PHONE:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
TODAY
HOUR

ADVERTISEMENT



ба қафо

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

Тӯли 2 сол аст, ки омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ дар барномаи ЕТМ, ки аз тарафи сафоратхонаи Амрико ташкил карда шудааст, иштирок мекунанд. Ин  барнома барои такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ мусоидат менамояд. Аллакай аз рӯи барномаи  мазкур 7 нафар омӯзгорони факултет соҳиби шаҳодатномаҳо гардидаанд,  ки ин иштирокчиён баъди  соҳиб шудан ба шаҳодатномаҳо ду семинарҳои ҳисоботӣ ташкил карда, гузарониданд. Семинари ҳисоботии якум моҳи июли соли 2017 дар Осоишгоҳи “Баҳористон” бо иштироки намояндагони сафоратхонаи Амрико ва 15 нафар омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд. Семинари навбатии ҳисоботӣ аз рӯи барономаи ЕТМ санаи 27.03.2018 дар факултети забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд. Дар семинари мазкур намояндагон аз сафоратхонаи Амрико Линей Ҳосек, Джейн Джордж ва Таҳмина Ниёзова, декани факултет ва 30 нафар омӯзгорон   иштирок карданд. Инчунин ба семинари мазкур омӯзгорони забони англисии донишгоҳҳои вилоят низ даъват карда шуданд.

Дар натиҷа иштирокчиёни семинар соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
read more

ДДХ
«FURUGH» EDUCATIONAL TV
Read more

ДДХ
EDUCATIONAL RADIO
Read more

Electronic
CONTACT FORM
Read more