Дар як сатр: ​Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлати миллии тоҷикон

Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он устодон доир ба масоили “Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлати миллии тоҷикон” гуфтугӯ доштанд, ва ҳамзамон донишҷӯён барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур доштанд.

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии информатика ба донишҷӯёни факултети филологияи рус бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои мо - ифтихори мо” машғулияти амалӣ-тарбиявӣ гузаштанд.

Бо ибтикори кафедраи грамматикаи забони арабӣ бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 20-солагии факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-адабии “Мусташриқ” ҷараён гирифт, кидар он масъалаҳои “Мактабҳои шарқшиносии ҷаҳон” ва “Хусусиятҳои ҷонишинҳои шахсӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ