Шароити Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа

«Субботу оромии ҳамсоя кишварамон Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рузҳои аввали соҳибистиклоли талош меварзад, ки дар он кишвари дуст сулҳи пойдор барқарор гардад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷумлаи он кишварҳост, ки алакай солҳои дароз ба майдони рақобати давлатҳои абарқудрат табдил ёфта таваҷҷўҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Қариб рўзе нест, ки расонаҳои хабарӣ оид ба таркиш ё амалӣ террористӣ дар қаламравӣ Афғонистон, нагуфта бошад. Афзоиши гурўҳои терористиву экстримистӣ ва нуфузи таъсири онҳо ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии Афғонитон мушкилоти амнияти ин кишвар ва Тоҷикистонро дучанд кардааст. Имрўзҳо тибқи маълумоти хабарии расмӣ зиёда аз 21 гурўҳои терористию экстремистӣ аз қабили «Ҳаркати исломии Ўзбикистон», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «Иттиҳоди ҷиҳодӣ исломӣ», «Ал-қоида», Толибон, «Таҳрики Толибони Покистон», «Сипоҳи саҳоба», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқии Чин, «Сарбозони хилофат»-и Қазоқистон, ДОИШ ва ғайра дар қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ки бевосита омили асосии бесуботии сиёсӣ дар ин кишар ба шумор мераванд.

Ҳузури ҷангиёни ба ном «давлати исломӣ» дар қаламрави Афғонистон нооромиро дар ин кишвар густариш дода ба давлатҳои минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт ки интиқол ёфтани гурўҳи террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон таҳти нақша ва сарпарастии нерўҳои хориҷӣ сурат гирифта, ҳадафашон на танҳо Афғонистон, балки ноором сохтани кишварҳои минтақа мебошад, зеро аксарияти ҷангиёнӣ ДОИШ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Даобаробари ин, теъдоди зиёди ҷавонони Афғонистон низ ба сафи ин гурўҳи террористӣ пайастанд ва шумораашон дар ҳолӣ зиёдшавӣ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

Тибқи иттилоотии расонаҳои хабарӣ тақрибан соати 03:23 дақиқа 6 ноябр гурўҳои бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи яъне ба сарҳади ороми Тоҷикистону Узбекистон ҳамлаи террористӣ анҷом доданд. Бояд хуб дарк кунем, ки ҳама он гурўҳҳои террористие, ки давлат, миллат, хоби ором надоранд аз ҷиҳати фаҳмишҳои идеологӣ ба ҳамдигар монанданд, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рафти гузариши амалиётҳои ҷангӣ якҷоя амал кунанд. Зеро ба ақидаи онҳо дастҷамъона самараи бештар ба бор меорад.

Мақсади аввалиндараҷаи терроризм ин халалдор сохтани амнияти мардум, давлату ҳукумат, ба таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути чунин амалҳои ифротӣ мехоҳанд ба мақомоти давлатӣ бо роҳи ғайриқонунӣ фишор оваранд. Ҳаракатҳои номатлуб мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомот барои қабули қарори ғайриқонунӣ ва бо мақсади резонидани обрў ва эътибори мақомоти давлатист. Аксари вақт ҳолатҳои зиёде ба вуҷуд меоянд, ки дар он терроризм хосияти инфиродӣ пайдо менамоянд ва онро сабабҳои қасд ва норозигии шахсӣ бунёд месозанд, ки аксаран дар зери омилҳои рўҳӣ ва носозгорию нобасомониҳо чунин амалҳо ба вуқўъ мепайванданд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизмт қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд. Гурўҳҳои ифротгарро талош доранд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононро, ки имрўзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сўи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин дар рўҳияи ватандўстӣ, ифтихорӣ миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

ШАМИЛ НАЗАРЗОДА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ