ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо

ЭЪЛОН

Раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (мактуби № 141/011) бо мақсади ҷалби шахсони болаёқат ба навоварию ихтироъкорӣ, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот Озмуни навбатии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон-созандагони Ватан» баргузор менамояд.

Дар даври якуми озмун, ки дар донишгоҳ сурат мегирад, донишҷўён, магирстантон, аспирантону унвонҷўён ва устодон иштирок карда метавонанд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд пешниҳод шаванд:

- синну сол то 30 сола;

- нусхаи шиноснома;

- тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;

-маълумот дар бораи лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (якҷоя бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар мавод дар шакли матн).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 июни соли 2018

Телефон барои маълумот: 93-780-05-24

Почтаи электоронӣ: bohir-1988@mail.ru

 Раёсати илм ва инноватсия

 


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар