву семантикии он дар мисоли маводи назми классикии форсу тоҷик, хоса «Шоҳнома»-и Абул­қосим Фирдавсӣ баррасӣ гарди­да­аст. Зимнан дар китоби мазкур масоили танзими фар­ҳан­ги тав­сифоти назмиклассикии форсу тоҷик, зару­ра­ту аҳамият ва принсипҳои таснифион мавриди чашм­ан­­дози илмӣ қарор ёфтаанд.

Асар барои мутахассисону алоқа­ман­дони таъ­ри­хи адаби форсу тоҷик ва донишҷӯёни риштаҳои фи­ло­ло­гии мактабҳои олӣ пешниҳод мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Муаммоҳои физикаи муосир

Таҳти номи “Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонииҶумҳурии Тоҷикистон” китоби ҷадиде интишор гардид, ки дар он маводи конференсияи ҷум­ҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои таби­атшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар со­ҳаи илму маориф” гирд оварда шудааст.

Дар маҷмӯа беш аз сад мақолаҳои илмии олимон ва омӯзгорони ватаниву хориҷӣ ҷой дода шуда, мавзӯи баҳси онҳо асосан муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои рушди самтҳои мухталифи илмҳои дақиқ, махсусан, физика ва татбиқшавии он дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷмӯа барои омӯзгорон, муҳаққиқон вадигар алоқамандон судманд мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр

Таҳти номи “Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонииҶумҳурии Тоҷикистон” китоби ҷадиде интишор гардид, ки дар он маводи конференсияи ҷум­ҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои таби­атшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар со­ҳаи илму маориф” гирд оварда шудааст.

Дар маҷмӯа беш аз сад мақолаҳои илмии олимон ва омӯзгорони ватаниву хориҷӣ ҷой дода шуда, мавзӯи баҳси онҳо асосан муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои рушди самтҳои мухталифи илмҳои дақиқ, махсусан, физика ва татбиқшавии он дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷмӯа барои омӯзгорон, муҳаққиқон вадигар алоқамандон судманд мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Паёми навраҳони илм

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик барои мусоидат намудан дар пешрафти корҳои илмӣ, тарбияи ҷавонони пажӯҳишгар ва ҳавасманд гардонидани онҳо нашри китоби “Паёми навраҳони илм” ба роҳ монда шуд, ки дар он мақолаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон ва магистрантон нашр гардид. Китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида шуда, натиҷаи ҷустуҷӯҳои илмии навраҳони илм мебошад. Маҷмӯаи мақолаҳо фарогири масъалаҳои филологӣ, педагогӣ, таъриху фалсафа, физикаву техника буда, зери таҳрири профессорон Х.Сабурӣ, М.Мирзоюнус, Н.Файзуллоев, З.Ӯлмасова ва муҳарририи дотсент Аъзамов С. дар нашриёти “Ношир” аз дасти чоп баромад.

Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Луғати истилоҳоти соҳаи экспертизаи тибби судӣ

Дар нашриёти “Нури маърифат” луғати мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти соҳаи экспертизаи тибби судӣ интишор гардид. Дар луғатнома, пеш аз ҳама,истилооти наву тозаи соҳаи экспертизаи тибби судӣ ва вожаҳои соҳаи илми ҳу­қуқ­шиносӣ, криминалис­тика ҷамъоварӣ шуда, истилоҳҳо нисбатан васеъ маъникушоӣ гардидаанд.

Муаллифони китоб Ҷўрабоев А.А., Ғаниев Ф.И. маҳсуб ёфта, дар ҳаҷми 156 саҳифа, андозаи А5 чоп шудааст.

Луғати мазкур барои кори экспертони тиб­би судӣ, му­фат­тишон, табибон, устодон ва донишҷӯёни дониш­гоҳ­ҳои тиббӣ, ҳуқуқши­носӣ, ҳимоячиён муфид буда, ба кулли алоқамандон тавсия мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Саразм – ганҷинаи тиллоии тамаддуни тоҷикон

Ин номи китоби тозанашр мебошад, ки устодони донишгоҳ - Шавкат Шарипов, Иброҳим Ҷабборов ва Ҷамолиддин Абдукаримов мураттаб намудаанд.

“Саразм – ганҷинаи тиллоии тамаддуни тоҷикон” маҷмӯи мақолаҳои муаррихон, муҳаққиқон, олимони ҷавонро бахшида ба ҷаш­ни 5500–солагии Саразми бостонӣ дар­бар гирифта, ҷанбаҳои гуногуни ин ёдгории нодирро ҳамчун маркази ташаккули тамад­дуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон инъикос менамояд.

Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Тозанашр: "Суханшиноси ҷавон"

Таҳти ин унвон шумораи дуюми маҷмӯаи илмӣ, ки ба 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «700-солагии Камоли Хучандӣ» бахшида шудааст, интишор гардид. Маҷмӯаи мазкур натоиҷи ҷустуҷӯҳон илмии олимони ҷавони соҳаи гуманитарии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академие Бобоҷон Ғафуров мебошад. Мақолаҳон илмӣ марбут ба масъалаҳои филологӣ, педагогӣ ва таъриху фалсафа мебошад. Китоб барон магистрантон ва донишҷӯёни ин соҳа муфид аст.

Маврид ба зикр аст, ки мурат­тибони маҷмӯаи мазкур Мӯтабархон Бобоева ва Гулзира Ҳакимова буда, дар нашриёти “Нури маърифат” аз чоп баромадааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Обыкновенные дифференциальные уравнения специального типа с особой точкой разного порядка и их применения

Авторы: Раджабов Н.-академик НАН Республики Таджикистан, доктор ф.-м.н., профессор кафедры математического анализа и теории функций ТНУ, Олими А.Г. к.ф.-м.н., доцент кафедры математического анализа ХГУ им. академика Б.Гафурова, Дадоджанова М.Я.- к.ф.-м.н., доцент, заведующая кафедрой высшей и прикладной математики ХГУ им. академика Б. Гафурова.

В монографии для некоторых обыкновенных дифференциальных уравнений специального типа со слабо сингулярной, сингулярной или сверх сингулярной точкой в зависимости от расположения особой точки найдено интегральное представление общего решения. Результаты применены к изучению линейных обыкновенных дифференциальных уравнений второго порядка с сингулярной или сверх сингулярной точкой. Полученные формулы общего решения применены к изучению поведения решений уравнений в окрестности особых точек, а также выяснению постановки и нахождению явного решения соответствующих задач типов Коши- Рикье, Коши и линейного сопряжения.

​Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ

Таҳти ин унвон маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ дар нашриёти “Ношир” интишор гардид. Китоб аз мақолаҳои илмии олимони ва­таниву хориҷӣ перомуни рўзгор, осор, назару андеша ва фалсафаи намояндаи адабиёти асри XIV, суханваритавонои тоҷик Камолиддин Муҳаммад Масъуд, маъруф ба Шайх Камоли Хуҷандӣиборат мебошад. Муаллифони мақолот кўшиш ба харҷ додаанд, саҳифаҳои нокушудаи китоби рўзгори шоирро ба рўи хонанда боз намоянд ва аз падидаҳои ҳунарӣ, фалсафаи амиқ, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ин шахсияти нодири таърихӣ изҳори назар намоянд.

Китоб ба доираи васеи хонандагон равона карда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Разрешимость эллиптических систем в функциональных пространствах

Учебное пособие состоит из трёх глав и 15 параграфов. Оно посвящено вопросам разрешимости вещественных и комплексных систем уравнений с частными производными эллиптического и гиперболического типа в различных функциональных пространствах, таких как пространство Шварца, Гёльдера и др. В пособии изложены результаты исследований по вопросам нётеровости эллиптических систем в гёльдеровых пространствах, принципа экстремума и периодических решений эллиптических систем.

Учебное пособия будет полезно студентам, аспирантам, докторантам и магистрантам, занимающимися вопросами нелокальной разрешимости систем уравнений и частными производными и комплексного анализа. Оно может быть использовано при чтении специальных курсов.

Информационно-аналитический Центр

​Устоди хирадоин ва муаррихи фозил

Таҳти ин унвон маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 75-солагии зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Ғаф­форов интишор гардид. Маҷмӯаи мазкур дар нашриёти “Нури маърифат” аз чоп баромадааст.

Маҷмӯаи мазкур фарогири мақолаҳои илмӣ, санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолият, феҳристи асарҳои нашршуда, номаҳои шодбошӣ буда,ба75-солагии зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонxон Fаффоров бахшида шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Технологияи компютерӣ дар омӯзиши фанни физика

Чунин ном дорад китоби тозанашр, ки дар матбааи “Нури маърифат” чоп шудааст.

Дар васоити таълими мазкур яке аз масъалаҳои ҷузъ­ии технологияи информатсионӣ – татбиқи барно­ма­ҳои компю­терии математикӣ нисбат ба омӯзиши фан­­­ни физика мавриди таҳқиқ қарор дода шуда,таф­си­ри корҳои хатми бакалав­риат ва магистрантҳо оид ба истифодаи техноло­гияи компю­терӣ дар омӯзиши фанни физика оварда шудааст.

Васоити таълими мазкур барои донишҷӯён ва ма­гис­трантон дар омодасозии корҳои курсӣ, рисолаҳои тахассусии хатм тавсия карда мешавад. Дар он оид ба технологияи информат­сонии муосир, роҳҳои истифо­даи он дар таълим, барномаи математикии Маткад, Ҳал­ли масъалаҳо аз физика дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, коркарди таҷрибаи физикӣ маълумоти му­фассал оварда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: “Психиологияи муошират”

Таҳти унвони “Психиологияи муошират” китоби тозанашри муаллифон – Ҳусайн Зайтметов ва Луфов Мансур интишор гардид.

Китоби мазкур таълимӣ буда, дар он қонуниятҳои инкишоф ва рушди психологияи муошират мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин дастури таълимӣ - методӣ бо назардошти равоншиносии назарӣ ва амалии ҷаҳонӣ ташаккул ва ҷараёни марҳилаҳои гуногуни фаъолияти инсон дар раванди муошират, сохти психологияи муошират ва қонуниятҳои муошират дар фаъолияти педагогии омӯзгорон муайян гардидааст.

Бино ба иттилои Ҳусайн Зайтметов дар китоб инчунин ҷадвалҳо, тестҳои психологӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, саволҳои кори мустақилона ва супоришҳои КМД ҷой дода шудаанд, ки барои амиқтар аз худ намудани мафҳумҳои асосии назариявӣ аз тарафи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Гуфта мешавад, ки дастур барои донишҷўёни донишгоҳҳои омўзгорӣ, равоншиносон, педагогҳо ва барои онҳое, ки ба омўзиши масъалаҳои психологияи муошират шавқманд ҳастанд, тавсия мешавад.

Дар назар аст, ки китоби мазкур бо назардошти талаботи бештар такроран бо теъдоди бештар чоп шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Освещение политической жизни Таджикистана на страницах периодической печати России (1990-1995 гг.)

Данная монография была написана в 90-ые годы прошлого сто­ле­тия по горячим следам, автор которой является Р.М.Бободжанова.

С тех пор многое изменилось, но неизменными остаются такие понятие как мир, стабиль­ность, национальная самосознание, построение и укрепления светского, демократического право­вого государства Таджикистан.

В данной монографии анализирована поли­ти­ческая ситуация в Таджикистане после при­обре­тения независимости глазами российских журналистов. Автор попыталась по горячим следам восстановить хронику событий в Таджи­кистане, определить геополитические интересы вовлеченных стран в внутриполитическую жизнь, показать насколько был хрупок дос­тиг­нутый мир в стране, какие усилия были необ­ходимы для дости­­жения мира и устойчивости. Монография предназначена для широкой аудитории.


Информационно-аналитический центр

​Асосҳои касбинтихобкунӣ

Чунин ном дорад дастури методии тозанашр, ки муаллифи он Азизов буда, дар нашриёти “Нури маърифат” ба чоп расидааст.

Дастури методии мазкур ба таҳлилу баррасии як бахши муҳимми мавзӯи рушди шах­сият бахшида шуда, ҳадафи он шинос намудани хонанда бо асосҳои касбин­тихоб­кунии муосир мебошад. Зеро интихоби воқеии касбӣ, хусусан дар синни наврасӣ ба худ хос муаммову мушкилот дорад. Чун наврас ҳанӯз омода нест, ки тамоми паҳлуҳои зиндагии ояндаи худро пурра дарк кунад, аз ин рӯ, ӯ дар ин марҳила ба машварату дастгирии калонсолон (психологҳо, омӯз­го­рон, падару модарон ва кул­ли ҷомеа) ниёз дорад.

Дастур барои до­ниш­ҷӯён, омӯз­горони ҷавон ва дигар алоқамандон ҳамчун маводи методӣ пешниҳод мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​ТОЗАНАШР: АЗ БЕДИЛ ТО ИМРӮЗ

Ин номи китоби тозанашри Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ мебошад, ки маҷмуаи мақо­ла­ҳоро роҷеъ ба шеъру андеша, сабки сухани Бедил ва бедилшиносӣ фаро гирифтааст.

Маҷмӯаи мазкур аз 296 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Нури маърифат” чоп шудааст.

Маҷмӯа фарогири мақолоте мебошад, ки давоми солҳои мух­талиф муаллиф роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни шеър, анде­ша­ву афкори Бедил ва бедилшиносӣ, мактабҳои шарҳнависӣ ва бе­дилхонӣ дар Фароруд, нусхаҳои хаттии шуруҳи девони шоир дар китобхонаҳои ҷаҳон, таъсирпазирии суханвар аз шоирони пешин ва таъсиргузорӣ ба шоирони баъд аз худ то замони муо­сир ба қалам омадаанд. Ҳамзамон ба маҷмӯа як пешгуфтор ба ки­тоби гузидаи ғазалиёти Бедил, ки бо эҳтимоми Анҷумани дӯстдорони Бедил нашр гардидаст, инчунин шарҳи як байти шоир ҳамроҳ шудааст. Китоб ба доираи ва­сеи хонандагон манзур мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: Армуғони наврўзӣ

Дар арафаи Наврўзи оламафрўз хабар расид, ки асари нави номзади илмҳои филология, дотсент, декани факултети забонҳои шарқ Исломҷон Раҳимов таҳти унвони «Ҷустуҷўҳо дар фарҳанги мардуми Хуҷанд» дар нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе, дар ҳаҷми 13 ҷузъи чопӣ ба нашр расид. Дар арафаи Наврўз чоп гаштани ин китоб ҳам рамзӣ аст, зеро бахши якуми ин китоб «Нигоҳе ба ҷашнҳои анъанавии ниёгон» ном дошта, фарогири мақолаҳо доир ба ҷашнҳои Наврўз, Сада, Тиргон ва Сайри гули лола ва дигар ҷашнҳои анъанавӣ мебошад. Ба назар мерасад, ки аксари ин мақолаҳо дар такя ба фарҳанги мардумии Хуҷанд таълиф гаштаанд.

Бахши дуюми китоб «Роҷеъ ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ» ном дошта, доир ба таърихи китобдорию китобсозӣ, ҳавздории ниёгон, тарфгарӣ ва оши палав дар осори С.Айнӣ, таронаҳои мардумии Хуҷанд, суратҳои фалакӣ дар ашъори шоирони форсу тоҷик баҳс мекунад. Ин бахши китоб бештар ҷанбаи илмӣ дошта, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии муаллифро инъикос кардаанд.

Бахши сеюми китоб бошад, «Донишу таҷрибаи суннатӣ» ном дорад. Дар ин бахши китоб мақолаҳои илмӣ-оммавии И.Раҳимов доир ба таърихи атлас, таърихи истифодабарии харбузаву тарбуз, зардолу, оши кичирӣ ва фарҳанги беҳдоштии мардум ҷой дода шудаанд. Гарчанд ки ба назар мақолаҳо публисистӣ метобанд, аммо бо мутолиаи китоб дарк кардан мумкин аст, ки муаллиф барои таълифи ҳар кадоми онҳо чандин сарчашмаҳои таърихиро варақ задааст, таҳқиқоти майдонӣ гузаронида маълумот гирд овардааст.

Муҳаррири масъули китоб номзади илмҳои филология Дилшод Раҳимӣ буда, асар дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуд.

Асари номбурда барои шинохти мероси фарҳанги ғайримодии тоҷикон ва махсусан шаҳри Хуҷанд саҳифаи тозаеро боз мекунад.

​Дружбой сплоченные

Ин унвони китоби тозаи устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Ваҳҳоб Набиев ва Зафарҷон Қобилов мебошад, ки дар нашриёти “Нури маърифат” интишор шудааст.

Китоби мазкур зери назари ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло аз чоп баромада, дар он оид ба таърихи иштироки ҷавонони тоҷику рус ҷиҳати сохтмони объектҳои хоҷагии халқ ва азхуд кардани заминҳои нав дар Федератсияи Россия ва Тоҷикистон таҳқиқот сурат гирифтааст.

Гузашта аз ин, муаллифони китоб масоили марбут ба тайёр намудани кадрҳои тахасссусмандро ҷиҳати сохтмони иншоотҳои хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки муҳимияти таҳқиқи мавзӯи мавриди назар дараҳамияти баланди иҷтимоӣ ва илмӣ-амалии он зоҳир меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Бунёдгузории фарҳангнигории муосири тоҷик

Таҳти ин ном китоби нав интишор гардид. Муаллифи китоб Аҳмадзода Мирзоҳабиб буда, дар бахши аввали китоб луғати тафсирии устод Айнӣ ҳамчун намунаи беҳтарин сарчашмаи суханишиносиву лексикографии тоҷик мавриди андеша ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар бахши дувум аз хидматҳои бедареғ ва ҳидоятҳои устод Айнӣ дар масъалаҳои мухталифи нигох доштани асолати забони зебо, хушоҳанг ва пуриқтидори тоҷикӣ сухан меравад.

Китоб барои пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва ҳамаи алоқамандони суханшиносӣ ва фарҳангнигорӣ пешниҳод мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Бо чунин ном маҷмӯаи асарҳои доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев интишор гардид.

Дар маҷмӯа асарҳои давоми солҳои 1996-2019 таълифнамудаи муаллиф доир ба таърих ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол гирд оварда шудаанд.

Маводи китоб бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ таҳия шуда, дар маҷмӯа перомуни фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо ташкилотҳои ҷавонон, ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мавод ҷамъоварӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки китоби мазкур зери назари ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло нашр шуда, ба муаррихон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорону доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Нашри интиқодии "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ

Матни илмӣ-интиқодии "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ бар асоси беш аз шаст дастхати ашъори ў нашр гардид. Дар тасҳеҳ даҳҳо нусхаи қадимтарини "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ, ки то имрӯз дар нашрҳои интиқодии ашъори ӯ истифода нагардида буданд, мавриди муқобала, нақду таҳлил ва омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Дар ин нашр он нусхаҳо ба эътибор гирифта шуда, ки дар дусадсолаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI, китобат гардида бошанд. Дар ин тасҳеҳ, илова ба нусхаҳои куҳани Тоҷикистон, нусхаҳои муътабари кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Олмон, Амрико, Озарбойҷон, Русия, Шветсия, Ӯзбекистон ва ғ. истифода шудаанд.

Ҷилди аввал шомили муқаддимаи мусаҳҳеҳ (саҳ. 3-94), қасоид ва ғазалиёт (аз "алиф" то поёни ҳарфи "зо") аст.

Ҷилди дуюм фарогири идомаи ғазалиёт (ҳарфи "син" то "ё"), муқаттаот, рубоиёт ва ғ., мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад.

Китоб бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов тасҳеҳ ва нашр ёфта, барои муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илму адаби тоҷик тақдим гардидааст.

Тозанашр: “Муқаддасоти миллӣ”

Таҳти ин унвон маводи таълимии доктори илмҳои таърих, профессор Аюбҷон Усмонов интишор гардид.

Маводи таълимӣ таърихи ташаккули парчамбардорӣ, Нишон ва Суруди миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саросари олам фаро мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки “Муқаддасоти миллӣ” зери назари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло нашр шудааст.

Сайри таърихии мафҳуми Парчам, ҷойгоҳи Нишон ва Суруди миллӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистон аз даврони қадим то замони соҳибистиқлолии кишвар муҳимтарин масоили меҳварии китобро ба вуҷуд овардаанд.

Дастур ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Тозанашр: Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим

Таҳти ин унвон бо ибтикори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот маҷмӯаи маводи семинар-машварат интишор гардид. Дастури мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот чоп шуда, дар он оид ба муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим ҳамчун асоси методологии таҳсилоти муосир, муносибати босалоҳият дар таълим ва аҳамияти он дар сифати таҳсилот ва ҳадафи муносибати босалоҳият мавод дарҷ гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки дастури мазкур зери назари ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло нашр гардида, дар он маводи иштирокчиёни семинар - машварат гирд оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки дастури мазкур ба тамоми кафедраҳои донишгоҳ дастрас хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Тозанашр: “Низом ва мундариҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ”

Ин унвони дастури илмӣ-методӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои низом ва мундариҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар дастури мазкур оид ба хусусиятҳои таҳқиқотии назариявӣ, меъёрҳои асосии методологияи таҳқиқоти педагогӣ, малакаҳои методологии педагог-таҳқиқотчӣ, шакл ва намудҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тавсияҳо оиди омода намудани мақолаҳои илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки муаллифон Шаропов Ш, Сабуров Х, Шарипов А буда, “Низом ва мундариҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ” ба онҳое, ки бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, дастури муфид мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Армуғони дӯстон

Бахшида ба 70 солагии адабиётшиносМирзоҳабиб Аҳмадов зери назари доктори илмҳои таърих, профессор, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Ҷамшед Ҷӯразода таҳти унвони “Армуғони дӯстон” маҷмӯаи мақолаҳо нашр шуданд.

Маҷмӯа аз қисматҳои меҳрномаҳо, пажӯҳишот ва тақризҳоба асарҳои адабиётшиносМирзоҳабиб Аҳмадов иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки “Армуғони дӯстон” дар матбаи “Нури маърифат” интишор гардида, 200 саҳифаро фаро гирифтааст.
Маҷмӯа ҷиҳати шинохти шахсияти Мирзоҳабиб Аҳмадов ва хидматҳои ӯ дар самти адабиётшиносӣ дастури муфид мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​«Асосҳои назарияи квантии сохти модда»

Дастури мазкур барои истифодаи донишҷуёни ихтисосҳои физика, физика-математика, физика-информатика, химия ва биология пешбинӣ шуда, инчунин барои тайёр намудани мутахассисони магистр тавсия мешавад.

Муаллифони ин дастури таълимӣ Н.Н. Умаров, А. Усмонов, Р. Марупов буда, дар он назарияи классикии модда, атом, сохтори онҳо дар асоси назарияи механика ва химияи квантӣ асоснок карда шудааст.

Техника на технологияи муосир водор месозад, ки ба омӯзиши тағйирёбии сохтори моддаҳо бо таъсири омилҳои беруна таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Дастури мазкур дар асоси назарияи квантӣ системавӣомӯхтани сохтори моддаҳо бо таъсири омилҳои беруна маълумоти бештарро пешниҳод менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

“Ҷомеаи соҳибистиқлол”

Дар нашриёти “Нури маърифат” таҳти унвони “Ҷомеаи соҳибистиқлол” китоби нав интишор гардид. Китоби мазкур ба дастовардҳои пурарзиши даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллифи китоб Луқмониддин Камолиддинов буда, фаъолияти мақоми олии қонунгузор ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастовардҳои сиёсати "Дарҳои кушод”, рушди сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, бунёди ҷамеаи солим аз мавзуъҳои асосии китоби тозанашр маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, рисолаи "Ҳувияти фарҳангӣ” бо зикри ҷойгоҳи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ба рӯйиш омӯзиш ва таҳқиқ кашида шудааст.

​«Камол Худжанди в России: исследования и переводы”

Таҳти ин унвон дар арафаи тантанаҳои ҷашни 700-умин солгарди ғазалсарои маъруфи тоҷикон ва форсизабонон Камоли Хуҷандӣ китоби нав нашр шуд.

Мураттибони китоб устодони донишгоҳ профессор Матлуба Мирзоюнус ва номзади илмҳои филологӣ Субҳон Аъзамзод буда, китоби мазкур бо саъйи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо ташаббусу дастгирӣ ва зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода интишор гардидааст.

Китоб аз ду бахши бузург иборат аст. Дар бахши аввал маҳсули пажӯҳишҳои ховаршиносони маъруфи рус роҷеъ ба Камоли Хуҷандӣ - Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон фароҳам омаданд, ки аз арзишмандтарин асарҳо дар ин замина унвон мешавад.

Дар бахши дувум тарҷумаҳои ғазалиёти шоири бузурги тоҷик аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа А. Адалис, В. Звягинцева, В. Потапова, И. Сельвинский, Я. Козловский ва М. Синельников ба забони русӣ ва асли тоҷикиашон ҷой дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин китоби дувум дар силсилаи камолшиносӣ барои аҳли таҳқиқ ва алоқамандони мероси шоири абадзинда аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Луғатномаи мухтасари истилоҳоти ахлоқ ва зебоишиносӣ

Таҳти ин унвон аз ҷониби устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дастури навинтишор гардид. Муаллифон М.А.Ҳайитбоева, С.Б.Ҷӯраева, Г.Н. Деҳқонова ва Н.Н.Ҷӯраева буда, дастури мазкур фарогири андешахои ахлоқӣ ва зебоишиносии ниёгонамон мебошад.

Гуфта мешавад, ки “Луғатномаи мухтасари истилоҳоти ахлоқ ва зебоишиносӣ” ҳамчун чароғи раҳнамо барои дарки дурусти расолати инсонӣ хидмат мекунад.

"Луғатномаи мухтасари истилоҳоти ахлоқ ва зебои-шиносӣ” ҳамчун маводи ёрирасони фанҳои фалсафии ахлоқ ва зебоишиносӣ барои хонандагон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва дигар алоқамандон таҳия шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Ҳунарҳои миллӣ аз назари магистрантон

Таҳти ин унвон маҷмӯаи мақолоти магистрантони факултети санъати тасвирӣ ва технология интишор гардид. Дар маҷмӯа 35 мақолоти магистрантон оид ба санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология гирд оварда шудааст.

Маҷмӯа аз 128 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Нури маърифат” нашр шудааст.

Маҷмӯаи тозанашр барои магистрантон ва дигар алоқамандон пешниҳод мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Мақоми ҷавонон дар рушди илм

Маҷмӯаи мазкур фарогири муҳимтарин масъалаҳои муосир буда, дар шакли фишурдаҳои илмӣ ва илмию таълимии муҳаққиқони ҷавон рӯи кор омадааст. Маҷмӯа фишурдаи маводи конференсияи дуюми илмӣ-амалии магистрантон буда, бахшида ба Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нашр шудааст.

“Мақоми ҷавонон дар рушди илм” зери назари Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло доктори илмҳои таърих, профессор, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” интишор гардида, аз 13 бахш иборат мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Мақоми ҷавонон дар рушди илм

Маҷмӯаи мазкур фарогири муҳимтарин масъалаҳои муосир буда, дар шакли фишурдаҳои илмӣ ва илмию таълимии муҳаққиқони ҷавон рӯи кор омадааст. Маҷмӯа фишурдаи маводи конференсияи дуюми илмӣ-амалии магистрантон буда, бахшида ба Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нашр шудааст.

“Мақоми ҷавонон дар рушди илм” зери назари Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло доктори илмҳои таърих, профессор, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” интишор гардида, аз 13 бахш иборат мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Ҷавонон ва оиладорӣ

Китоби мазкур ба қалами Ҳодибоев Фаридун, номзади илмҳои фалсафа, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” муталлиқ аст.

Пайкори созанда ва ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон омилҳои пойдории давлат ва рушди он, тарбияи ахлоқӣ-ватандӯстии ҷавонон, рукнҳои оиладорӣ ва устувории он, омодагӣ ба оиладорӣ, пешгирии низоъ дар оила ва падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон ва ҷомеа аз мавзуъҳои меҳварии китоби мазкур мебошад.

Муаммоҳои иҷтимоӣ, омилҳои ҷудошавии оилаҳо, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аз ҷониби муаллиф мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Китоб зери назари Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректориМДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”доктори илмҳои таърих, профессор дар нашриёти “Нури маърифат” интишор шудааст.

Гуфта мешавад, ки “Ҷавонон ва оиладорӣ” барои донишҷӯён, муҳаққиқону омӯзгорон, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонон, занон ва оила, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар алоқамандон тавсия мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​“Фикр карданро бояд омӯхт”- унвони китоби тозанашр

ар ин китоб масъалаҳои асосии ташаккули тафаккури хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди ташкил ва гузориши дарсҳои забони модарӣ дар синфи дуюм мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар асоси он усул ва фаъолиятҳое нишон дода шудааст, ки хусусияти ба фикр намуда сухан гуфтан ва фикр намуда амал намудани хонандагон нигаронида шудааст. Муаллифони китоб устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Шарифзода Ф., Сабурӣ Х.М., Қаюмова О.Э буда, бо теъдоди 100 нусха нашр шудааст.

Муҳтавои асосии китобро ташаккули қобилияти фикрронии хонандагони хурдсол ташкил медиҳад.

Китоби мазкур барои муаллимони синфҳои ибтидоӣ, донишҷӯён, магистрантону докторантони риштаи таҳсилоти ибтидоӣ пешбинӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Асосҳои тадқиқоти илмӣ

Ин номи дастури тозаи таълимӣ-методӣ мебошад, ки аз ҷониби устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Саидов Ҳ ва Умаров Н таҳия шудааст.

Дар дастури мазкур мафҳумҳои асосӣ доир ба илм ва тафаккури илмӣ, дараҷаҳои асосии илм ва технологияи кори таҳқиқотӣ, масоили тарзи кор ба адабиёти илмӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Ҳамчунин, дар китоби мазкур барои омода намудан ва навиштани маърӯзаҳои илмӣ, корҳои дипломӣ ва диссертатсионӣ маслиҳатҳо пешниҳод шудааст.

“Асосҳои тадқиқоти илмӣ” ба магистрантон, хатмкунандагони макотиби олӣ ва ба ҳамаи алоқамандон ҳамчун маводи ёрирасон пешбинӣ гардидааст.

Дастур аз ҳафт боб иборат мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​200 савол ва ҷавоб аз Паёми Пешвои миллат

Таҳти ин унвон дар нашриёти “Нури маърифат” китоби тоза нашр гардид.

Муаллифон Сабуров Х.М., Узоқова Г.М., Хайруллозода К нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26-уми декабри соли 2019 ба тариқи суолу ҷавоб мавриди ташреҳ қарор додаанд.

Роҳнамои мазкур ҷиҳати омӯзиши ҳаматарафаи Паёми Сарвари давлат интишор гардида, ба доираи васеъи хонандагон, хусусан донишҷӯёну муҳаққиқон ва олимону омӯзгорон пешбинӣшудааст.

“200 савол ва ҷавоб аз Паёми Пешвои миллат” аз 46 саҳифа иборат аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​“Таълими педагогика дар ҷадвал ва нақшаҳо”

Бо чунин унвон дар матбааи “Нури маърифат” китоби ҷадиди устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” интишор гардид.

Муаллифони китоб Сабуров Х. М., Раҳматова М.М. ва Тошева Х.Б бо мақсади тариқи муаррифӣ ва слайдҳо омӯзонидани қисматҳои ҷудогонаи фанни педагогика воситаи таълимӣ-методии мазкурро таҳия намудаанд, ки муҳтавои онро таҳлили ҷадвалию нақшавии нишондодҳои педагогика, аз ҷумла асосҳои умумии педагогика, назарияҳои таълим, тарбия, маълумот, инкишоф ва мактабшиносӣ ташкил медиҳад.

Воситаи таълимӣ-методии мазкур барои донишҷӯён, магистрантон, омӯзгорон, алоқамандони илму маориф ва дӯстдорони илми педагогика пешбинӣ шудааст.

Китоби докторантони донишгоҳ бо номи "Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография" нашр гардид

“Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография” – таҳти ин унвон китоби дарсии ду нафар докторантони факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”- Каримова Мадина ва Сангинов Мирзосодиқ дар ҳаммуаллифӣ бо омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ Усмонзода Б. ба нашр расид.

Китоби мазкур бо қарориШўрои табъу нашри МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” №4-2/1 аз 24.04.2019барои чоп тавсия карда шуда, дар асоси стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёни коллеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Муқарризони китоб Раҳимов Абдулфаттоҳ-доктори илмҳои география, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълимӣ ва Аминов Муъминҷон, номзади илмҳои география, декани факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров», мебошанд.

Китоб дар матбааи “Меъроҷ” интишор шуда, аз 296 саҳифа иборат аст.

​Тозанашр: “Математика: Модулҳо ва системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимӣ”

Математика: Модулҳо ва системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимӣ- таҳти ин унвон дастури таълимӣ тариқи матбааи “Нури маърифат” ба нашр расид.

Муаллифон Нозимов А.Б. ва Шомирзоев Б.М. дар дастури мазкур системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимиро ба шакли мухтасар бо забони русиву тоҷикӣ таҳлилу баррасӣ намудаанд.

Маҷмӯа аз 3 боб иборат мебошад:

Боби аввал назарияи мухтасари мавзӯи муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ бо бо коэффитсиентҳои доимӣ ва системаҳои муодилаҳои номбурдаро дарбар мегирад.

Боби дуввум аз намунаҳои ҳалли машқҳои дар маҷмӯа овардашуда иборат мебошад.

Боби сеюм аз супоришҳои инфиродӣ барои ҳалли мустақилона ихтисос дода шудааст.

Китоби мавриди зикр барои донишҷӯён ва дигар алоқамандон тавсия мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Тозанашр: “Математика: Модулҳо ва системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимӣ”

Математика: Модулҳо ва системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимӣ- таҳти ин унвон дастури таълимӣ тариқи матбааи “Нури маърифат” ба нашр расид.

Муаллифон Нозимов А.Б. ва Шомирзоев Б.М. дар дастури мазкур системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимиро ба шакли мухтасар бо забони русиву тоҷикӣ таҳлилу баррасӣ намудаанд.

Маҷмӯа аз 3 боб иборат мебошад:

Боби аввал назарияи мухтасари мавзӯи муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ бо бо коэффитсиентҳои доимӣ ва системаҳои муодилаҳои номбурдаро дарбар мегирад.

Боби дуввум аз намунаҳои ҳалли машқҳои дар маҷмӯа овардашуда иборат мебошад.

Боби сеюм аз супоришҳои инфиродӣ барои ҳалли мустақилона ихтисос дода шудааст.

Китоби мавриди зикр барои донишҷӯён ва дигар алоқамандон тавсия мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲО (ҚИСМИ 2) БАНАҚШАГИРИИ БИЗНЕС

М.И.Нуриддинова, А.С.Ахмедов. Идоракунии лоиҳаҳо (қисми 2). Банақшагирии бизнес. Китоби дарсӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 216 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 14,41. ISBN 978-5-209-02979-3

Китоби дарсии мазкур дар асоси нақшаи таълимии тасдиқгардида, барои фанни идоракунии лиҳаҳо таҳия гардида, он зина ба зина хонандаро ба таҳияи лоҳаҳо (бизнес-нақша) ошно месозад ва моҳияти раванди тартиб додани бизнеснақшаро меомӯзад. Мақсади аз худ намудани фанни банақшагирии бизнес асосан омӯхтани мафҳуми бизнес-нақша ва мавқеи он дар соҳибкории муосир, зарурати таҳияи бизнес-нақша, мақсаду вазифаҳои он ва дигар талаботи умумӣ барои таҳияи бизнес-нақша мебошад.

Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, роҳбарон, менеджерон ва дигар шахсоне, ки мехоҳанд оид ба банақшагирии бизнес дар соҳаҳои гуногун маълумот гиранд, тавсия дода мешавад.

​ИДОРАКУНӢ ВА ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

С.Ю.Ёқубов, З.А.Сатторова. Идоракунӣ ва таъмини сифати таҳсилот. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019.– 180 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 10,46.

​ДАСТУРАМАЛ оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ аз фанни методикаи таълими физика барои донишҷӯёни ихтисоси физика, физика –математика ва математика-физика

Дастурамал оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ аз фанни методикаи таълими физика барои донишҷӯёни ихтисоси физика, физика-математика ва математика-физика. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 80 с.

Андозаи А5, муқоваи нарм,теъдод 100, ҷ.ш.ч. 4,65

Дастурамали мазкур дар асоси нақшаи таълимии фанни методикаи таълими физика ва барномаи физика барои синфҳои 7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тартиб дода шудааст.

​МЕТОДИКАПРЕПОДАВАНИЯ РУССКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ

Методика преподавания русской литературы / Учебное пособие для студентов-бакалавров факультета русской филологии. Составитель Камолова М.Ф.-Худжанд: Нури маърифат 2019.- 388 с.

Пособие составлено в соответствии с требованиями ГОС высшего профессио-нального образования Респуб­ли­ки Таджикистан по дисциплине «Методика препода­ва­ния русской литературы» для студентовбакалавров специальности «Русский язык и литература», а также учителей средней школы и преподавателей педкол­лед­жей.

Задачами курса методики преподавания литера­ту­ры в общеобразовательных учреждениях являются: раз­ви­тие творческих начал личности учителя-словесника, создание у студентов чёткого представления о спе­ци­фи­ке художественного восприятия и его возрастной дина­ми­ке, ознакомление с методическим наследием и инно­ва­ционными технологиями, обучение наиболее харак­тер­ным видам профессиональной деятельности сло­вес­ни­ка.

​МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МУОСИРИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ

Масъалаҳои мубрами муосири фанҳои гуманитарӣ. Маводи конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдувалӣ Бердиалиев. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 400 с.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 120, ҷ.ш.ч. 46,5.

Маҷмӯаи мазкур фарогири маводи конференсияи илмӣ-назариявии минта-қавии “Масъалаҳои мубрами муосири фанҳои гуманитарӣ” буда, ба 80-солагии доктори илмҳои филология, профессор Абдувалӣ Бердиалиев бахшида шудааст. Маҷмӯа дар меҳвари худ масъалаҳои мубрами муосири илми забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва педагогикаро ҷой дода, барои устодон, донишҷӯён ва кулли алоқамандони забон ва адабиёти тоҷику ӯзбек пешниҳод мешавад.

​ПРОБЛЕМЫ ЛИНГВИСТИЧЕСКОГО КОНСТРУИРОВАНИЯ ПРЕДЛОЖНО-ИМЕННЫХ СЛОВОСОЧЕТАНИЙ В РУССКОМ И ТАДЖИКСКОМ ЯЗЫКАХ

Самадова Рафоатхон Ахунбобоевна. Проблемы лингвистического конструирования предложноименных словосочетаний в русском и таджикском языках. – Худжанд: Нури маърифат, 2019.– 296 стр.

Формат А5, обложка твердий, тираж 100, у.п.л. 17,205.

Данная монография адресована широ-кому кругу лиц, интересую­щихся проблемами лексической и комбинаторной семантики, которая является фундаментальной проблемой, решение которой будет иметь очень большую научную общекультурную и прикладную цен­ность и окажет положительное влияние на саму лингвистику и её место в обществе, по-тому что в ней по существу определяются ос­новные направления, главные процессы, обуславливающие с лингвисти­ческих позиций описание каждого понятия во всем разнообразии его возможных оттенков, что связано с самой природой языка, сущности его функций.

Настоящее исследование, на наш взгляд, заслуживает присталь­ного внимания и представляется существенным, как для общей линг­вистической теории, так и для конкретного языкознания.

​ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ ДАР «САМАКИ АЙЁР»

Шарипова Г.Ш. Воҳидҳои фразеологӣ дар «Самаки айёр». - Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 168 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 9,76.

Ин нахусткитобест, ки дар он хусусиятҳои сохторию маъноӣ ва услубии воҳидҳои фразеологӣ дар маъруфтарин намунаи насри ривоятии форс-тоҷик романи бисёрҷилдаи “Самаки айёр” мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

Китоб ба забоншиносон, муҳаққиқони забону услуби асарҳои бадеӣ, омӯзгорон, магистрантон ва умуман доираҳои васеи ҳаводорони каломи бадеӣ пешниҳод мешавад.

Анализ и выполнение упражнений школьных учебников по русскому языку для национальных школ

Р.А.Шарапова, М.М.Махкамова Анализ и выполнение упражнений школьных учебников по русскому языку для национальных школ”(Методическое пособие для учителей русского языка). – Худжанд: Нури маърифат, 2019. - 160 с.

Формат А5, обложка твердий,

тираж 100, у.п.л. 9,3

Пособие содержит курс практических занятий, тесты по всем разделамкурса «МПРЯ в национальной школе», «Русский язык и школьные учебники», «Анализ и выполнение упражнений школьных учебников по русскому языку для национальных школ», глоссарий. Материал подобран с учетом новейших достижений современной методики. Предназначается для использования на семинарских, практических занятиях при подготовке и тренировке по всем темам лекционного и практического курса, а также при контроле знаний. Адресуется студентам-филологам, учителям русского языка.

Дастури методӣ барои омӯзгорони фанни ботаника

М. Алимова Дастури методӣ барои омӯзгорони фанни ботаника (синфи 5) – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 84 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи нарм,

теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 4,88

ISBN 978-99975-62-39-5

Дастури методии мазкур муносибати салоҳиятнокӣ ба таълими ботаникаро дарбар мегирад. Дар он салоҳиятҳои хонандагон, мақсади таълим, васоити таълим, санҷиши дониши хонандагон бо тестҳо, ҷадвалҳо, аёниятҳо, масъалагузорӣ, проблемагузорӣ, кори дунафара, кори гурӯҳӣ, баёни мавзӯъ бо усули фаъоли таълим, арзёбӣ, намунаи саволу супоришҳо, ки барои ташаккули салоҳиятҳои хонандагон мусоидат менамояд, оварда шудааст ва дар фаъолияти амалии омӯзгорони фанни ботаника истифода бурдан мумкин аст.

Маводи дастур барои донишҷӯён - омӯзгорони оянда, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия мешавад.

Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ ва «Ҷавоҳир-ул-асрор»-и ӯ

Тоҷибой Султонӣ. Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ ва «Ҷавоҳир-ул-асрор»-и ӯ. - Хуҷанд: Ну­­ри маърифат, 2019. - 288 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 18.

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Бал­­хӣ яке аз шоҳкориҳои бузурги ирфонии адабиёти тоҷикии форсӣ буда, то имрӯз вобаста ба маърифат ва шинохти рамзҳои он дар кишварҳои мухталифи олам шарҳҳои зиёд таълиф шудаанд.

Китоби ҳозир ба баррасии рӯзгори аввалин шореҳи «Маснавии маънавӣ» - Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ ва нақду таҳ­лили «Ҷавоҳир-ул-асрор ва завоҳир-ул-анвор»-и ӯ, ки нахустин шарҳи «Маснавӣ» ба ҳисоб меравад, бах­ши­да шудааст.

​«Нақ­­­ши усто­дон ва хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди санъати тасвирии Тоҷи­кистон»

С. Ҳасанов. «Нақши устодон ва хатмкунандагони Донишгоҳи дав­ла­тии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди санъати тасвирии Тоҷикистон». Ҳолнома ва мунтахаби асарҳои эҷодии устодон ва хатм­кунандагони донишгоҳ. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. -148 с.

Андозаи А3, му­қоваи сахт, теъ­дод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 34,41

Китоб-албоми мазкур фарогири ҳолнома ва мунтахаби асарҳои эҷодии дар солҳои 80-уми қарни гузашта ва аввали асри XXI таълифнамудаи устодон ва хатмку-нандагони донишгоҳ мебошад.

Китоб-албом ба ифтихори 70-умин солгарди мавлуди дотсент С.Ҳасанов таҳия шуда, туҳфаи арзандаест ба ҳамаи ҳамкорону шогирдон ва аҳли санъати кишвар.

​Суханшиноси ҷавон

Суханшиноси ҷавон. Маҷмӯи мақолоти олимони ҷавон.- Хуҷанд: Ношир, 2019.-260с.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 16,0

ISBN 978-99975-70-54-3

Маҷмӯаи мазкур иборат аз мақолаҳои суханшиносони ҷавон буда, ҷустори нахустини илмии онҳоро фаро гирифтааст. Мақолаҳо ифодагари самтҳои илмии кафедраҳои факултети филологияи тоҷик махсусан кафедраи адабиёти классикӣ мебошад. Китоб барои муҳаққиқон, омӯзгорн, донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ муфид мебошад.

​Суханшиноси ҷавон

Суханшиноси ҷавон. Маҷмӯи мақолоти олимони ҷавон.- Хуҷанд: Ношир, 2019.-260с.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 16,0

ISBN 978-99975-70-54-3

Маҷмӯаи мазкур иборат аз мақолаҳои суханшиносони ҷавон буда, ҷустори нахустини илмии онҳоро фаро гирифтааст. Мақолаҳо ифодагари самтҳои илмии кафедраҳои факултети филологияи тоҷик махсусан кафедраи адабиёти классикӣ мебошад. Китоб барои муҳаққиқон, омӯзгорн, донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ муфид мебошад.

​Технологияи компютерӣ дар омӯзиши фанни физика

Ф.Саидова, А.Ҳоҷибоев, Ҳ.Саидов. Технологияи компютерӣ дар омӯзиши фанни физика. - Хуҷанд, 2019. – 148 с.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч. 8,6

Дар васоити таълими мазкур яке аз масъалаҳои ҷузъ­ии технологияи информат-сионӣ – татбиқи барно­ма­ҳои компю­терии математикӣ нисбат ба омӯзиши фан­­­ни физика мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, таф­си­ри корҳои хатми бакалав­риат ва магистрантҳо оид ба истифодаи техноло­гияи компю­терӣ дар омӯзиши фанни физика оварда шудааст.

Васоити таълими мазкур барои донишҷӯён ва ма­гис­трантон дар омодасозии корҳои курсӣ, рисолаҳои тахассусии хатм тавсия карда мешавад. Дар он оид ба технологияи информатсонии муосир, роҳҳои истифо­даи он дар таълим, барномаи математикии Маткад, Ҳал­ли масъалаҳо аз физика дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, коркарди таҷрибаи физикӣ маълумоти му­фассал оварда шудааст.

​Адабиёти кишвари Германия

Ғафорова Фароғат. Адабиёти кишвари Германия (дастури таълимӣ). - Ху­ҷанд: Нури маърифат, 2019. – 228 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч. 15,81.

Дастури таълимии мазкур барои муҳассилини ихтисоси «Забони олмонӣ» ва дигар омӯзандагони ин забон пешбинӣ шуда, дар он маълумотҳои муфид оид ба ҳаёт ва фаъолияти нависандагон ва шоирони давраҳои гуногуни олмонизабон ва урфу одати ин кишвар ҷамъ оварда шудаанд.

Донишҷӯён донишҳои донишҳои забонӣ ва аз «Адабиёти Олмон» доштаи худро бо ёрии савол ва супоришҳои дар дастур овардашуда ғинӣ мегардонанд.

Функция пейзажа в художественном тексте

В.А.Шарипов Функция пейзажа в художественном тексте. – Худжанд: Нури маърифат, 2019. – 100 стр.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 5,81

Настоящее исследование посвящено изучению вопроса о функции реалистического пейзажа в творчестве А. С. Пушкина, М. Ю. Лермонтова, М. Е. Салтыкова-Щедрина и А. П. Чехова, программных произведений из истории русской литературы Х1Х века, определению роли пейзажа в деле создания художественного образа, осмысления душевных переживаний героев и раскрытия идейно-художественного содержания произведения.

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ҲУҚУҚ

Н.Маҳмудова, Аомидов Методикаи таълими ҳуқуқ”(дас­ту­ри таълимӣ - ме­то­дӣ оид ба машғулиятҳои амалӣ ва корҳоимуста­қи­лона ба­рои донишҷӯён).–Хуҷанд:Нури маърифат,2019 – 148 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 8,60.

Китоб дар асоси маводи Конфе­ренсияи вилояти Суғд оид ба масоили такмили таъ­ли­ми забонҳои хориҷӣ дар факул­тетҳои ғайри­за­бонии мактабҳои олӣ бахшида ба 85-со­ла­гии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафу­ров, 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон та­ҳия гар­ди­дааст.

Он ба методистон, омӯзгорони забон­ҳои хориҷии мактабҳои олӣ ва миёна, ма­гис­трантон, донишҷӯён, дои­раи васеи омӯ­зандагони забонҳои хориҷӣ тавсия ме­шавад.

НАҚҚОШӢ

Азизов Ш.Ю, Азизов А.А., Бобоева Ш.Ҳ. Наққошӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. – 136 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 8,5.

ISBN 978-99975-62-27-2

Китоби дарсии мазкур, маълумоти мухтасарро оид ба таърихи санъати наққошӣ, истифодаи нақш дар иншоотҳои меъморӣ, намудҳои нақш, нақшаи тақвимии маҳфили “наққошӣ” ва тавсияҳои методиро вобаста ба пайдарҳамии иҷрои ин ҳунар дарбар гирифтааст. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои соҳавӣ пешбинӣ шуда, инчунин барои баланд бардоштани маҳорати эҷодии муаллимон ва роҳбарони маҳфилҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат менамояд.

​СИСТЕМАИ БИСЁРШАБАКАВИИ ТЕЛЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ

А. Домуллоҷонов, Ҳ.Х.Усмонов Системаи бисёршабакавии теллекоммуникатсионӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 116 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100, ҷ.ш.ч 6,74.

Дар китоби мазкур тавсифи асосии сигналҳои аввалияи алоқаи барқӣ, хусусияти физикӣ ва истифодабарии онҳо дар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба тарзҳои тағйир додани сигналҳои аналогӣ ба рақамӣ ва раванди баръакси он, инчунин оид ба системаҳои рақамии алоқа, принсип ва усулҳои мултиплексатсия кардани селҳои рақамии системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ диққати махсус дода шудааст.

Китоби дарсӣ барои донишҷӯён, бакалаврҳо ва магистрҳои ихтисосҳои “Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ” ва “Системаҳои телекоммуникатсионӣ” (истифодабарӣ) тавсия карда мешавад.

МАТЕМАТИКӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ТАБИАТ­ШИНОСӢ

А.Ғ.Олимӣ, И.А.Олимов Татбиқи анализи математикӣ дар ҳалли масъалаҳои табиат­шиносӣ.– Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 180 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт,

теъдод 100, ҷ.ш.ч 11,75.

Дар дастур татбиқи мафҳумҳои асосии анализи математикӣ ҳосила, функсияи ибтидоӣ, интеграл ва муодилаҳои дифференсиалии сода дар ҳалли масъалаҳои гуногуни фанҳои табиатшиносӣ дида баромада шудааст. Дар он ба таҳлили масъалаҳоикурси ибтидои анализ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ аҳамият дода шудааст.

Китоб барои истифодаи донишҷӯёни курсҳои болоӣ, омӯзгорони ҷавони мактабҳои олӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст.

​МАСОЛЕҲШИНОСИИ ЭЛЕКТРОТЕХНИКӢ

М.Маҳмудов Масолеҳшиносии электротехникӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 260 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч 19,53.

Китоби дарсии мазкур маълумотҳои асосии оиди масолеҳҳои электротехникӣ, ки дар соҳаҳои гуногуни мошинсозӣ, электромеханика ва радиотехникаи муосир истифода бурда мешавад, дарбар мегирад. Хосиятҳои асосии масолеҳҳои ноқилӣ, диэлектрикӣ, нимноқилӣ, магнитӣ, дорои хосиятҳои махсуси аз гарми васеъшавӣ ва чандирӣ буда боиси омӯзиш, муҳокима ва муқоиса карор дода шудаанд.

Дарснома барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки аз рӯи ихтисосҳои гуногуни алоқаманд ба соҳаҳои “Электротехника”, “Радиотехника”, “Асосҳои автоматикунонӣ, “Дастгоҳҳои электронӣ ва кормандони муҳандисию техникии ин соҳоҳа тавсия дода мешавад.

​ТАЪРИХИ ДУНЁИ ҚАДИМ

Аюбов А.Р. Таърихи дунёи қадим (дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни курси якуми факултети таърих ва ҳуқуқ). – Хуҷанд: «Нури маърифат», 2019. – 284 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 16,74.

Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни курси I (ихтисосҳои «таърих», «таърих ва ҳуқуқ», «таърих-бостоншинос»), ки аз фанни «Таърихи дунёи қадим» таҳсил мегиранд, тартиб дода шудааст. Дастур аз номгӯи мавзӯъҳо, намудҳо ва тарзи иҷроиши корҳои амалӣ ва мустақилона, кор бо сарчашмаҳо ва адабиёти илмӣ ва адабиёти тавсияшуда иборат буда, барои донишҷӯёни тибқи низоми кредитӣ таҳсилгиранда тартиб дода шудааст.

​УСУЛҲОИ ТАФСИРИ ТАХФИФИ ВОЖАҲО ДАР «ҒИЁС-УЛ-ЛУҒОТ»-И МУҲАММАД ҒИЁСУДДИНИ РОМПУРӢ

Рухсора Давлатзода. Усулҳои тафсири тахфифи вожаҳо дар «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 192 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона. Ҷ.ш.ҷ. 11,75.

Дар меҳвари асари мазкур нахустин маротиба дар забоншиносии тоҷик кӯшиш карда шудааст, ки ба таври илмӣ усулҳо ва механизмҳои ба тахфиф дучор гардидани воҳидҳои луғавии эрониасл ва иқтибосӣ нишон дода шавад. Ҳамзамон аввалин бор бо ҷалби далелҳои таърихӣ чун воҳиди мустақилмаъно вуҷуд доштани вожаҳои мухаффаф нишон дода шуда, механизми мураккаби робитаи мутақобилаи онҳо ошкор карда шудааст.

Гузашта аз ин кӯшиш шудааст, ки бохти муаллифи луғатномаи «Ғиёс-ул-луғот» дар масъалаи шарҳи вижагиҳои ба тахфиф дучор гардидани топониму антропонимҳо муайян карда шавад.

​Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ

Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ (комплекси таълимӣ-методӣ). Мураттибон: Рашидова Д.А., Ризоева П.С., Тӯраева Г.Б. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 296 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 17,2.

Комплекси таълимӣ-методӣ барои факултетҳои забонҳои хориҷии ихтисоси дуюмашон англисӣ таҳия шуда, аз машғулияти семинарӣ (амалӣ), КМРО (кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор), КМРО-и берун аз ҷадвал ва КМД (кори мустақилонаи донишҷӯён) иборат мебошад.

Комплекс фарогири матнҳои асосӣ, ба монанди “Оила”, “Ташриф”, “Тарҷумаи ҳоли ман” ва ғайра буда, машқҳои гирд овардашуда барои мукммалсозии малакаҳои донишҷӯён, аз ҷумла инкишофи хониш, шунавоӣ, навиштан ва сухан кардани онҳо муфид аст.

​Маърифат ва тарбияи экологӣ

Ю.Р. Толибов. Маърифат ва тарбияи экологӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 228 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт,

теъдод 100, ҷ.ш.ч 15,81

Дастури таълимии мазкур дар асоси бар­но­маи таълимии фанни “Маърифат ва тарбияи эко­­логӣ таҳия гардидааст. Дар дастур мавқеи аф­за­лиятноки маърифат ва тарбияи экологӣ дар низоми таълиму тарбияи бефосила – оила, муас­сисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи уму­мӣ ва касбӣ баррасӣ гардида, роҳ ва усулҳои та­­шак­кули тафаккури маънавӣ ва фарҳанги эко­­ло­гӣ дар асоси фаъолгардонии фаъолияти субъект­ҳои раванди маърифат ва тарбияи эко­ло­гӣ нишон дода шудааст.

​КУЛОЛГАРӢ

Азизов А.А., Азизов Ш.Ю. Кулолгарӣ. Китоби дар­сӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кас­бӣ / А.А. Азизов, Ш.Ю. Азизов. – Хуҷанд: Нури маъ­рифат, 2019. - 84 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи нарм,

теъдод 100, ҷ.ш.ч 5,25

Китоби мазкур баҳри омӯзиш ва тарғиби санъати аҷдодии миллӣ - кулолгарӣ муфид буда, дар он оид ба таъ­рих ва инкишофи кулолгарӣ, таҷҳизот, ма­вод ва асбобҳо, намудҳои дастгоҳҳои кулолгарӣ, риояи тех­ни­каи бехатарӣ, марҳилаҳои омода намудани маҳсулоти ку­лолӣ, технологияи кулолгарӣ, кулолгарони машҳури киш­вар ва саҳми онҳо дар рушди ин намуди санъати мил­лӣ ва дигар равандҳои муҳимияти санъати ку­лол­га­рӣ маълумот дарҷ ёфтааст. Ин китобро омӯзгорон ва роҳ­барони маҳфилҳои ҳунармандии муассисаҳои таъ­ли­мӣ, донишҷӯёну устодони риштаҳои санъат, ҳунар­ман­дон, худомӯзон ва ҳаводорони санъати аҷдодии мил­лӣ ҳамчун китоби рӯимизӣ метавонад васеъ ис­ти­фо­да намоянд.

​АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Академик Бобоҷон Ғафуров – мутафаккири бузурги Шарқ» бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров.- Хуҷанд: Нури маърифат, 2019.- 296 с.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 34,41

Дар маҷмӯаи ҷашнии мазкур мақолаҳо оид ба рӯзгор ва осори илмии аллома Бобоҷон Ғафуров гирд оварда шуда, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ӯро чун инсон, олим, мутафаккир, ходими намоёни ҳизбӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ инъикос менамоянд.

​ФИЗИКАИ ТИББӢ ВА БИОЛОГӢ

Ҳ.А.Тошхӯҷаев, Д.С. Шерматов. Физикаи тиббӣ ва биологӣ:Маводи таълимӣ барои донишҷӯёни омӯзишгоҳ ва донишгоҳҳои тиббӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 304 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ч. 17,67.

Дар китоби маскур асосҳои физикии равандҳое, ки дар организм мегузаранд, усулҳои ташхисӣ, таъсири омилҳои физикӣ ба организм бо мақсади табобат, хосиятҳои физикии материалҳое, ки дар тиб истифода карда мешаванд, хосиятҳои физикии характеристикаҳои муҳити атроф, майдонҳои физикии хусусии одам ва истифодабарии он бо мақсади ташхис ва табобат, асосҳои биофизикии дастгоҳи ҳиссиёти одам ва ѓайраҳо, дида баромада мешаванд.

Маводи таълимӣ аз ду қисм иборат аст: мавзӯҳо аз математикаи олӣ ва мавзӯҳо аз физикаи тиббӣ ва биологӣ.

Маводи таълимӣ мутобиқ ба барномаи таълимӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, тартиб дода шудааст.

​ФУНКЦИОНАЛЬНО-СЕМАНТИЧЕСКАЯ КАТЕГОРИЯ ПОСЕССИВНОСТИ В ТАДЖИКСКОМ И АНГЛИЙСКОМ ЯЗЫКАХ

Сангинова Ш.А. Функционально-семантическая категория посессивности в таджикском и английском языках.- Худжанд: Ношир,- 2019. – 168с.

Формат А5, твердий обложка, тираж 100, у.п.л.- 10,5.

В настоящей монографии рассматривается функционально-семантическая категория поссесивности в таджикском и английском языке. Данная работа посвящается необходимости сопоставительной интерпретации данной категории английского и таджикского языков, обусловленная прак-тическими целями перевода с английского языка на таджикский и преподавания анг-лийского языка в таджикской аудитории. Полученные результати в сфере таджик-ского языка послужат ценным материалом при написании новой научной грамматики современного таджикского языка. Наши на-ходки могут послужить ценным материалом в практике перевода с таджикского языка на английский и наоборот, в процессе обучения таджиков английскому языку как в средней, так и в высшей школе нашей рес-публики. имми могут пользоваться студенты и магистранты высших школ при написании своих курсовых и дипломных работ. Полученные нами результати могут быть использованы при чтении теориетического курса “Сопоставительная грамматика английского и таджикского языков”.

​БИНИШИ ДОНИШ

Биниши дониш. Маҷмӯаи тақризҳо. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 208 с

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона. Ҷ.ш.ҷ. 13,48.

Маҷмӯаи мазкур муҳимтарин тақризҳои ба тадқи­қоту асарҳои забоншиноси номвар, дорандаи бисёр ҷоиза­ҳои ватанию хориҷӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода навиштаи олимони гуногунро ҷамъ овар­да­аст. Тақризҳо аҳамияти зиёди илмию амалиро соҳиб бу­да, ҳар кадоме бозгӯи ҷанбаи тозаи пажӯҳишу эҷоди ин оли­ми пухтакору тозабаёнанд ва дар шакли маҷмӯа ба оли­мону устодон ва умуман аҳли таҳқиқ манзур мегар­данд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​THE LAND OF PARADISE

М.А. Абдуллоева, Р.А. Ибрагимова. The land of paradise. Маҷмӯаи мавзӯот роҷеъ ба Тоҷикистон барои сайёҳон ва инкишофи малакаҳои муоширатии донишҷӯёни ихтисосҳои “Омӯзгори забони англисӣ” ва “Тарҷумони забони англисӣ”. -Хуҷанд: Меъроҷ, 2019. – 220 с.

Андоза А5, муқоваи нарм, теъдод 100, ҷ.ш.ч.14,88

ISBN 978-99975-72-13-4

Дастури таълимии мазкур бештар аз 80 адад мавзӯот роҷеъ ба самтҳои мухталифи ҳаёти дохилии кишвари маҳбубамон иборат буда, ба “Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва амалӣ гардонидани “барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” бахшида шудааст.

Матнҳои таълимӣ ва саволҳо ба мазмуни онҳо, аз як ҷониб барои инкишофи малакаҳои муоширатим донишҷӯён аз забони англисӣ мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, онҳо дониши шогирдонрор дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ менамоянд.

ТЕОРЕТИКО – ПРОЦЕССУАЛЬНЫЕ АСПЕКТЫ ПОДГОТОВКИ СТУДЕН-ТОВ К ПРОФЕССИОНАЛЬНОЙ КОММУНИКАТИВНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

Хошимова Н.М. Теоретико-Процессуальные аспекты подготовки студентов к профессио-нальной коммуникативной деятельности.

Формат А5, мягкой обложка, тираж 100, У.п.л.- 9.

В настоящей монографии рассматрива-ются теоретико-процессуальные аспекты подготовки студентов к профессиональной коммуникативной деятельности. Данная работа посвящается теоретической обос-нованности и практической разработке со-держания и методики формирования про-фессионально- коммуникативных умений и навыков будущих учителей. Полученные на-ми результати могут внести определённый вклад в теоретическую обоснованность в выявлении закономерностей динамики пока-зателей сформированности профессиональ-но- коммуникативных умений и навыков, а также психолога-педагогических механиз-мов обеспечения успешности формируемого процесса в образовательном процессе вузов. Результаты исследования могут послужить ценным материалом в реализации педагоги-ческого общения и формирования профес-сионально-коммуникативных умений в навы-ков, позволяющих профессорско-преподава-тельскому составу вузов целенаправленно и в комплексе решать проблему подготовки студентовт к педагогическому общению. Полученные нами результати могут быть использованы в ходе базовой подготовки бу-душих педагогов в педвузах, переподготовки и повышении квалификации работников сферы образования.

​ШАРҲШИНОСИИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Тоҷибой Султонӣ. «Шарҳшиносии «Маснавии маъна­вӣ». - Хуҷанд: Ну­ри маърифат, 2019.- 280 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт,

теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 16, 74

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуд­ди­ни Балхӣ аз шоҳкориҳои бузурги ирфонии адаб­иёти тоҷикии форсӣ ба ҳисоб меравад, ки то имрӯз барои маърифат ва шинохти рамзҳои он дар кишварҳои мухталиф садҳо кутуби шарҳ таълиф гардидаанд.

Китоби ҳозир аз аввалин осори таҳқиқотӣ дар заминаи муаррифӣ ва нақду таҳлили шарҳҳои «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷа­ло­луддини Балхӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мера­вад.

​ГЕОМЕТРИЯИ АНАЛИТИКӢ

А.А.Миршоев, М.Дадоҷонова Геометрияи аналитикӣ. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 268 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч. 16,75

ISBN 978-99975-62-28-9

Китоби дарсии мазкур донишҷӯёнро бо векторҳо, сис­темаи координатаҳо дар ҳамворӣ ва фазо, амалҳои хаттӣ бо век­торҳо, базис ва координатаҳои вектор нисбат ба он, зарби скал­ярии векторҳо, косинусҳои равонкунанда, таб­дил­диҳии сис­темаи координатаҳо, координатаҳои қутбӣ, хатҳои алгебравӣ, муодилаи хати рост дар ҳамворӣ ва фазо, хатҳои каҷи тартиби ду ва муодилаи қонунии онҳо, сатҳҳои алгеб­равӣ ва ба намуди қонунӣ овардани муодилаҳои онҳо, намудҳои ҳаракати ҳамворӣ, табдилоти ҳамворӣ ва гомотетияшинос менамояд.

Дар маводи мазкур намунаи маводҳои санҷишӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён метавонанд аз онҳо самаранок истифода намоянд.

​МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ГЕОГРАФИЯ

С.А. Охунова, З.М. Муинова, А.Ҳ. Хоҷаева Методикаи таълими география. Қисми 1. Курси лексионӣ. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 232 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт,

теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 14,5

ISBN 978-99975-62-25-8

Китоби дарсии мазкур оид ба омӯзиши фанни методикаи таълими география маълумот дода, паҳлуҳои муҳими истифодаи қонуниятҳои умумӣ ва масъалаҳои ҷудогонаи мтодикаи таълими географияро фаро гирифтааст.

Ин китоб дар асоси таҷрибаи олимон-методистони давраи шӯравӣ, давраи Истиқлолият мураттаб гардида, ҳамчун дастури таълимӣ барои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимиву литсейҳо ва умуман доираи васеи худомӯзон, ки донишу малакаи худро дар азхудкунии методикаи таълими география ва экология ташаккул дода-нианд, истифода мебаранд.

​АЗ ҲАЗОРЧАШМА ТО ЧИКАГО

Аз Ҳазорчашма то Чикаго: Маводи конфронси илмӣ бахшида ба 70-солагии дотсен­ти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Алиҷон Бойматов. - Хуҷанд: СИ Файзибоев М.М. “Меъроҷ”, 2018.-228с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 14,25.

ISBN 978-99975-47-74-3

Дар ин китоб маводи конфронси илмӣ-методӣ доир ба масоили муб­рами забоншиносии муосир ва мето­дикаи таълими он бахшида ба 70-сола­гии дотсенти кафедраи мето­дикаи таълими забонҳои хориҷии Дониш­го­ҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Алиҷон Бойматов гирд оварда шудааст.

​ФАЪОЛИЯТИ РАВОНШИНОС ДАР МАКТАБ

Раҳмонова Д.З., Мухторова М. Асосҳои педа­гогии фаъолияти равоншинос дар мактаб. Китоби дарсӣ. -Хуҷанд, Нури маърифат, 2018. - 256 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 16.

ISBN 978-99975-47-74-3

Дар китоби дарсии «Асосҳои педагогии фаъо­лияти равон­шинос дар мактаб» доир ба асосҳои педагогии фаъолияти ра вон­ши­носон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маълумот дода шуда, накши равон­шинос дар замони муосир нишон дода шу­да­аст.

Мавзӯъҳое, ки дар китоб оварда шудаанд, дар мувофиқат бо Стандарта давлатии таҳ­силот ва нақшаи таълимии ихтисоси психология интихоб карда шудаанд. Китоб фарогири масъалаҳои омодасозии равон­ши­носон ба фаъолияти педагогӣ дар мактаб мебошад.

​МЕТОДИКАИ ТАЪ­ЛИМИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ

Исломов О.А., Азизов Ш.Ю., Бобоева Ш.Ҳ. Методикаи таъ­лими санъати тас­вирӣ (дар низоми муносибати салоҳият­но­кӣ). Китоби дарсӣ. – Хуҷанд: Нури маъ­рифат, 2018. - 342 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 21, 375

Китоби дарсии методикаи таълими санъ­ати тасвирӣ бо мақсади омода намудани омўзгорони фанни санъати тасвирӣ барои татбиқи стандарти фанни нав ва гузариш ба муно­сибати сало­ҳият­ноки таълим та­ҳия шудааст. Он дар асоси низоми му­но­си­ба­ти босалоҳият донишҷўёнро бо назария, принсип, методоло­гияи таълиму тарбия ва арзёбии таълими салоҳиятнок шинос наму­да, ба онҳо имконияти дарк ва истифодаи стан­дар­ти нави фанро фароҳам меорад. Кито­би дарсӣ ба­рои дониш­ҷўёни донишгоҳҳои омўзгорӣ ва омўзгорони фанни санъати тасвирӣ пешбинӣ шудааст.

ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК (Қис. I)

Мирзоҳабиб Аҳмадов. Таълими ада­биёти тоҷик (Қисми I). Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои фило­ло­гии мактабҳои олии Тоҷикистон. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.- 252 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 15,75.

ISBN 978-99947-880-3-3

Дар китоби мазкур масъалаҳои таълими фанни адабиёти тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои адабиву таълимӣ ва осори методии то ба имрӯз аз тарафи мутахассисони ватаниву хориҷӣ таълифгардида бо назардошти таҷрибаи бисёрсолаи омӯзгорони беҳтарини забону ада­биё­ти тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

​ОСНОВЫ ЭКОНОМИЧЕСКОЙ ТЕОРИИ

Исмаилов М.М., Хайдаров Б.У. Ос­но­вы экономической теории (для не­эко­номических специальностей). – Худ­жанд, Нури маърифат, 2018.-180с.

Формат А5, обложка мягкая, тираж 100, ус.п.л. 11,25

Учебное пособие «Основы экономи­ческой теории» посвящена изу­че­нию курса экономики для неэконо­мичес­ких специальностей.

​РАНГУБОРИ МАСНУОТ

М.М. Таирова, М.А. Ӯзбекова. Рангу­бори маснуот (китоби дарсӣ). - Хуҷанд: Нури маърифат,2018.-84 с.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 50, ҷ.ш.ч. 5,25, пурра ранга.

Китоби мазкур фарогири мавзӯъ­ҳои асосии фанни рангубори мас­ну­от буда, дар он моҳият ва усули тай­ёр­­кар­да­ни онҳо бо намуна ва тас­вир­ҳои тавзеҳӣ инъикос гашта­анд.

Маводи таълимӣ дар асоси тала­бо­ти стандарти давлатӣ таҳия гарди­да, барои донишҷӯёни ихтисоси ди­зай­­ни маҳсулоти дӯзандагии ва ҳаво­до­рони ҳунари шибборӣ оид ба рангу­бори маснуот донишҳои зару­риро пешниҳод менамояд.

​Раҳнамои ҳалли масъалаҳо аз физика

Р. Ҳалимов ,Б. Қодиров,С. Ота­ҷо­нов. Раҳнамои ҳалли масъалаҳо аз физика.- Хуҷанд:Нури маърифат, 2017. -280с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 17,5.

Дар китоб ҳамаи масъалаҳои фасли “Механика”-и китоби А.П. Римкевич ( Душанбе: Маориф, 1989) бо ҳалли пурра ва ҷавобаш оварда шудааст. Баёну ҳалли масъалаҳо ривоҷи нутқ ва фикрронии хонан­дагон ёрӣ расонида, дар оянда ба масъалаҳои дигар роҳкушо мегардад. Китоб ба муаллимони ҷавон, дониш­ҷӯён ва шахсоне, ки мустақилона ба омӯхтани фанни физика шурӯъ менамоянд, муфид хоҳад буд.

​С А Н А Д Ҳ О И меъёрии ҳуқуқии низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Хуҷанд: Нури маъри­фат, 2018. - 308 с.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 19,25

​Методикаи таълими забони тоҷикӣ

Ҳоҷиев С. Методикаи таълими забони тоҷикӣ. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. -400 с.

Китоби мазкур дар асоси пешрафт ва навгониҳои илми методикаи таълими забони тоҷикию русӣ, илмҳои педагогика, психология ва забоншиносии тоҷик таълиф гардидааст. Китоб аз ҳафт боб иборат буда, дар он масъалаҳои асосӣ ва муҳими методикаи таълими забони тоҷикиро мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Муқаддимаи забоншиносӣ

Ғиёсов Н. Муқаддимаи забоншиносӣ. Маҷмӯи маводи таълимӣ: силлабус, дастури таълимӣ ва саволҳои санҷишии назорати ниҳоӣ.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 348 с.

Маҷмӯаи маводи таълимӣ барои донишҷӯёни курси якуми шуъбаҳои арабӣ, форсӣ ва хитоии факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар асоси барномаи таълимӣ мураттаб шудааст.

Маҷмӯаи оморӣ

Маҷмӯаи оморӣ (маълумоти омории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2018). –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 116с.

Маҷмӯаи мазкур фарогири маълумоти омории солонаи самтҳои таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, хоҷагӣ ва иттилооту таҳлили Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар соли 2018 буда, барои истифодаи раёсату шуъбаҳо, факултету кафедраҳои донишгоҳ ва дигар хоҳишмандону таҳлилгарон тавсия карда шудааст.

Солнома-2018

Солномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бо фарогири муҳимтарин дастовардҳо, рӯйдодҳо ва навгониҳову натиҷаҳои назарраси раванди таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналхалқӣ, молиявию иқтисодӣ ва таҳлиливу иттилоотии донишгоҳ дар соли 2018 таҳия ва нашр гардида, барои раёсат, шуъбаҳо, зерсохторҳо, садорати факултету кафедраҳои донишгоҳ ва устодону донишҷӯён тавсия карда шудааст.

Солномаи мазкур зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. дар ҳаҷми 454 саҳифа дар матбааи "Нури маърифат" чоп гардидааст. Муҳаррирони солнома муовинони ректор Раҳимов А.И., Сабуров Х.М., Давлатзода Р., Азизов А.А., Раҳмонов Ш.А. буда, мураттибони он сардорон ва масъулони раёсату шуъбаҳои донишгоҳ: Ҳодибоев Ф.А., Сабуров М.И., Абдуллоев Р.Х., Ҳамробоев Н.А., Каримов Т.Д.,Файзуллоев А.Н.,Ӯлмасов М.,Исмоилов Х.Қ. ва Нурматов Ш.Ш. мебошанд.

АРМУҒОНИ НАВРОҲОНИ ИЛМ №4

Армуғони навроҳони илм №4: Маҷ­мӯаи мақолаҳои магистрантони До­ниш­гоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Ху­ҷанд: Нури маърифат, 2018. – 278 с.

Андозаи А4, муқоваи нарм, теъдод 100, ҷ.ш.ҷ. 35.

ХУРШЕДИ ТОБОНИ МАЪРИФАТ

Хуршеди тобони маърифат. Маҷ­мӯаи мақолаҳо бахшида ба 60-солагии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳкамова Бароат. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. - 336 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 50 дона, ҷ.ш.ҷ. 21.

Маҷмӯаи мақолоти мазкур ду бахши асосиро фаро гирифта, дар бахши аввал меҳрномаҳои устодон, ҳам­корон, дӯстону шогирдон ҷой дода шуда, дар бахши дуюм мақолаҳои илмӣ ворид гардидаанд. Умед аст, ки хонандаи соҳиб­маърифат барои худ аз он баҳрае хоҳад бардошт.

ЧАШМАИ БОВАР

Маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба фаъо­лияти илмиву эҷодии номзади илмҳои филология, дотсент Мавҷуда Ӯрунова. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2017.-364с Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 22,75.

Дар китоб баробари мақолаҳои ҳамкорону дӯстон дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти илмии Мавҷуда Ӯру­нова силсилаи зиёди ҷусторҳои ил­мии олимони номвар, ҳамчунин ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷой дода шудааст.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ МИНТАҚАВИИ

Муаммоҳои муосири компютеркунонии раванди таълими математика ва технологияи иттилоотӣ”

бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии Донишгоҳи давлатии Ху­ҷанд ба номи академик Бобоҷон Ға­фуров ва факултети мате­ма­тика. –Хуҷанд:Нури маърифат, 2017. -180 с.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 65 дона. Ҷ.ш.ҷ. 12,5.

ISBN 978-99975-62-01-2

СУХАН АЗ ГАВҲАРИЁНИ СУХАН

М. Олимҷонов. Сухан аз гавҳа­риёни сухан. (маҷ­­­мӯаи мақо­лаҳои илмӣ). -Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. -436 с.

Андозаи А5, му­қоваи сахт, теъ­дод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 27,25

ISBN 978-99975-62-02-9

Дар маҷмӯаи мазкур мунтахаби мақолаҳои солҳои охир навиштаи дот­сенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Мӯсо Олимҷонов гирд омадаанд. Маҷмӯа аз чаҳор бахш иборат буда, бахши аввал мақолаҳои илмӣ, бахши дувум тақризҳо, бахши севум меҳрнома ва бахши чаҳорум ёдномаҳоро дар бар мегирад.

ФАРЁДИ ЁДҲО

СУРУШ. Фарёди ёдҳо. – Хуҷанд: Ну­ри маърифат, 2018. -148 саҳ.

Андозаи А6, муқоваи сахт, теъдод 50, ҷ.ш.ч. 5.

Дар маҷмуъаи “Фарёди ёдҳо” Шеър ба Ишқ ва Ишқ ба Шеър бадал шуда. Дар сурудани ашъори ошиқона шоир аз забони тозаву зиндаи муосир истифодат карда, дар самбулу устураҳо ва тасвирҳои зебову кам­назир эҳсосу афкори худро ошиқонаву шоирона гунҷоиш додааст. Аз ин­ҷост, ки Ишқ дар ин ошиқонаҳо ҷил­вае зинда ва табиӣ дорад мисли вуҷу­ди худи Инсон.

Ваҳдат – мароми олии миллат Единение – главный цель нации Бирлик – миллатнинг олий мақсади

Набиев Ваҳҳоб Марафович. Ваҳдат – мароми олии миллат: Маҷмӯаи асарҳо. Единение – главный цель нации: Сборник трудов. Бирлик – миллатнинг олий мақсади: Асарлар туплами. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – 400 с.

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 25.

ISBN 978-99975-903-5-0

Танзим – асоси Ҳаёти босаодат

(Бахшида ба истиқболи 25- солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.)–Ху­ҷанд: Нури маърифат, 2018.–132 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 140 дона, ҷ.ш.ҷ. 8,25.

Маҷмӯаи мазкур фарогири 22 ма­қолаҳои илмӣ-оммавӣ буда, дар он паҳлуҳои мухталифи Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тан­зими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тағйи­роту иловаҳои воридгардида, ба таври возеҳ шарҳу баррасӣ ёфтаанд.

Иҷлосияи такдирсоз – оғози наҷоти миллат

(Бахшида ба истиқболи 25- солагии Иҷ­лосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.) –Ху­ҷанд: Нури маърифат, 2018.–128с.

Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 140 дона, ҷ.ш.ҷ. 8.

Маҷмӯаи мазкур фарогири 21 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ буда, дар он хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул, фарҳанги сулҳпар­варӣ, ҷавҳари созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон ва миллати тоҷик мавриди омӯ­зиш ва таҳлилу тадқиқ қарор гириф­тааст.

МУАММОҲОИ МУОСИРИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶАҲОН­БИНИИ ИЛМИИ ҶОМЕА

(маводи конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявии) бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии тоҷикистон (Хуҷанд, 26-27 октябри соли 2018). – Хуҷанд: Нури маърифат. – 392 саҳ.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ч. 49.

Дар маҷмўа мақолоте ҷамъоварӣ гаштаанд, ки муҳтавои онҳо муам­моҳои илмҳои дақиқ, татбиқот ва масъалаҳои таълими онҳоро дарбар мегирад. Мақолоти илмии мутахас­сисони маъруфи риштаи илмҳои дақиқ аз Федератсияи Россия низ дар маҷмӯа ворид гардидаанд.

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, АҚИБГАРДИИ ПИРЯХҲО ВА ТАЪСИРИ ОН БА ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

(Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028”). -Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. -316 с.

Андозаи А4, муқоваи нарм, теъдод 65 дона, ҷ.ш.ҷ. 39,5.

Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои олимону мутахассисон дар самтҳои мухталифи табиатшиносӣ ва муаммоҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи сарватҳои обӣ аз мавқеи экологӣ, гидрологӣ, геологӣ ва ғайра баррасӣ гаштаанд.

ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК (Қис.2) М. Аҳмадов. Таълими адабиёти то­ҷик, қисми 2

(Китоби дарсӣ барои до­ниш­ҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олии Тоҷикистон. – Ху­ҷанд: Нури маърифат, 2018.- 336 с. Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 21.ISBN 978-99975-62-19-7

Қисми дуюми китоби дарсии «Таълими адабиёти тоҷик» роҷеъ ба масоили таълими ҷинсҳои адабӣ, таърихи адабиёт, нақди адабӣ, назарияи адабиёт, мавзӯъҳои обзорӣ, шарҳи ҳоли адиб, кор бо матни асари бадеӣ, корҳои мустақилонаи хонандагон ва дигарҳо баҳс мекунад. Инчунин барои барои омӯзгорону толибилмон дар тадриси фанҳои тафсири шеър ва таҳлили матни асари бадеӣ низ метавонад хидмат кунад.

СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Сиёсати забон дар Тоҷикистон: мав­қеи таълими забони хориҷӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат. – 300 саҳ.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 18,75.

Китоб дар асоси маводи Конфе­ренсияи вилояти Суғд оид ба масоили такмили таъ­ли­ми забонҳои хориҷӣ дар факул­тетҳои ғайри­за­бонии мактабҳои олӣ бахшида ба 85-со­ла­гии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафу­ров, 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон та­ҳия гар­ди­дааст.

Он ба методистон, омӯзгорони забон­ҳои хориҷии мактабҳои олӣ ва миёна, ма­гис­трантон, донишҷӯён, дои­раи васеи омӯ­зандагони забонҳои хориҷӣ тавсия ме­шавад.

ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

(маҷмӯаи мақолаҳои конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 27 декабри соли 2018). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017, 614с.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 65 дона. Ҷ.ш.ҷ. 76,75.

ISBN 978-99975-62-03-6

Маҷмӯаи мазкур дар заминаи маъ­рӯ­заҳои донишмандон ва устодони мак­табҳои олии кишвар аз конфронси ҷумҳурявӣ таҳти унвони «Илм ва амнияти миллӣ», ки санаи 27 декабри соли 2017 дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид фароҳам омадааст. Китоб барои ҳар нафаре ки амният ва бехатарии киш­вару миллатро муқаддам меҳисобад дастури муфид хоҳад буд.

ЁДНОМАИ УСТОДОНИ СУХАНШИНОС (нашри дувум бо тағйиру иловаҳо)

Саидумрон Саидов. Ёдномаи устодони суханшинос. -Хуҷанд, Нури маърифат: 2017. -288 с. Андозаи А5, муқоваи нарм, теъдод 65 дона. Ҷ.ш.ҷ. 18.

Китоби “Ёдномаи устодони суханшинос” маҷмӯи хотираҳо аз рӯзгор ва фаъолияти устодони фақиди факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Дар китоб хотираҳои рӯшани ҳамкорон ва шогирдони олимони ин даргоҳ инъикос ёфтааст, ки хонандаро бо паҳлӯҳои зиндагии гуногуни он азизон ошно месозад. Китоб дорои арзиши таърихӣ ва адабӣ буда, ҳамзамон дарси ибрат барои имрӯзиён мебошад.

Сафинаи сухан

Осорнома ва нақди осори Матлубаи Мирзоюнус. Гирдоварӣ ва таҳияи С.Аъзамзод ва Б.Раҷабов. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2018, - 500 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 65, ҷ.ш.ч. 31,25

Маҷмўаи «Сафинаи сухан» аз феҳрасти асарҳои илмӣ, илмӣ-мето­дӣ ва публитсистии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мир­зо­юнус ҳамзамон мақолаву тақриз, мактуб ва шеърҳо дар бораи сифат­ҳои инсониву илмии ў фароҳам ома­дааст.

Машъалафрӯзи таърих

(маводи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Саҳми профессор Ғафур Ҳайдаров дар рушди илми таърих ва тарбияи мутахассисони баландихтисос» бахшида ба 90-солагии зодрӯзи профессор Ғафур Ҳайдарович Ҳайдаров). -Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.- 292 с.

МАШЪАЛАФРӮЗИ ТАЪРИХ

(маводи Конференсияи илмӣ-ама­лии ҷумҳуриявии «Саҳми профессор Ғафур Ҳайдаров дар рушди илми таърих ва тарбияи мутахассисони баландихтисос» бахшида ба 90-солагии зодрӯзи профессор Ғафур Ҳайдарович Ҳайдаров). -Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.- 292 с.

Андоза А5, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч.18,25

Дар маҷмӯаи ҷашнии мазкур мақ­олаҳои ҳамкорон, шогирдони устод Ға­фур Ҳайдаров оид ба рӯзгор, осори илмии ӯ гирд оварда шудаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти омӯ­­з­горӣ, устодӣ, илмӣ ва ҷамъиятии олимро инъикос менамоянд.

Ойинадори нақди адабӣ

Маҷмӯаи мақолаву тақризҳо бахшиида ба 85-солагии профессор Атахон Сайфуллоев.–Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.– 370 с.

Андоза А5, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч.23,0

«Ойинадори нақди адабӣ» маҷмӯаи мақола ва тақризҳое аст, ки дар он саҳми арзандаи адабиётшинос ва мунаққиди номвар Атахон Сайфул­лоев дар рушди адаби-ётшиносиву нақди адабии тоҷик ва ҷойгоҳи осори илмӣ-тадқиқотии ӯ арзёбӣ шудаанд.

Гулномаҳои хотира

Маҷмӯаи ёдномаи ҳамкорону пайван-дони дотсент Темурхон Мақсудов. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. -224 с.

Андозаи А5, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 14. Дар маҷмӯаи мазкур меҳрномаву ёдномаи ҳамкорону шогирдон ва пай­вандони Аълочии маорифи ИҶШС, ном­зади илмҳои филологӣ, дотсент Темурхон Мақсудов гирд­­оварӣ шуда­аст. Маҷмӯа аз ду қисм иборат буда, дар қисмати аввал меҳрномаву ёд­нома ва дар қисмати дувум тақриз­ҳое, ки ба осори дот­сент Т.Мақсудов иншо шуда­анд, гирд омадаанд. Ки­тоб ба ифтихори 90-солагии дот­сент Т.Мақ­судов таҳия шуда, тӯҳ­фаи арзандаест ба ҳа­маи ҳамкорону шогирдон, пай­вандон ва муҳиббони устоди зиндаёд.

Роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез

(маводи Конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, Хуҷанд, Донишгоҳи дав-ла¬тии Хуҷанд ба номи академик Бо-бо¬ҷон Ғафуров, 18 июни соли 2018). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. - 320с.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 100, ҷ.ш.ч. 20 Маҷмӯаи мазкур дастури муфидест дар мав­риди шинохти вазъи кунунии сиёсии олам ва дарки масъулият барои ҳаифз ва пойдории амнияти миллӣ. Конференсия дар партави суханронии Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон дар ма­ро­сими ифтитоҳи Конфронси байнал­ми­лалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Му­қо­вимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”баргузор гардидаааст.

«Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик»

(маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷум¬ҳуриявии илмӣ-назариявӣ, Хуҷанд, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафу¬ров, 6-7-уми апрели соли 2018). –Ху¬ҷанд: Нури маъри-фат, 2018.–520 с.

Андозаи А4, муқоваи сахт, теъдод 100 дона, ҷ.ш.ҷ. 65.

Маҷмӯаи мақолаҳои мазкур ба иф­ти­­хори 140-умин солгарди бунёд­гу­зо­ри адабиёти навини тоҷик,Қаҳра­мони Тоҷи­кистон Садрид­дин Ай­нӣ бахшида шуда, дар он масъа­лаҳои мубрами эҷо­ди­ёти ада­биву илмии устод ва муаммоҳои айни­ши­но­сӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта­анд.