​Мизи мудаввар: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ниҳоди бузурги ҷамъиятию сиёсӣ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи “Бобоҷон Ғафуров” дар назди Кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ниҳоди бузурги ҷамъиятию сиёсӣ” дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронӣ таъкид бар он кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дорад.

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар байни мардум беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст ва ҳадафи аслии ҳизб ҳам амалӣ сохтани ормонҳои мардуми мо мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафи худ неруи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ-зиёиён, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Яке аз омилҳои маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Маънавиёт ва фарҳанг, рушди мактабу маориф, илм яке аз ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоиву фарҳангии он қарор дорад.

Раиси Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, Абдуҳаким Шарипов, мудири осорхонаи донишгоҳ, дотсент Рустам Юлдошев, ҷонишини директори институти илмҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Нуралӣ Нуров, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология Шавкат Шарипов, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент, Иброҳим Ҷабборов дар мавзӯъҳои “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 25-соли нусратҳо”, “Аз таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва раванди татбиқи барномаҳо дар соҳаи илм ва маориф”, “Ҳизби ғояҳои ояндасоз” ва “Мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар системаи бисёрҳизбӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа доштанд.

Пас аз он, роҳбарияти донишгоҳ баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона кардааст. Илова гашт, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем.

Дар интиҳо, ба як қатор устодони донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ