​Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух аст, Меҳргон!

Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни Меҳргон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии идона баргузор гашт.

Дар ибтидо маҳсулоти кишоварзӣ, меҳнати деҳқоқон ва дастранҷи ҳунармандон мавриди таваҷҷуҳи устодону донишҷӯён қарор гирифт.

Чорабинии идонаро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо ҷашни Меҳргон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ мақоми баланд ва ҷойгоҳи арзандаро ба худ ихтисос дода, асолати пешинаашро барқарор намудааст ва ҳамчун ҷашни инсонмеҳвар ва ҳуввиятсоз ва мавсими ҳосилғундорӣ дар саросари кишварамон бо шодиву сурур ва фараҳмандӣ таҷлил мешавад.

Зикр гашт, ки Меҳргон аз ҷашнҳои мардуми ориёитабор маҳсуб ёфта, ҳамчун таҷассумкунандаи дӯстию рафоқат, меҳр ба инсон ва ҷамъоварии кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбори деҳқон шинохта ва пазируфта шудааст. Доир ба ин ҷанбаи Меҳргон Сарвари давлат дар Паёми табрикии хеш таъкид доштаанд, ки “Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.”

Дар идома, декани факултети биология ва химия, дотсент Шаҳноза Мирзобаҳодурова дар мавзӯи “Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух - Меҳргон” баромад дошта, доир ба расму оин, мақому ҷойгоҳ ва шинохту унсурҳои ин ҷашни миллӣ сухан кард. Гуфта шуд, ки ба муносибати Меҳргон, ки файзбахши дастурхони мардум шинохта шудааст, пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо кӯшишҳои зиёд меҳнат намуда, баҳри рушди иқтисоду иҷтимои кишварамон нақши назаррас мегузоранд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯён суруд, порчаҳои шеърӣ ва саҳначаҳои фарҳангиву таълимӣ, ки бозгӯкунандаи моҳият ва асолати ҷашни Меҳргон мебошад, манзури ҳозирин гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ