ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ДОНИШГОҲ

  • НАВРӮЗ-ҶАШНИ ҲУҶАСТАПАЙ

  • Таҷлили Наврўзи ҷаҳонӣ дар донишгоҳ

  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар факултети биология ва химия, кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ, семинари илмӣ-назариявии оиди ҳафтаи илм дар факултет гузаронида шуд. Дарчорабинии мазкур, устодон, донишҷўён ва магистрони ихтисоси «Химия” иштирок намуданд. Дар семинар координатори лоиҳа, профессори кафедраи забонҳои арабӣ Ғаффорова У. таҳти унвони“ Татбиқи лоиҳаи байналмиллалӣ “ERASMUS +” “TUTURIAL” дар донишгоҳ”  маърӯза намуд.

Аз назар гузарониданд: 98 нафар

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 30-юми март дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ифтитоҳии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Тағйирёбии иқлим, ақибгардии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ» бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 баргузор гардид. Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, меҳмонони конференсияро: Тоҷибой Султонӣ – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Холназар Муҳаббатов - доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,  Ӯктам Муртазоев - доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Алишер Ҷӯраев - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Аз назар гузарониданд: 130 нафар

ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ПОЙДОР ВА БОСАМАР БОД!

Дар доираи иштирок дар Наврӯзи вилояти Суғд аз намояндагони зиёии Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 28.03.2018 соли равон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд профессор Холмуродов Рустам Ибрагимович бо гурӯҳи омӯзгорони  донишгоҳи мазкур ташриф оварданд.

Ҳадафи асоси ташрифи меҳмонони олиқадр ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо фаъолияти гуногунсоҳа ва густурдаи таълимӣ, илмӣ инноватсионӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. 

 

Аз назар гузарониданд: 193 нафар

ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи иттилои Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ рӯзҳои 15-16-уми марти соли 2018 Олимпиадаи 5-уми ҷумҳуриявии  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар қатори 251 донишҷӯ аз 24 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ иштирок намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 156 нафар

ГАНҶҲОИ ҲУНАР

Дар фестивали 5-уми байналмиллалии "Олами Мугом" (Мугом олами) дар Ҷумҳурии Озорбойҷон омӯзгори кафедраи мусиқии суннатии тоҷики факултети санъати Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Солиев Сардор сазовори чойи дуюм гардида соҳиби дипломи фестивали мазкур ва мукофотпулӣ гардид. Бояд кайд намуд, ки дар фестивали мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Абдувалӣ Абдурашидов (директори Академия мақоми ҶТ) ба ҳайси аъзои ҳакамон, Камолиддин Ҳамдамов (вилояти Суғд) ва Беҳруз Махкамов низ ширкат варзиданд.

Аз назар гузарониданд: 120 нафар

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷашни байналмилалӣ  гардид. Имрӯзҳо дар сар то сари кишвар чорабиниҳову маҳфилҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай гузаронида шуда истодааст.

Дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз дар факултети педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 147 нафар

ТАЪЛИМИ ИНКИШОФЁБАНДА ВА ХУСУСИЯТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ ОН ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Дар факултети физикаю техника семинари илмӣ-назариявии намунавӣ ва ҷамбасти ҳафтаи илмии факултет гузаронида шуд. Дар семинар профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Файзиев И. таҳти унвони “Таълими инкишофёбанда ва хусусиятҳои истифодабарии он дар ҷараёни таълими физика”  маърӯза намуд. Мавсуф оид ба паҳлуҳои асосии таълими инкишофёбанда яъне салоҳиятноки маълумотҳои илмӣ пешниҳод намуд. 

Аз назар гузарониданд: 118 нафар

ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Ҷашни Наврўзи ҳуҷастапай имсол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маросими кушодашавии Осорхонаи таърихии донишгоҳ дар тарҳи ҷадид оғоз гардида, тамоми собиқадорон, олимону мутахассисон, меҳмонону ҳунармандон ва устодону донишҷўёнро ба майдони наврўзии саҳни бинои 1-и таълимӣ ба ҳам овард.

Аз назар гузарониданд: 253 нафар

<< < 1 | 2 | 3 | 4 | 5 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Рўзҳои 6-7-уми апрели соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ...

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ
Холо дар сомона: 6 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар