​Семинари таълимӣ-методӣ: Махсусияти интерактивии медиаи нав

Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари таълимӣ-методӣ дар мавзӯи "Махсусияти интерактивии медиаи нав" ташкил ва гузаронида шуд.

Мусалламан ҷомеаи имрӯза ҷомеаи технологияи рақамӣ гардида истодааст, ки дар ин замина, “ибороти ҳукумати рақамӣ”, “иқтисоди рақамӣ”, “телевизиони рақамӣ” ва ғайра рӯйи кор омадаанд. Бояд гуфт, ки бисёре аз кишварҳои аз назари технологияи иттилоотию иртиботӣ пешрафта, аллакай ба ин ҷиҳати маъсала таваҷҷуҳи асосиро равон намудаанд, ки дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадбирҳои амалиро ба роҳ мондааст.

Мудири кафедраи фавқуззикр Каримбой Комилов дар машварат арз дошт, ки бо назардошти ин ҳолат кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума семинари таълимӣ-методии мазкурро гузаронид, ки рабт ба медиаи рақамӣ дошта, ин мавзӯъ ҳанӯз кори зиёдро талаб мекунад. Дар ин раванд кафедра нақша дорад, ки аз рӯи ихтисоси нав медиаи нав ва коммуникатсия мутахассис тайёр намояд.

Зикр карда шуд, ки медиаи нав мисли падидаи тозаи муоширативу муколамавии электронии рақамӣ чун раги нави хунгард ба организми журналистика таболули фаъолияти иттилоотию иртиботиро ба вуҷуд овард, ки он ҳанӯз майдони фарози имконияту имтиёзҳо буда, ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳамҷонибаи илмию ихтисосӣ дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ