​Изҳорот: Ашхосони хиёнаткор

Дар солҳои аввали баъди пошхўрии давлати пуриқтидори ИҶШС дар Тоҷикистони тозаистиқлол таҳаввулоти иҷтимоии пурҷўшу хурўш ва тезутунде рух дод, ки яке аз масоили мубрам –мутамаркази ғоявии он масоили марбут ба дини ислом буд. Аз солҳои 1991 хурду калон аксаран заминаҳои ғовии худро гум карда дар як фазои холии идеологӣ монданд вароҳи халосиро дар дину мазҳаби ниёгон ҳамчун такягоҳи эътиқодии худ меxустанд. Дин яке шохаҳои муҳими фарҳанг мебошад, ки дар ҷомеа нақши асосӣ мафкуравиро мебозад.Дар тарбияи маънавию ахлоқии инсон эътиқоди динии солеҳ таъсири калон дорад, масалан, инсоф ва адолат, парҳезгорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, мурувват ба эҳтиёҷмандон, арҷгузории урфу анъанаҳои миллӣ,қарзи фарзандӣ дар назди волидон ва қарзи волидайн нисбати фарзандонро ҳамчун арзишҳои миллӣ мешиносем. Зеро, инҳо талабҳоиахлоқии динӣ мебошад.

Гурўҳҳои террористӣ ва экстремистии ҲНИ бо роҳҳои гуногун мехоҳанд оромиҷомеаи ҷаҳонӣ хоса пайравони дини исломро халалдор ва оғуштаи хуну оташ гардонанд

Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард. Аксари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Имрӯз дар чандин кишварҳои ҷаҳон ҳизбҳои динӣ ва равияҳои мазҳабӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, ки исбот гардидааст, бисёре аз онҳо танҳо сабабгори ҷангу хунрезиҳо шудаанд. На барои тарақиёту пешравии мамлакат онҳо хизмат мекунанд. Зеро ба ҳамагон маълум мегардад, ки онҳо байни худ ихтилофу хушунат доранд. Инчунин онҳо барои ғасби Ҳокимияти сиёсӣ ҳаракат мекунанд. Ҳамзамон сабабгори талафоти ҷонии зиёди одамон ва барои рушди иқтисод монеаҳо эҷод мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки асосан онҳо дар мамлакатҳои мусалмонӣ ё мусалмоннишин хатар эҷод кардаанд. Мисоли равшани ин Ҷумҳурии Афғонистон, Либия, Ироқ, Судон, Сурия, Тунис ва мамлакатҳои зиёди Африқои Шимолӣ мебошанд, ки солҳои тӯлонӣ ҷанг идома дорад.

Инчунин ташкилоту террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин амал даст зад. Аз номи Исломи муқаддас истифода бурда, бо хоҷагони хориҷии худ мехостанд мамлакати моро ноором созанд. Аммо онҳо хаёли хом доранду кори ғаразноки дигаронро пеш мебаранд. Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷ истода нисбати Тоҷикистон ақидаҳои гуногуни манфури худро тариқи воситаҳои ахбори омма мегӯяд. Чаро худро ватандӯсту боимон нишон медиҳад? Ба вай ягон кас бовар ҳам намекунад. Зеро вақте, ки дар Тоҷикистон умр басар мебурд ягон хубие барои халқ кард? Не. Вай танҳо дархости хоҷагони худро дар Ватан иҷро менамуду халос. Чанд рӯз аст, ки онҳо аз сомонаи интернетии террористии худ маводҳо паҳн мекунанд. Аммо мақсади онҳо аз таъсиси Паймони миллӣ чист? Яъне боз мехоҳанд сабагори ҷангу хунрезиҳо гарданд. Бо ин амалашон онҳо хато карда истоданд. Имрӯз Тоҷикистон ва мардуми бунёдкору сулҳпарвараш намегузоранд, ки душманонаш сулҳу оромияшро халалдор созанд.

Қайд кардан лозим аст, ки баҳри ҳимояи фарҳанги бойи миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолият мардуми шарафманди Тоҷикистон бефарқ набуда, зидди ин омилҳо муборизаи беамон мебаранд.

Н. Ҷўраева, омўзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ