ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДОНИШГОҲ

Иттифоқи касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ баробари таъсиси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар аввал ташкилоти мазкур мустақилона фаъолият мебурд. Баъдан самтҳои фаъолияти худро бо низоми кории раёсати донишкада ва баъдан донишгоҳ ҳамоҳанг кард. 

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба айни ҳол беш аз 12 ҳазор нафар аъзо дорад, ки онҳо аз ҳисоби устодону донишҷӯён ба ин ташкилот шомил гардидаанд. 

Мақсад, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Барнома ва Низомномаи иттифоқи касаба муайян мекунанд. 

Вазифаҳои асосии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ҳимояи ҳуқуқу имтиёзҳои қонунии кормандон маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, ташкилоти мазкур ҷиҳати ташкили шароити меҳнат, манзил, тартиб ва реҷаи кор, меъёр ва маош бо маъмурияти донишгоҳ ҳамкориро ба роҳ мемонад. Баробари ин, ба риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат барои қабул ба кор ва озод кардан аз кор мусоидат менамояд. {аллу фасли маҷмӯи баҳсу мунозираҳои меҳнатиро ҳамроҳ бо маъмурияти донишгоҳ ба роҳ мемонад. 

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба иборат аз он аст, ки аз номи ҷомеаи меҳнатӣ ба шартнома имзо мегузорад. Кумита ташкили ҳифзи саломатии кормандон, донишҷӯён, ёрии моддӣ ба ятимон, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоатро таъмин менамояд. 

Иттифоқи касаба аз интиҳои солҳои 70-уми асри гузашта ташкилоти устодону кормандон ва донишҷӯёнро муттаҳид намуда, номи кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаро гирифт. Солҳои гуногун Т.Қ.Қурбонов, А.Н.Набиев, Е.Н.Кривошеева, З.Н.Умеренкова, А.Ш.Шарипов, М.И.Шамсиддинов сарварии ин ташкилотро ба ӯҳда доштанд. 

Аз соли 2003 то ҳол раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба дотсент М.С.Мироватов мебошад. Дар ин давра дар фаъолияти кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Теъдоди зиёди кормандону донишҷӯёни донишгоҳ аз роҳхатҳои истироҳатӣ истифода намуда, қисмате аз донишҷӯёни дигар бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин гардиданд. Махсусан, донишҷӯёни бо квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохилшуда аз чунин як хобгоҳи ҷудогонаи муҷаҳҳази замонавӣ бархурдор мебошанд. Зиёда аз 52 нафар устоди донишгоҳ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.  


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар