​Рӯнамоии китоби тозанашри Пешвои миллат

Дар доираи Ҳафтаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашри “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, рӯнамоӣ гашт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ