​Конференсияи минтақавӣ: Масъалаҳои мубрами фанҳои филологӣ

Имрӯз 13-уми декабри соли 2019, дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами фанҳои филологӣ” бахшида ба 45-солгаии фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва 70-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Абдуқодиров баргузор гашт.

Дар аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов зимни баромад, арз дошт, ки роҳбарияти донишгоҳ ҷитати қадрдонии фаъолияти пурсамари устодону олимон дар заминаи сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳими амалиро ба роҳ мондааст, ки он баҳри тарбияти насли наврас бо рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба хидматҳои шахсиятҳои арзанда заминаи мусоид фароҳам меовард.

Баъдан декани факултети филологияи ӯзбек, дотсент Тоҳирҷон Турдибоев дар мавзӯи “Аз ҳаёт ва фаъолияти профессор Абдусалом Абдуқодиров”, профессори Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боқиҷон Тӯхлив таҳти унвони “Саҳми профессор Абдусалом Абдуқодиров дар рушди адабиётшиносии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” ва дотсенти кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он, Юсуфалӣ Шоназаров доир ба масоили “Профессор Абдусалом Абдуқодиров олими барҷастаи адабиётшинос” сухан ронда, аз хидматҳои шоёни мавсуф, ва дар ин замина, доир ба густариш ва такомули муносиботи фарҳангиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули назар намуданд.

Пас аз он, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандон баромад намуда, доир ба самтҳои фаъолият, фазилату атвори профессор Абдусалом Абдуқодиров ҳарф заданд.

Маврид ба таъкид аст, ки конференсияи илмӣ-амалии минтақавии “Масъалаҳои мубрами фанҳои филологӣ” таҳти унвонҳои “Назарияи адабиёт ва адабиётшиносии ӯзбек”, “Масъалаҳои адабиётшиносии муқоисавӣ”, “Масъалаҳои забоншиносӣ” ва “Педагогика ва методикаи таълим” дар чор бахш бо фарогирии 90 маърӯза дар факултети филологияи ӯзбек бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ