​Хиёнат ба Ватан

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори навбатӣ имконият дод, кибо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони миллати мо дар инкораш оҷизанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта,дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, бароямон осон даст надодаанд. Сари ҳар қадам ҳадафи ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду ва доранд мебаранд. Бадбахтона, чунин бадкирдорон дар тӯли мавҷудияти ин миллати қадима кам набудаанд.

Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудану аз миён бурдани ҳувият ва давлатдории хос миллӣ, дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ, сӯистифода аз пойбандии кӯркӯрона ба он, ки дар пояи бесаводии гурӯҳҳои алоҳидаи омма сурат мегирад, истифода шудааст. Ба амалҳои зиддимиллӣ асосан қишри руҳоният, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд. Гирифторӣ бартаассубу ҷаҳолат, ғуломи ақидаи ғайр будан, фармонбардори қавму миллатҳои бегона гаштан, аз нахуст дар хуни ин қабил ашхос ворид гаштаву насл ба насл мағзи шахгаштаи онҳоромехӯраду ғизо мегирад, онҳоро дар асоратиҳамон ҷойгоҳе нигоҳ медорад, ки ҳазорсола пеш бар сарашон кашидааст.

Фарзанди регу биёбон худ дар маишат аст, аҳкому аркони ҷадди бузургаш барояш навиштаро канор задаю барои шому наҳорхӯрӣ ба ин гӯшаю он гӯшаи ободтарини дунё парвоз мекунаду барои хомӯш кардани нафси ҳайвониаш шаберо бо як-ду миллион доллар бо фоҳишаҳунарманди ғарбие мегузаронад. Аз фоидаи пули нафташ кадом як кишваре миллиардҳо фоида ба даст меоварад ва аз фоизҳои он болои ҳамдинонаш тоннаҳо бомбу борут мерезад. Вале парвояш нест. Ҳатто муқаддасотеро, ки мантиқан бояд моли тамоми муслимин бошанд, ҷузъи тиҷорату кисапуркунии худ кардааст. Фоидаро ба ҷайби худ мезанаду ҳар кору пешомади бадро бар дӯши қазову қадар. Фоҷиаи имсола, марги беш аз ҳазор зоири ҳаҷ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Вале чи кунем, аз мост, ки бар мост. Пешпохӯриҳои қарнҳо дар асари гузоштани дин боло бар миллату давлатдории миллӣ, барои мо ҳеҷ сабақ намешаванд. Тағир хӯрдани сохту шева ва иваз шудани султаи давлатдорон низ, ҳеҷ гоҳ тиннати бардагонаи руҳонияти моро натавонистааст ислоҳ созад. Умре сари таъзим пеши араби бодиянишин доштаанд, ё муғулу турки кӯчманчӣ. Бо ҳидояту дастури онҳо, ҳазорсолаҳо теша ба решаи фазлу маърифат, арзишҳо, ҳуввият ва давлатдории миллӣ задаанду задан доранд.

Дар аҳди Тоҳири Ҳусайн – асосгузори давлати Тоҳириён ҳаракатҳои миллии қавмҳои форситабор, аз қабили Хуррамдинон, Хавориҷ ва Айёронрӯ ба авҷу густариш доштанд, вале нахустин шуда дингароёни худӣ, ҷойнишонони Тоҳирро ба муросо бо халифаҳои аббосӣ маҷбур карданд ва давлатро бо шаҳрвандонаш дар муқобили ҳам гузоштанд. Иттиҳоди динӣ бо халифаи араб, ба ғалаба ва андешаи бегона бар тафаккури эронӣ ва одобу анъанаҳои миллӣ мусоидат кард.Дар натиҷа мардуми зери пардаи дин фирефташуда, аз Тоҳириён, аз давлати худ рӯй гардониданд ва ин сулола фурӯ рехт.

Диндорони мутаассиб айнан чунин сарнавиштеро бар сари давлати муқтадири тоҷикон – Сомониён оварданд. Бар сари давлате, ки дар он замон бо шеваи давлатдории худ хос буда, тамоми рукнҳои ҳукуматдориро дар асоси собиқаи таърихии халқи худ ва арзишҳои миллиаш роҳандозӣ намуда буд. Исмоили Сомонӣ бо такя ба равшанфикрони замони худ мехост давлаташро ба истиқлолияти комили сиёсӣ, миллӣ ва динӣ расонад. Вале чун худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ барои атрофиёнаш, пеш аз ҳама барои бародаронаш, бегона буд, руҳониёни дарборӣ тавонистанд миёни онҳо ихтилоф барангезанд ва заминаҳо пирӯзии бегонагонро бар ин сулолаи муқтадир ба вуҷуд оваранд. Маҳз бо дахолати масъулини динии дарбор доираи нуфузи забони форсӣ-тоҷикӣ маҳдуд карда шуд ва сиёсати динии давлати сомонӣ ҷониби исломи таассубгаро ва забони арабӣ майлон дода шуд.

Бо ҳамин тариқа, қишри руҳонӣ, ба таври ошкоро ва пинҳонӣ муборизаи худро бар зидди арзишҳои миллӣ дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, дар давраи ҳуҷуми муғул ва салтанати онҳо идома доданд.

Дар тамоми ин давраҳои таърихӣ, онҳо аз роҳи фитнаву шӯрангезӣ, зарбаи асосиро ба сӯи равшанфикрони асили миллӣ равона месохтанд, то ғояву муқаддасоти хоси тоҷикиро аз мағзи фарзандони ин миллат комилан нест кунанд. Тӯли асрҳо Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ ва ҳазорҳо нобиғаҳои илму хирад, таҳти туҳмату бадгӯйиҳои ин муттаассибон ва бо фитнаи онҳо дучори таъқибу фишори давлатдорони арабгаро қарор доштанд. Мақсадашон танҳо яке буд, нагузоранд, ки ин бузргон қудрати фитрию зеҳнии худро, ки ҳатто асрҳо баъд аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро тасхир намуд, ба манфиату пешрафти қавму миллаташон истифода баранд. Онҳо буданд, ки Абӯалӣ ибни Синоро дар назди халифаи Бағдод кофару мулҳид ва китобҳояшро муқобили дин тафсир карданду бо фармони номбурда дар соли 1156 тамоми осори ин алломаи тамоми давру замонҳо ба коми оташ партофта шуд. Онҳо буданд, ки васфи ватанпарастию миллатдӯстӣ, тараннуми мардию ҷавонмардиро дар «Шоҳнома»-и безавол таблиғи зиддиарабӣ шарҳ доданду шоҳ Маҳмуди ҷоҳил ва хизматгузори халифаи арабро таҳрик доданд, ки барои зери пойи пил партофтани Фирдавсии бузург фармон диҳад.

Таассуби қозиву охунду муллою ҳоҷиҳо дар ҳама давру замонҳо миллати моро аз рушду такомули фарҳангию иҷтимоӣ боздошта аст. Ҳар амале, ки зидди муқаддасоти қавму миллати худ, алайҳи манфиатҳои онҳо сурат мегирад, хиёнат аст. Хиёнати руҳонияти мо дар тамоми қарнҳо зиёданд, вале бузургтаринаш аз миён бурдани давлати нахустини тоҷикҳо – давлати Сомониён буд. Зеро нахустин хиёнате буд, ки муқобили давлатдории миллии тоҷикон сурат гирифт. Наслҳои дингаро аз он сабақ бардошта, боз се дафъа истиқлолияти миллату давлати тоҷиконро зери таҳдиду хатар қарор доданд.

Шамил Назарзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ