Конференсия: Муаммоҳои муосири раванди таълими математика ва технологияи иттилоотӣ

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70-солагии номзади илмҳои психологӣ, дотсент Ёқубҷон Дадоҷонов ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдувалӣ Рашидов конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “Муаммоҳои муосири раванди таълими математика ва технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус” баргузор гардид.

Дар оғоз, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ,профессор Хайрулло Сабуров сухан карда, гуфт, ки шуғл варзидан ба касби омӯзгорӣ кори басо заҳматталаб буда, аз шахс сабру қаноат, таҳаммул, заҳматкашиву заҳматписандиро тақозо дорад. Ёқубҷон Дадоҷонов ва Абдувалӣ Рашидов аз зумораи он устодоне ба шумор мераванд, ки хидматҳояшон дар такомули ҳаёти маънавиву камолоти ҳазорон-ҳазор шогирдон бориз мебошад. Дар идома, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия доир ба ҳаёту фаъолияту омӯзгории номбаршудагон ҳарф зада, гуфт, ки онҳо дар тӯли фаъолияти пурдомана бо усули роҳбариву роҳнамоӣ, муносибату муошират дар байни ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳибэҳтиром гардидаанд.

Пас аз он, декани факултети математика, дотсент Қулихон Бобохонов дар мавзӯи “Дастовардҳои факултет дар солҳои охир” ва декани факултети санъати тасвири ва технология, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулатиф Азизов доир ба масоили “Муаммо ва дурнамои муносибати босалоҳият” маърӯзанамуданд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсия дар чор бахш: “Муаммоҳои муосири таълими математика ва технологияи информатсионӣ дар муассисҳои олӣ”, “Муаммоҳои муосири таъмини муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим”, “Муаммоҳои муосири моделронии амалиёти таълимӣ дар омӯзиши мафҳум ва муносибати назариявӣ” ва “Муаммоҳои муосири истифодаи компютер дар раванди таълим” ҷараён дошта 65 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ