ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



ба қафо

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

Шўъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани устодону донишҷўёни донишгоҳ дар барномаҳои байналмилалӣ ва идрору имкониятҳои таҳсилу такмили ихтисисос ва ширкат дар конфронсу семинарҳои ва ҳамоишҳои байналимилалӣ тасмим гирифтааст, ки базаи суроғаҳои электронии муштариёнашро ғани гардонад ва эълонҳро ба онҳо саривақт дастрас намояд.

Бояд гуфт, ки ШРБ-и ДДХ Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров солҳост ки ба зиёда аз 1000 нафаро муштариёни худ тариқи суроғаи электронӣ эълонҳои тозаро дастрас мекунад ва ҳамасола садҳо муҳассилини донишгоҳамону берун аз он баҳрабардор шуда, дар донишгоҳҳои бонуфзи мамолики дуру наздик сайқали илму дониш ва таҷриба мекунанд.

Аз ин лиҳоз, аз тамоми хоҳишмандони дар барномаҳои байналмилали ширкаткунанда дархост карда мешавад, ки суроғаҳои электронии худро (почтаи электронӣ) ба базаи суроғаҳои электронии ШРБ- и ДДХ номнавис кунанд ё ба суроғаи электронии ШРБ ksuiroimkon@gmail.com    ва jamzokiri@gmail.com  як мактуби дархостӣ ирсол кунанд.

Барои маълумоти бештар ба рақами телефони корӣ  +992 3422 67714 ва +992928901117 ё утоқҳои 222 ва 217 муроҷиат кунед.

Ҷамшед ИСТАМҚУЛОВ

Сармутахасиси шўбаи

 робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ

 

 


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар