​Эмомалӣ Раҳмон - шаҳриёри хирадпеша ва Пешвои мардумсолор

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон - шаҳриёри хирадпеша ва Пешвои мардумсолор” баргузор гашт.

Маҳфили мазкур ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, устодону донишҷӯён дар он оид ба корнамоӣ, ҷонфидоӣ, қаҳрамонӣ, хирадмандӣ ва сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ