​Тири золимон ҳаргиз ба мақсад нахоҳад расид!

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб, ки имруз таҳдидкунандаи ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст ва имруз аз ҳар як шаҳрванди кишвар хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори суханони дурӯғи он нафарон нагарданд. Мехоҳанд бо ҳар роҳу усулбо паҳн кардани маълумотҳои нодуруст дар байни мардум низоъ андозанд ва бо ҳамин роҳ нигоҳи мардумро барои сохтори идоракунии давлатӣ сиёҳ кунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд, ки ҷони ҳар шаҳрванди кишварро аз ин гуна нафарони номатлуб нигоҳ доранд. Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳогузаштааст.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сабаб шуд, ки имруз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Аммо имрузҳо хоинони миллат бо ҳар роҳу усул мехоҳанд нигоҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои мо сиёҳ созанд. Рузҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳое аз тарафи гуруҳҳои номатлуби ҷомеа паҳн гардида истодааст бисёр хандаовар мебошад. Бо баробари паҳншави хабари сафари Президенти мамлакат ба кишварҳои Аврупо “Паймони миллӣ” ва назҳатиён нақшаҳои гуногун кашида истодаанд. Онҳо мехоҳанд дар шаҳрҳое, ки Сарвари давлати мо сафар мекунанд раҳпаймоиҳо ташкил намоянд. Ин амалу рафтори ғаразонаашонро кайҳо боз идома медиҳанд, ки ба ҳеҷ кас пушида нест. Зеро, ки Сарвари давлати мо бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар намоянд. Ҳар як сафаре, ки ба ин ё он мамлакати дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонамуаррифии он нақши бузург дорад. Ин аст, ки кишвари ҷавони моро дар зарфи бистуҳашт соли Истиқлолияти давлатӣ имрузҳо зиёда аз 150 кишварҳои дунё бо расмият мешиносанд ва дар ин замина ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Хоинони миллат бидонанд, ки имруз сарвари давлат дар куҷое, ки набошанд ва қарор надоранд доимо баҳри ояндаи нек ва рушди босуботи кишвар кушиш менамоянд.

Мо шаҳрвандони кишвар фахр аз он дорем, ки тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем ва намегузорем, ки ба ин кишвари биҳиштосо ва Сарвари хирадманду тавонои он бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ