​Дарси тарбиявӣ дар мавзӯи “Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди тарбиявии сармуаллимаи кафедраи электроника, Маъсумахон Аҳророва дар мавзӯи “Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷараён гирифт.

Дар дарси мазкур муовини ректор оид ба тарбия, Аюбҷон Усмонов, устодони факултет ва донишҷӯёни гурӯҳи академикии 105, ихтисоси электроникаи тиббӣ ширкат намуданд.

Сармуаллимаи кафедраи электроника, Маъсумахон Аҳророва дар рафти дарс баён дошт, ки мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат дода, ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсозӣ буда, дар шинохту ҳуввияти ҳар як фард нақши муассир дорад.

Баъдан иштирокдорон доир ба муқаддасот ва ормонҳои миллӣ, аз ҷумлаи Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, забон ва пули миллӣ табодули афкор доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ