​“Хусусиятҳои татбиқи имлои нави забони тоҷикӣ дар синфҳои ибтидоӣ”

Таҳти чунин унвон дар факултети санъати Муассисаи давлати таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.

Конференсия бахшида ба 70-солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Моҳинисо Каримова ба роҳ монда шуда, дар он доираи васеи устодону донишҷӯён ва шогирдону пайвандони мавсуф ширкат доштанд.

Конференсияро муовиниректор оид ба илм ва инноватсия ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ гуфт, ки баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳо ва хидматҳои арзандаи аҳли илму маърифат ва ҳунару адаб ба унвони яке аз беҳтарин падидаҳои давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохта шуда, ин падида дар шинохти хидматҳои арзандаи аҳли зиё ва густариши фарҳангу адабиёт нақши муассир гузошта меояд. Дар ин росто, дар баробари дигар чорабиниҳо, ки барои пос доштани хидматҳои олимону донишмандон ва собиқадорони соҳаи илму маориф ва шинохти онҳо аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша дароварда шудааст, конференсияи мазкур дар ин замина доир ба кору пайкор ва корномаҳои илмии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, Моҳинисо Каримова ба роҳ монда шуд.

Баъдан, декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва психологияи махсус, Саттор Рабиев дар мавзӯи “Фаъолияти илмӣ-омӯзгории дотсент Моҳинисо Каримова” ва дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, Мӯсо Олимҷонов доир ба “Хусусиятҳои сохторию маъноӣ ва имкониятҳои функсионалии ҷумлаҳои содаи ҳикоягӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик” баромад ва шогирдону пайвандони мавсуф меҳрномаҳои хешро баён доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ