Факултети забонҳои шарқ: Маҳфили “Чашми ҷон”

Санаи 12.12.2018 дар синфхонаи 208 факултети забонҳои шарқ ҷаласаи навбатии маҳфили илмӣ-суханварии “Чашми ҷон” баргузор гардид. Маҳфил бо ташаббуси кафедраи забонҳои хитойӣ-англисии факултети мазкур, ки роҳбарии онро номзади илмҳои филологӣ,дотсент Қосимова М.Ҷ. ба уҳда дорад,моҳе як маротиба ташкил карда мешавад. Роҳбари илмии маҳфил профессор Низомиддин Муродӣ маҳсуб ёфта, мавзӯи навбатии он “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣбуд. Он фарогири ҳикояҳои панду андарзии шоири бузурги тоҷику форс буда, хеле шавқовар гузаронида шуд. Маҳфилро декани факултет номзади илмҳои филологӣ,дотсент Раҳимов И.У. ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки ду шаҳри вилояти Суғд бахшида ба 2 асари оламшумули Саъдии Шерозӣ- “Гулистон” ва “Бӯстон” номгузорӣ карда шудааст. Ӯ таъкид кард, ки баҳри мутахассиси хуб шудан, ҳар як донишҷӯ бояд осори шоирону нависандагони тоҷику форсро мутолиа намоянд.

Дар маҳфил чор ҳикояти “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ баррасӣ карда шуда баҳри хуб дарк кардани мазмуну муҳтавои ҳикояҳои овардашуда аз рӯи он бо иштирокчиён саволу ҷавоб гузаронида шуд. Донишҷӯён хеле фаъолона иштирок намуда саъй карданд, ки ҳамаи маълумотҳои навро аз бар намоянд. Ба саволҳои додашуда ҷавобҳои дуруст пешкаш карданд. Инчунин навори таъсирбахше дар бораи саховатмандиву раҳмдилӣ манзури иштирокчиён шуд, ки дар гирду атрофи он ҳар яке фикру мулоҳизаҳои хешро изҳор намуданд.

Чун анъана донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳои хотирмон аз ҷумла, маблағ барои хариди лавозимоти хониш, китобҳо, хӯроки нисфирӯзӣ бо дӯсти наздик, таълими ройгон дар давоми як моҳ дар “Академияи Муродӣ” мукофотонида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ