ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН

  • ҲАМКОРИИ ТАЪРИХӢ ВА СУДМАНД

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


ЧОРАБИНӢ ОИД БА ШАРҲИ ҚОНУНҲОИ НАВ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
Бо мақсади баррасӣ ва ба самъи  донишҷўён  расонидани зарурати  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   имрўз ба факултети  педагогӣ  муовини  раиси Суди  шаҳри  Хуҷанд Раҳмон  Ҷўрахон Қурбоналӣ  ва судяи Суди шаҳрӣ  Саидмухторзода  Шўҳрат ташриф оварданд.
Аз назар гузарониданд: 136 нафар

ИСТИҚЛОЛИЯТ- ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТ
Бо ташаббуси кафедраи таърихи Ватан бо иштироки устодон ва донишҷӯён дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият– дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои таърих» баргузор гардид. 
Конфронсро декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Назира Маҳмудова бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бахусус дар бораи хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Аз назар гузарониданд: 142 нафар

НИШАСТИ НАВБАТИИ МАҲФИЛИ “ГАНҶИ СУХАН”
   Нишасти   154-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи забон дар  толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров  баргузор гардид. Дар он бештар аз 200 нафар устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро масъули маҳфил номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Нахуст ӯ  оид ба ворид шудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар карда, муҳимияти ин санади мардумиро таъкид кард. Ӯ гуфт ин санади муҳим аз он шаҳодат медиҳад,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари андешаи ободиву осудагии мардум моро ба сӯи маънавиёт раҳнамоӣ менамоянд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Манзура Шамсиева салому паёми Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонида, оид ба мақоми забони тоҷикӣ ва сиёсати забонӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард. Баъдан дар мавзӯи “ Иҷлосияи 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сароғози саодату ободии Ватан. муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба тарбия Шамсиддинов Мӯъминҷон суханронӣ намуда,  арзиши таърихии ин воқеаи сиёсиро тазаккур дод.
Аз назар гузарониданд: 158 нафар

ИСТИҚЛОЛИЯТ- ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТ
Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Истиқлолияти миллӣ ва рушди Тоҷикистони навин” бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. 
Дар кори конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Шамсиева Манзура Набиевна ва устодону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Аз назар гузарониданд: 180 нафар

ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН FАФУРОВ ҚАБУЛИ АСПИРАНТОНРО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2017- 2018 (ба тарзи таҳсили рўзона ва ғоибона, гурўҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ)
Аз назар гузарониданд: 226 нафар

МАШВАРАТИ ОМЎЗИШӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
Дар факултети педагогӣ бо иштироки кули омўзгорон ва кормандону коргузорон семинар – машварати омӯзишӣ роҷеъ баҷорӣ сохтани низоми нави холгузорӣ ва гузариш ба тарзи таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардид.  Машваратро  декани факултет С. Рабиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо дастуру  супоришҳои раёсати донишгоҳ шинос намуд. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки риояи қатъии низоми меҳнат аз ҷониби устодон ба роҳ монда шуда, ҷадвали навбатдорӣ ба таври қатъӣ риоя карда шавад. Декани факултет кураторон ва омўзгорони фанниро вазифадор намуд, ки минбаъд дар оғози ҳар як дарс 5 дақиқаи онро ба масъалаҳои сиёсӣ ва навидҳои рўзмарра бахшида, сатҳи донишҳои сиёсии донишҷўёнро баланд бардоранд. 
Аз назар гузарониданд: 261 нафар

ТУҲФА ДАР РЎЗИ ДОНИШ
Дар оғози соли хониш дар маросими таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва муттахассиси пешбари Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзотоҳир Набиев ду майдончаи варзишии хурд дар микроноҳияи 17-уми шаҳри Хуҷанд дар шафати биноҳои таълимии №1 ва №2 ба истифода дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳ донишҷўёни варзишгар ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, барои ин ибтикор ва дастгирӣ ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос ва миннатдории худро баён намуданд. 
Аз назар гузарониданд: 223 нафар

ТАШРИФИ МАҲМАДАЛӢ ВАТАНЗОДА БА ДОНИШГОҲ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи корӣ оид ба шарҳи нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нав қабулшуда бо сардории Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйироти муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.
Аз назар гузарониданд: 286 нафар

<< < 41 | 42 | 43 | 44 | 45 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 10 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар