​Ширкат дар семинари лоиҳаи ERASMUS + EXTEND дар Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман

Дар Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман вохурии навбатии ҳамкорони лоиҳаи ERASMUS + EXTEND “Беҳдошти таҳсилоти муҳандисӣ тавассути тайёр кардани омӯзгорон ва усулҳои нав дар Русия ва Тоҷикистон” доир ба масоили “Технологияи рақамӣ дар таҳсилоти муҳандисӣ” баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухсора Давлатзода, мудири шуъбаи байналмилалии донишгоҳ Мадина Сидиқова ва сармутахасиси шуъбаи мазкур Ҷамшед Истамқулов ширкат доштанд.

Дар Форуми байналмилалии Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман натиҷаҳои соли дуюми амалишавии лоиҳа ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2020, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар ин семинари амалӣ масъалаи коркарди ниҳоии барномаҳои таълимӣ ва мувофиқоварӣ байни донишгоҳҳои ҳамкор (12 донишгоҳ) муҳокима гардид.

Дар давоми татбиқи лоиҳаи ERASMUS + EXTEND ҳайати гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар семинар – машваратҳои Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия, Донишгоҳи давлатии Сарански Мордовия Русия, Донишгоҳи Минҳои Португалия, Донишгоҳи теникии Ригаи Латвия доир ба масъалаҳои мубрам ва гуногуни сифати таҳсилот баргузор гардид, ширкат варзидаанд.

Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории лоиҳа буд, ки беш аз 20 мақолаи устодони ихтисосҳои муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотии донишгоҳ дар маҷмӯаи конференсияи байналмилалие, ки мутобиқи нақшаи лоҳаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии Магнитагорск баргузор шуд, интишор ва соҳиби сертификат гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз вазифаҳои лоиҳа, ташкили маркази таълимӣ ва илмӣ тадқиқотии EXTEND ба шумор рафта, дар ин замина, дар факултети физикаю техникаи донишгоҳ лабораторияи махсус ташкил карда шудааст.

Хотирнишон менамоем, ки лоиҳаи ERASMUS + EXTEND расман моҳи январи соли 2017 оғоз ёфта, то моҳи октябри соли 2020 идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ