​ДДХ: Муҷассамаи Фирдавсӣ, Сиёвуш, Фарҳоду Ширин ва Дилшод Назаров қомат афрохт.

Дар саҳни бинои якуми Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар пайи дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни факултети санъат муҷассамаи Фирдавсӣ, Сиёвуш, Фарҳоду Ширин ва Дилшод Назаров қомат афрохт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷараёни дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни санъат иштирок карда, дар роҳи таҳкиму таҷдиди атрофи муҷассама ва бо ин васила, барои вусъат бахшидани корҳои эҷодию бедор намудани ҳисси зебоипарастии донишҷӯён ба садорати факултети санъат ва факултети санъати тасвирӣ ва технология тавсияҳои судманд ироа дошт.

Маврид ба зикр аст, ки хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Муъминов ва Комилҷон Ҳасанов бо роҳбарии академики Академияи мусавварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Маҷидов рисолаҳои хатмро бо пешкаши маҳсули эҷод, яъне сохтани муҷассамаҳои фавқуззикр дифоъ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ