Амалҳои иғвоангез

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, киимрȳз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуротиноматлубу хатарсоз мебошад. Амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба бақои одаму олам таҳдидҳои зиёде мерасонад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрȳза ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зȳроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳоион, барангехтанинизои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Яке аз чунин амалиётҳои террористӣ санаи 6 ноябри соли 2019 аз ҷонибигурȳҳи террористонаи ДИИШ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ кишвар дар сарҳади Тоҷикистону Ўзбекистон ба амал омад. Чуноне, ки мақомот баён мекунанд,20 нафар аъзоёни террористии ДИИШ бо маќсадиамалӣ намуданиҷинояти худ санаи 3-юми ноябр аз минтаќаиҚалъаи Золи Афғонистон ба ҳудудиноҳияи ҚубодиёниТоҷикистон гузаштанд ва ба ин дидбонгоҳҳуҷум карда2 нафарро кушта, чанд нафарромаҷрȳҳ намуданд ва яроќу аслиҳаротасарруф карданд.Дар асоси фаъолияти фаврии маќомотҳои дохилӣҷинояткорон сари ваќтбартараф карда шуданд.Дар натиҷа 15 нафар террористон кушта шуда 5 нафари дигар дастгир карда шуданд.

Ин ҳодисаро ташкилотитеррористии ДИИШ ба души худ гирифтааст. Аммо имрȳз нафароне ёфт мешаванд, ки ҳодисаромехоҳанд обу ранги дигар дода, барои амали намудани нақшаҳои ғаразнокӣ худ истифода баранд. Шахсоне, ки бо супоришихоҷагони худ мехоҳанд, бо маќсади амалӣ намудани наќшаҳои сиёсӣ ва ғаразнокӣ худ, амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро халалдор созанд. Аммо имрȳз мардуми тоҷик дигар ба ингуна афрод бовар надоранд. Чӣ гуна будани гурȳҳои ифротӣ ва аъзоёни онро шинохтаанд ва ба суханҳои дурȳғгин ва иғвоангези онҳо бовар надоранд. Мардуми тоҷик имрȳз сиёсати пешгирифтаи Ҳукуматро дастгирӣ намуда бо донишу фаъолияти худ кȳшиш менамояд, ки барои ободиву созандагӣ саҳмгузор бошанд.

Ҷӯраев М.Б.- омȳзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ