Муқовимат бар коррупсия вазифа ва қарзи ҳар яки мост!

Бахшида ба 9-уми декабр - Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ доир намуд.

Дар рафти аксия варақаҳои иттилоотӣ доир ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия паҳн карда шуд.

Гуфта шуд, ки коррупсия – ҳамчун як падидаи нангини ҷомеа метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он пайдо намуда, барои ҷинояткорӣ замина гузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин масъала, таъкид карда бунад, ки “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад”.

Хотирнишон менамоем, ки 31-уми октябри соли 2003, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зиддин коррупсия қабул шуда, 9-уми декабри ҳамон сол дар конфронси сиёсӣ намояндагони беш аз 100 давлати дунё ба ин санад имзо гузоштанд. 26-уми сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, онро ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ