​Мулоқот бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар асоси нақша – чорабинии ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд бо Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ Саид Нуриддин - Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҷон Нормуҳаммедов – коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷибой Султонзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Мамлакат Раҳматзода - сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, М. Ибодзода – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети Академияи 4 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбоз Ахмедов - мутахассиси пешбари раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд ва доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат доштанд.

Дар мулоқот Абдуллоҷон Нормуҳаммедов – коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демакратӣ”, Саид Нуриддин – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили “Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ”, Мамлакат Раҳматзода - сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон”, М. Ибодзода – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети Академияи 4 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он”, ва Шаҳбоз Ахмедов, мутахассиси пешбари раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд оиди “Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа” баромад доштанд.

Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фаъолгардонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ