​Баргузории конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии омӯзгорони оянда

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона баргузор гардид.

Декани факултет, дотсент Сатторбердӣ Рабиев оид ба нақш ва аҳамияти таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сухан ронда, қайд кард, ки он марҳилаи ҷамъбастии омодасозии донишҷӯён барои фаъолият дар муассисаҳо таълимӣ буда, вазифаи асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои омӯзгорӣ ин ташаккули қобилияти омӯзгорӣ, дар донишҷӯён бедор намудани шавқ ва тарбияи меҳру муҳаббат нисбати касби омӯзгорӣ мебошад.

Дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, Эргаш Шарипов дар мавзӯи“Таҷрибаи педагогӣ - таҳкурсии асосииомодагии донишҷӯ ба касби омӯзгорӣ” баромад намуда, донишҷӯёнро бо мазмуну мӯҳтавои давраи таҷрибаомӯзӣ шинос намуда, роҷеъ ба мақсад, вазифа ва нозукиҳои давраи таҷрибаомӯзӣ ва қоидаҳои рафтор дар мактаб, тарзи либоспӯшӣ, риояи маданияти педагогӣ, тарзҳои муошират, сифати ҳуҷҷатнигорӣ маълумот дод. Дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, Дилбар Раҳмонова ва сармуаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ, Гулшан Ҳошимова оид ба ташкили корҳои тарбиявӣ дар мактаб баромад намуда, афзуданд, ки ташкил ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ яке аз шаклҳои асосии кори тарбиявӣ дар мактаб маҳсуб ёфта, ҳамзамон он шакли муоширати фаъоли тарбиядиҳанда бо хонандагон, воҳиди асосии раванди тарбия дар мактаби ибтидоӣ дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯёни таҷрибаомӯзро зарур аст, ки дар мавриди ташкили корҳои тарбиявӣ пеш аз ҳама худ намунаи ибрат гашта, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва дараҷаи донишҳои сиёсӣ пайваста кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-уми шаҳри Хуҷанд, Заррина Самадова дар мавзӯи “Хусусияти фарқкунанда дар таълими салоҳиятнокӣ” баромад карда, дар бораи низоми таълими салоҳият ва фарқи он аз шакли анъанавии таълим бо ҳозирин табодули назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ