Хатарҳои ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ

Дар ибтидои қарни бисту якум инсоният бо хатари ҷиддие, ки бақои одаму оламро таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ ё худ ифротгароии динӣ мебошад. Албатта, андешаи бархе аз ҷомеашиносон беасос нест, ки мегӯянд: “терроризм падидаест, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих мавҷудияташ ҳамроҳӣ намудааст”. Решаҳои терорризм, дарвоқеъ, хеле амиқ буда, тухми иҷтимоии он ба асосу пояҳои ғоявӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонбиниву маърифатии он иртиботи қавӣ дорад.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух дода­аст. Аз аҳди қадим то имрӯз терроризм дар миёни пайравони динҳои яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ, сикҳ, ҳамфикрони алоҳида ва дигар гурӯҳҳои муташаккили сиёсӣ, мазҳабӣ вуҷуд доштааст, ки намояндагони он ба воситаи эҷоди тарсу даҳшатафканӣ ё худ тавассути рех­тани хуни дигарон мехостанд ба мақсадҳои нопоки худ расида бошанд. Дар ин давраҳо дар манотиқи мухталифи дунё амалиёти террористӣ боиси кушта шудани теъдоди бешумори инсонҳо ва нобуду нопайдо шудани қавму миллатҳои зиёд гаштааст.

Терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар аҳди қадим аз терроризми имрӯза аз чанд ҷиҳат тафовут дорад. Якум, терроризми қадим бо воситаҳои сода дар омезиш бо хушунат ва вайронгарӣ барои пиёда намудани ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт. Дуюм, дар терроризми қадим худкӯшӣ хеле кам истифода шуда, бештар нобудии нафарони ҷудогона ё ақвоми дигар аз сӯи қавмҳои дигар ба мушоҳида мерасид. Сеюм, ҷуғрофиёи амали терроризми қадим хеле маҳдуд буд. Аммо терроризми имрӯза аз воситаҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ васеъ истифода мекунад, аз амали худкушӣ фаровон ба кор мегирад ва терроризми имрӯза дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

Ба қавли ҷомеашиносону коршиносон дар охирҳои асри IXX ва ибтидои асри XX амалиёти террористӣ бештар ҷанбаи карикатураи сиёсӣ дошта, вале рафта-рафта доираи фаъолияташро хеле васеъ карда, хусусияти фаромилливу глобалӣ касб кардааст. Дарвоқеъ, баробари ташаккул ва рушди техникаву техналогияи муосир терроризми муосир шаклу намудҳои навро ба худ гирифтааст, ки аз нигоҳи зарароварӣ ва харобиоварӣ бешубҳа бархе аз онҳо ба амалиёти бузурги ҷангӣ шабоҳат доранд. Инҷо ёдовар шудани ҳодисаҳои даҳшатовари дар манотиқи гуногуни олам рухдода зарурат надорад, зеро шунидани садои шум ва зуҳури қадами оламсӯзи террористу ифротгар аз кӯдаки дар гаҳворабуда саркарда то пири барҷомондаро маҳзуну нороҳат мегардонад ва ҳама бо таассуфу надомат лаънат ба ин ноодамон мехонанд. Аз ҳодисоти дар манотиқи бузургу кучак амалӣ гардида, бори дигар ба ҷаҳониён ба таври возеҳ маълум гардид, ки дар ҷаҳони муосир ҳеҷ кас, на давлатҳои абарқудрат ва на давлатҳои дигар, худро аз дасти ин хиёнаткорон, шайтонзодагон, аҳриманон эмин ҳис карда наметавонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки воситаҳо ва методҳои матлуб ё худ давоҳои зарурӣ ва айнан мувофиқи ин вабои аср бояд коркарду таҳия шаванд, то ин вируси одамраборо нобуду маҳв созанд. Зеро ҳарчанд терроризм таърихи дуру дарозро дарбар мегирад, вале маҳз аз қарни бистум сар карда, ин падида бори нахуст дар таърихи башарият, дар пешбурди манфиатҳои геопалитикии миллӣ, сиёсати дохилӣ ва муборизаи идеологӣ истифода шуда, ба яке аз воситаҳои пурқудрат табдил гардидааст. Бахусус, давлатҳои абарқудрат, барои ноил шудан ба хостаҳои худ, яъне аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба сарватҳои табиии дигарон бесуботию нооромӣ, ба миён овардани зиддиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва инқилобҳои мухталифи дигарро тавассути гурӯҳҳо, ҳизбҳо, ҳалқаҳои ташкил кардаашон тарҳрезиву амалӣ менамоянд.

Дар ин замина, барои баъзе афроди манфур ё худ барои намояндагони баъзе аз ин “гурӯҳу ҳизбҳо, ҳалқаву ҷамъият”-ҳои ба ном “сиёсии озодихоҳона” мазмуни ҳаётиву асосӣ масоили ақидавӣ гардида, шакли асосии фаъолияти онҳо ба ифротгароиву терроризм табдил гардидааст. Аз ҷумла, ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки бевосита кишварҳои манфиатдори пасипардагӣ онҳоро барои манфиатҳои геополитикии хеш истифода карда истодаанд. Дар ҳоле, ки кулли динҳои ҷаҳон зӯроварӣ, террор ва ифротгароиро падидаи манфӣ дониста, онро яке аз шаклҳои таҷовуз, дастдарозӣ ба моҳияти замонӣ, дунявӣ, маънавӣ ва инсонӣ медонанд ва танҳо як шакли рамзии таҳмил аз ҷониби тамоми динҳо ё худ тамоми инсоният имконпазир дониста шудааст, ки он ҳам зӯроварии одам аз болои кирдорҳои нопокаш, амалҳои ғайриинсонияш мебошад. Дигар ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ хоҳ динӣ бошад хоҳ дигар, ки ба зарари ҷомеа, ба зиддияти иҷтимоӣ равона шудааст, рад ва маҳкум карда шудаанд.

Аз ин ҷо, аз қарни бистум сар карда аз байни тамоми навъҳои терроризм, яъне тероризми идеологӣ, миллатгароӣ, давлатӣ, байналмилалӣ ифротгароии динӣ ё худ терроризми динӣ бештару пештар густариш ёфтааст. Аз таҳлилҳои коршиносон бармеояд, ки зоҳиран ин чиз ба он вобастааст, ки терорризми динӣ ба шиорҳои динӣ ва ақидаҳои мардуми каммаърифат ва сустирода такя карда, таълимоти динии лозимро истифода намуда, дар ниҳояти кор барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсӣ ба кор бурда мешавад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мо низ ин таҷрибаи талхро паси сар намуд, ки гурӯҳҳои ба ном “озодихоҳ”, мардумро ба доми фиреб афканда, дини исломро сипари худ сохта, мехостанд ба мақсадҳои нопоки хеш расида бошанд, вале солҳои аввали истиқлолият мардум монанди нафари нобино ва ташна ба сӯи андешаҳову ақидаҳои динӣ медавид ва хостаи хешро дар он меҷуст, бехабар аз асл, ки он танҳо падидаи назарфиреб будааст. Маҳз аз ҳамин сабаб дар бисёр мавридҳо дар зери пардаи дин мақсадҳои нопоки сиёсиву манфиатхоҳӣ пинҳон аст, ки он ба решаҳои ифротгароӣ пайвандӣ дошта, аз тарафи ҷомеаи камсавод дар сатҳи эҳсосотӣ-психологӣ ба таври осон қабул карда мешавад.

Аз ин рӯ, нобояд фаромуш кард, ки дар танҳоӣ наметавон бо ин падидаи номатлуби башаркуш муқовимат намуд. Аз ин ҷо, ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кашвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармуданд: “Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем. Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад”.

Дарвоқеъ, ҷомеаи башарӣ танҳо бо мувофиқати якдигар ва дар якҷоягӣ, бидуни худхоҳиву манифатҷӯӣ, метавонад зидди ин беморӣ муборизаи беамон барад ва буну решаи онро нобуд созад. Вале то ҷое, ки Пешвои миллат баён доштанд “агар натиҷаҳои амалии фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мубориза бо терроризм арзёбӣ намоем, онҳоро, ба андешаи мо, муассир гуфтан нашояд”. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки дастовардҳои то ин дам ба даст омада, дар терроризми фаромиллӣ маҳдуд ва ҷузъӣ буда, ин мубориза то ҳол фақат аз ҷониби давлатҳои алоҳида амалӣ гардида истодааст.

Амалиётҳои террористие, ки имрӯзҳо дар мамолики дунё, аз ҷумла Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои арабизабон рух медиҳад, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки башарият ҳануз ҳам омода нест, ки ба таҳдиди терроризми байналмилалӣ ҷавоби мутобиқ диҳад. Зеро терроризми ҷаҳонӣ чандрӯяву чандҷониба мебошад, бино бар ин наметавон муқобили он яктарфа рафтор намуд. Лозим аст, ки бо ин дарди ҷонкоҳ аз самти иқтисодӣ сар карда, то самти ҳарбӣ бо роҳу усули хос, бардоштҳо ва бархӯрдҳову воситаҳои гуногун мубориза намуд. Зеро терроризми имрӯза дар ҷойу маҳалли холӣ ба вуҷуд наомадааст, вай дорои сохторҳои муайян буда, ба хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, бо нигоҳ доштани манфиати худ пуштибонӣ намудани сарони гуруҳҳои террористӣ ва ғайра сахт алоқаманд аст. Маҳз ба ин хотир мубориза ба муқобили он бояд ба таври системавӣ, ҳамаҷониба ва ҳамакаса бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад ва маҳз тавассути иқдому талошҳои Пешвои миллат як қатор барномаҳо ва корҳои появӣ барои пешгирӣ намудани терроризми байлмилалӣ ва ифротгароии динӣ аз минбарҳои баланди байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Дар сиёсати дохилӣ низ корҳои муҳим дар асоси «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» роҳандозӣ шуда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, набояд фаромуш кард, ки ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ танҳо қувваҳое мебошанд, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм метавонанд истодагӣ намоянд. Ба ин хотир, махсусан мо зиёиёнро зарур ва шарт аст, ки барои баланд бардоштани маърифати худшиносӣ ва бо роҳу равиши гуногун фаҳмонидани моҳияти ватандориву меҳанпарастӣ расолати хешро дар назди халқу ватан иҷро намоем. Зеро дар даврони ҷаҳонишавии босуръат ба хотири ҳифзи истиқлоли миллӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ҳар як фарди ҷомеа мувофиқи кору омоли хеш муваззаф ва масъул аст, ки асолати миллӣ ва амну саботи кишвар ва дастоварду арзишҳои фарҳангии хешро пуштибонӣ ва ҳимоят кунад. Ин роҳу шеваҳои матлуби мубориза ба муқобили зуҳуроти мазкур дар ду суханрони калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зарурӣ ва бо далоили махсус таъкид гардида, аз тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки иттиҳоди инсониро барои раҳоӣ аз ин падидаҳои манфур ва номатлуб муваффақона ба кор бигиранд. Тадбирҳои муҳиму ҷаҳонӣ ва умумиинсонии Пешвои миллат нисбат ба ҳалли муаммоҳои сайёра, аз ҷумла танқиси бархе мардумони олам аз оби нӯшокӣ, коҳиши пиряҳо ва тақирёбии иқлим ва дар баробари ин, мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм ҳамзамон ба муаррифии мақоми Тоҷикистон дар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра аз он дарак медиҳад, ки имрӯз кишвари мо дар симои сарвари хеш муҳимтарин равишу роҳҳои матлуби муқовимат бо чунин зуҳуротро на танҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ, балки дар ҳадди манфиатҳои геополитикии ҷаҳони муосир тарҳрезӣ менамояд. Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоса ҳамовозии намояндагони низоми сиёсии кишварҳои олам, аз ҷумла Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М.Ҷ. Акбар ва дигар шахсиятҳои арсаи баланди сиёсӣ аз иқдомоти Пешвои миллат дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ худ гувоҳи он аст, ки тарҳи мукаммал, санҷидаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм метавонад барои ҳалли ин муаммо дар саросари олам нақши муассир гузорад.

Сабуров Х.М., Ҳамробоев Н.А.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ