Кафедраи барномарезӣ

Телефон барои маълумот

  • Бинои 1 ошёнаи 3

Яке аз ҷавонтарин кафедраи донишгоҳ, кафедраи барномарезӣ бо фармоиши ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аз 12 – уми июни соли 2015 таҳти №154 да назди факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуд. Ҳайъати он дар солҳои таъсисёби аз устодони соҳибтаҷриба Раҳимов Ҷ.А., Музафаров Д.З., Низомиддинов С.Ш., Нуриллоев Х.Р., Абдураҳимов О.С., Саидвалиев А., Шарипов Ҷ., Шодиев С., Аъзамов Н. иборат буданд. Кафедраи барномарезӣ мутахассисони дараҷаи бакалаврро аз рӯи ихтисосҳои 1-40 01 01- Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ, 1-98 01 01- Амнияти компютерӣ ва дараҷаи магистр аз рӯи ихтисоси 1-31 03 04 - Информатика тайёр менамояд. Дар баробари ин, дар назди кафедра ихтисоси 6D075101- Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ фаъолият дорад, ки барои тайёр намудани мутахассисони дараҷаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос фаъолият мекунад. Ҳоло дар кафедра 5 нафар номзади илм ва 8 нафар муаллимон фаъолияти таълимию илмӣ ва тарбиявиро пеш бурда истодаанд.

Ба феҳрасти фанҳои кафедра фанҳои фундаменталии барномарезӣ, амалияи барномарезӣ, базаи маълумот, Web-дизайн, Web-технологияҳо, инчунин, фанҳои тахассусии забонҳои барномасозии муосир ва балоиҳагирии базаи маълумот шомил мебошанд. Кафедра тавассути фанҳои интихобӣ навовариҳо дар технологияҳои навини иттилоотиро инъикос менамояд. Бинобар ин, ба феҳрасти фанҳои кафедра фанҳои барномарезӣ дар Java, Android - барномарезӣ, барномарезии тафаккури сунъӣ, бунёди замимаҳои кроссплатформавӣ, технологияҳои муосири бунёди Internet-низомҳо, эътимоднокии низомҳо ва шабакаҳои компютерӣ ва ғайра дохил карда шудаанд.

Фаъолияти илмии кафедра пурра аз рӯи барномаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуда, ба коркарди маводҳои таълимӣ, ба монанди комплексҳои таълимӣ-методӣ, маводҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, муаррифии фанҳои кафедра, технологияҳои таълимӣ дар низоми кредитии таҳсилот, ки ба фанҳои марбути кафедра бахшида шудаанд, равона карда шудааст. Дар назди кафедра семинари илмӣ-методӣ, маҳфили донишҷӯён бо номи «Барномасоз», инчунин, семинари магистрантону докторантон амал мекунанд.

Аъзоёни кафедра тайи чанд сол аз рӯи лоиҳаҳои байналмилалӣ такмили ихтисос мегузаранд. Маҳз иштироки аъзоёни кафедра дар лоиҳаи Tempus PROMIS замина барои ташкили ихтисоси дараҷаи магистр аз рӯи «Информатика ҳамчун салоҳиятнокии дуюм» гардид. Иштирок дар кори лоиҳаҳо имконият медиҳанд, ки омӯзгорон аз такмили ихтисос гузашта, таҷрибаи таълимиро бо намояндагони донишгоҳҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ робита намоянд. Дар солҳои охир як қатор омӯзгорони кафедра дар давлатҳои Олмон, Финляндия, Фаронса, Латвия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок намудаанд. Инчунин, ҳамасола магистрантон ва докторантони кафедра аз рӯи лоиҳаи Erasmus+ ба давлатҳои Аврупо барои таҳсил сафарбар мегарданд. Донишҷӯёни зинаи бакалавр дар озмуни навоварон ва ихтироъкорон бо лоиҳаҳои технологӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.

Дарсҳои таълимии фанҳои ба кафедра марбут дар лабораторияҳои муосири компютерӣ, ки бо таҷҳизотҳои зарурӣ, ба монанди компютерҳои серверӣ, терминалӣ, фардӣ, видеопроекторҳо ва тахтаҳои интерактивӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, гузаронида мешаванд. Дар лабораторияҳои компютерӣ технологияҳои пешқадами таълимӣ, ба монанди идоракунии комили компютерҳои терминалӣ, серверҳои ягонаи базаи маълумотӣ ва технологияҳои шабакавӣ истифода бурда мешаванд.

Айни замон кафедра ба яке аз марказњои бонуфузи тарбияи кадрњои соњибунвон табдил ёфта, њайъати он аз 5 номзади илм, дотсент (Ҷ.Раҳимов, Д.Музафаров, С.Низомиддинов, Х.Нуриллоев, Б.Мироватова), 6 нафар муаллимон (О.Абдураҳимов, А.Саидвалиев., И.Сабуров., Д.Исмоилова, М.Фозилова, З.Ниёзматова) иборат аст.

Кафедра дар маљрои омода намудани кадрҳои баландихтисос низ сањми назаррас мегузорад. Таҳти роҳбарии мудири кафедраи барномарезӣ н.и.и., дотсент Нуриллоев Х.Р. дар назди кафедра семинари илмию назариявии устодон ва мањфилҳои ихтироъкорону навоварон таҳти “Барномасозони ҷавон” ва “Робототехника” мунтазам гузаронида мешавад.

Устодони кафедра мунтазам дар конфронсу семинарњои байналхалќї, љумњуриявї ва вилоятиву донишгоњї бо маърўзањо баромад мекунанд.