​Ҳамлаи номувофиқати террористон

Баъди ҳодисаҳое, ки санаи 6 ноябри соли 2019 гурўҳи бистнафараи ҳамлаи ниқобдорони нобакорони террорист ба марзи Тољикистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин амали террористон ғайриисломӣ мебошад. Чунки ҳаракат ва мақсади ин террористон бар зидди арзишҳо ва ёдгориҳои таърихиву маданӣ ва фарҳангӣ муборизаи шадид бурда, аксари ёдгориҳо ва муассисаҳои таърихиро, ки ғайриисломӣ ҳастанд ба боди фано додан мебошад.

Дар асл ватанфурўшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии ин гурўҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардида, љинояткор будани худро ташкилотҳои экстремистиву террористии амалкунанда бори дигар исбот намуд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурўҳи нотавонбин тайи солҳо ва рўзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на чизи дигар.

Ин бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тољику тољикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғўш мегирад. Аммо ба ҳар сурат, Пешвои хирадманди миллат гуноҳи ҳазорҳо љинояткорону маҳбусони кишварро бахшиданд, ки аз бузургӣ ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Ин дарси бузург ба шумоён – бадхоҳони миллат хоҳад буд.

Хоинони давлату миллат бояд бидонанд, ки Президенти Тољикистон на ба назди хоинони Ватан ва гуфтушуниди онҳо, балки ба сўи ояндаи неки Тољикистон ва рушди босуботи он қадами устувор мегузаранд. Ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро мо – мардуми шарифи Тољикистон пайгирӣ ва љонибдорӣ менамоем…

Хулоса, эътимоди мо, мардуми шарифи Тољикистон, комил аст, ки тамоми қувваи тавоноии Пешвои миллат муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати давлату миллат сарф хоҳад гардид.

Мо бо шиори Тољикистон бо Пешвои миллат пеш меравад! Тољикистон, ба пеш! устуворона қадам ниҳода истодаем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ