Факултети математика: “Ҳафтаи тарғиби одоби ҳамидаи инсонӣ”

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо аз 10 то 17 декабри соли ҷорӣ дар факултетҳои донишгоҳ “Ҳафтаи тарғиби одоби ҳамидаи инсонӣ” эълон карда шуда, дар доираи он бо ҷалби васеи донишҷӯён чорабиниҳои тарбиявию фаҳмонидадиҳӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.

Дар ин замина, рӯзҳои 11-13 декабри соли равон аз тарафи созмони ҷавонони факултети математика дар мавзӯъҳои “Одоби ҳамидаи инсонӣ – зеби инсон аст” ва “Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар” бо ҷалби 100 нафар донишҷӯён суҳбати тарбиявӣ доир гардид. Декани факултет - Қ.Бобохонов, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва таълими он - С.Олов, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ - С.Ӯзбеков доир ба одоби муошират, салом гуфтан, эҳтироми устодон ва калонсолон, ҳифзи арзишҳои суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид сохтанд, ки “Одоб, рафтору гуфтори нек, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа ба шумор мерафтанду мераванд. Одоб ҷамъи калимаи адаб аст. Он ба маънии хулқу атвор ва рафтору гуфтори нек низ ба кор меравад. Ҳамчунин, одоб ин рафтори одамон дар ҷомеа нисбати якдигар мебошад. Одобу ахлоқ омили муҳими танзимгари рафтору кирдори фард ба шумор меравад. Ҳамаи он хислатҳое, ки дар инсон дида мешавад, маҳз аз одоб сарчашма мегирад”.

Чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ