​“Ганҷи сухан” аз Баҳром Фирӯз ёд кард

Дар “Маркази фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд нишасти 178-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба 80-солагии барандаи ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, нависанда Баҳром Фирӯз бо иштироки дӯстону ҳамкорон, пайвандону шогирдон ва мухлисони адиб баргузор шуд.

Маҳфилро роҳбари он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳаёти ибратбахши Баҳром Фирӯз сухан карда, илова дошт, ки руҷӯъ намудан ба зиндагӣ ва осори ибратбахши олимону адибон, санъаткорону ҳунармандон дарси ибрат барои ҷавонони имрӯз аст, то дарк кунанд, ки хидмати холис ба илм, ба таърих, ба адабиёт, ба мардум ҳамешагӣ қадр мешавад ва инсони эҷодкору офаранда дар ҳамаи давру замон иззату икром дорад.

Сипас муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Хайрулло Сабуров ба фаъолияти корӣ ва адабии мавсуф руҷӯъ карда, гуфт, ки Баҳром Фирӯз зодаи шаҳраки тоҷикнишини Нуратои тобеи шаҳри Самарқанд буда, дар хонаводаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд (1956) ва Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод имрӯза Хуҷанд мебошад. Як муддат муаллими Институти давлатии педагогии Ленинобод буд. Корманди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1964—1968, 1972—1978). Мудири шуъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон» 1964-68), маҷаллаи «Садои Шарқ» (1969), мудири бахши адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф» (1978—1980), мудири шуъбаи адабиёти бадеии газетаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980), муҳаррири нашриёти «Маориф» (1981-87), муҳаррири нашриёти «Адиб» (1987-92). Аз соли 1992 то охири умр ходими адабии маҷаллаи «Сайҳун» буд.

Нуралӣ Нурзод- номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахши анъанавии “Навгониҳои идмиву адабӣ“ таҳти унвони “Шеър фаҳмидан гаҳе беҳтар бувад аз гуфтанаш” маърӯзаи илмӣ перомуни сисилакитоби “Гарди домон” Мақсудҷон Орифӣ ироа кард. Арз гашт, ки дар ин китобҳо муаллиф кӯшиш кардааст осори адибони классикиро мавриди таҳлилу ташреҳ қарор диҳад ва барои хонандагони муосир равзанаеро дар маърифати шеъри волои гузаштагони мо боз намояд.

Баъдан, доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар мавзӯи “Баҳром Фирӯз- адиби соҳибназар” баромад дошта, оид ба осори манзуми адиб, мӯҳтавои он ва ҷанбаи ҳунарии суханвар изҳори назар карда, ба осори насрии нависанда баҳои баланд дод. Махсусан аз арзишҳои ахлоқии нигоштаҳои адиб, ки дар ҳамаи давру замонҳо қадр мешавад бо мисолҳои дақиқ сухан кард.
Доктори илмҳои филология, профессори Дошишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар, ки доир ба осори Баҳром Фирӯз кори тадқиқотиро анҷом додааст ва ба муносибати ҷашни нависанда китоби мавсуф таҳти унвони "Торикравшани шинохт" бо пешгуфтори академик Муҳаммадюсуф Имомзода "Зодани мард..." нашр шудааст. Дар китоб чанд шеър ва осори мансури нависанда низ ҷой дода шудаанд. Умар Сафар дар маърӯзаи худ асосан оид ба романи "Ғафлатзадагон" ,ки аз бисту ҳашт боб иборат аст ва инъикосгари воқеаҳои солҳои 30-60-уми қарни гузашта дар ноҳияҳои Самарқанди шӯравӣ мебошад, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати байниҳамдигарии табақоти иҷтимоӣ, сӯиистифода аз қудрату мансаб, беқонунӣ ва қонунношиносии шаҳрвандони кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсон бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихиро ба қалам овардааст.
Нависанда ва журналист Аюб Кенҷа аз солҳои ҳамкории худ бо Баҳром Фирӯз нақлҳои ҷолиб намуд.

Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Фарзона дар суханронии худ аз шахсияти нотакрори адиби соҳибназар Баҳром Фирӯз ёд кард. Ӯ гуфт, ки сиришти нек ва ҷавҳари поки ин нависанда ба қалами ӯ таъсир кардааст ва нигоштаҳояш инсонро ба роҳи неку рост ҳидоят мекунад. Осори арзишманди нависанда муаррифгари ҷаҳони ботинии ӯст, ки ба ниҳоди хонандагон таъсири нек хоҳад гузошт.

Сипас, пайвандони зиндаёд аз хотираҳо ва бардоштҳои худ нисбат ба фаъолият ва осори Баҳром Фирӯз нақлҳо намуданд.

Дар поён, бо суруду оҳангҳои дилнавоз ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хотири ҳозиринро болида намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ