Нашри китоби аз “Аз Хуҷанд то Лоҳур”

Дар остонаи таҷлили рӯзи бузурдошти аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки ҳамасола ба ифтихори рӯзи милоди ӯ 9 ноябр ҷараён мегирад, тариқи нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд китоби муҳаққиқ, адабиётшинос, шоир, публитсист, муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Нуралӣ Нурзод таҳти унвони “Аз Хуҷанд то Лоҳур” ба чоп расид.

Китоб ҳовии ду сафарномаи муаллиф ба кишвари Покистон мебошад, ки яке “Баргу сози коинот аз ваҳдат аст” ва дувуми “Аз диёри Камол то Ватани Иқбол” унвон дошта, бардоштҳои ӯро аз ҷараёни ширкат дар ду ҳамоиши байналмилалӣ дар ин кишвари ба мо дӯст, аз ҷумла 140 солагии аллома Иқболи Лоҳурӣ фаро мегирад. Ҳамзамон, дар ин сафаргуфта ҷараёни боздид аз марокизи илмиву фарҳангӣ, маконҳои таърихии кишвари Покистон, суҳбату мулоқот бо донишмандону муҳаққиқон, ошноӣ бо донишгоҳ ва китобхонаҳо, шеваи гуфтори мардуми Покистон ва қаробати он бо забони мардуми Тоҷикистон шарҳу тафсир ёфтаанд.

Аксҳое аз ҷараёни ин сафар, ки ба китоб ҷой дода шуданд, хотираҳои ҷаззоби муаллифи китобро бештар муассир гардонидаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ