Ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари фарҳангу маданияти миллӣ

Имрӯзҳо ҷавонон бо ҷӯшу хурӯш аз паи донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ шуда, худро барои зист дар ҷамъияти демократию ҳуқуқбунёд омода карда истодаанд. Хурсандибахш аст, ки солҳои охир ҷавонони Тоҷикистон дар озмунҳою олимпиадаҳои фаннӣ, семинарҳо иштирок карда дар аксарияти онҳо ҳамчун ғолиб бо дасти боло баргашта истодаанд.

Ин гувоҳи он аст, ки таълиму тарбия дар донишгоҳи азизамон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, ҳамаи устодон, мутахассисони соҳа баҳри тарбия намудани ҷавонони ҳаматарафа мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ, одоби ҳамида, дӯстдори ватани маҳбуб, қадркунандагони санъати волои ниёгон заҳмати зиёд кашида истодаанд.

Тӯли солҳои зиёд талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳама вақт ҳис мекардем ва аз натиҷаҳои он хуб огоҳ ҳастем. Компутеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муҳайё кардани фазои электрониро ҳар як толибилм дар худ ҳис кардааст.

Беҳтар намудани сатҳи зиндагии халқ, донишандӯзии ҷавонону наврасон, касбу ҳунаромӯзӣ доимо дар мадди назари Сарвари давлат аст.

Ҳар як халқият бо урфу одат, анъанаҳои миллии худ фарқ мекунад. Ин анъанаҳо дар эҷодиёти халқбо тамоми ҳастиаш инъикос карда мешавад.

Халқи тоҷик ва мутафаккирони он дар соҳаи тарбияи насли наврас басе ранҷҳо кашида, дар тӯли қарнҳо аз илми ахлоқбаҳри беканоре ба вуҷуд овардаанд. Қариб фазилат, сифат ва хислати инсоние нест, ки ниёгони мо дар бораи он сухан нагуфта бошанд. Зеро онҳо мехостанд, насли наврас ва ҷавононро бо ақлу фаросат, хушахлоқу хушрафтор, хушгуфтор, бо раҳму шафқат, некдилу боадолат, хушмуомилаю боиффат бинанд. Аз адабиёти гуногун маълумотҳои бисёре оид ба ҳунару ҳунармандии зебои тоҷикон дорем. Ин ҳунарҳои бадеӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона ва ғайра мушоҳида карда мешаванд. Бинобар он, метавон гуфт, ки шоҳкориҳои безаволи пешиниёни мо дар мисоли ҳунарҳои миллӣ боиси ифтихори миллии мо, тоҷикон дар тамоми олам мегардад. Ҳар як халқият мувофиқи урфу одатҳои худ кор бурда, дар маҳорати иҷроишиин ё онмаҳсулоти дастии худ, элементҳои хоси миллати худро гузоштааст.

Санъати ҳақиқӣ ба макон ва тавлиди худ нигоҳ накарда ҳамеша барои инсон фаҳмо ва наздик мебошад. Санъати халқиро бо тамоми ашкол ва зуҳуроташ ба санъати ҳақиқӣ марбут сохтан мумкин аст.

Робитаи наздик бо хоки аҷдодӣ ва табиат, ки гӯё худи ҳамин шаклу анвои мухталифи эҷодиётро талқин менамояд, хосияти аслии он ба шумор меравад. Санъати амалӣ ва ороишӣ аз қадимулайём писандидатарин соҳаи ҳунари тасвирии тоҷикон буд. Пурнурӣ ва бикрияти таркибҳои наққошии гулдӯзӣ, нафосату зарофати филизӣ, зебоии зебу зинати ҷавоҳиротӣ ва хусусияти хоси сафолгарии миллӣ барои фарзандон оҳангҳои ҳайратангез, шаклҳои тааҷҷубовар ва ҳикояҳои аҷибро доир ба ҳаёти халқ, таърих ва фарҳанги он нигоҳ доштаанд.

Барои тасаввуроти эҷодии ҳунарманд чунин намуди оддӣ ва бештар интишорёфтаи санъати ороишӣ, мисли гулдӯзӣ озодии зиёд медиҳад.

Гулдӯзӣ бинобар нисбатан осон будани иҷрои кораш ҳамеша бо оммавӣ ва шуҳратнокиаш фарқ мекунад. Ба андозаи зиёд маҳз дар он салиқаи халқ, идеалҳои эстетикӣ ва ҷаҳонбинии он акс гардидааст. Беҳуда нест, ки гулдӯзӣ ҳамчун машғулияти писандидатарини мардум дар рақсу таронаҳои халқӣ ёдоварӣ мешавад:

“Ҷонона ба нимрӯзӣ, биншаста чӣ медӯзӣ ?

Нақшата ғалат кардӣ, меканию медӯзӣ”

Гулдӯзӣ ба таври доимӣ ҳиссаи асосии ороиши либос ва бошишгоҳи тоҷиконро ташкил медод. Дар ҳар як хонадон албатта ягон чизи гулдӯзӣ мавҷуд аст, ки онро соҳибхона бо меҳру муҳаббат нигоҳбонӣ мекунад. Қисмати дохилии манзилгоҳ, (интерйери тоҷикони водинишин дар назар дошта шудааст), ки дар давоми асрҳо ба вуҷуд омадааст, як тамошогоҳи аҷоибест. Алалхусус, баъзан меҳмонхона бо дурахшандагӣ, обу ранг ва шаклҳои афсонавии худ ҳайратангез менамояд. Тарзи анъанавии милии истиқоматгоҳ, сохтани тоқу тоқча ва рафҳои гуногун шаклу вусъатро пешбинӣ мекунад. Тоқчаҳо наҷҷорӣ, наққошӣ ва гаҷкорӣ буда, дар онҳо ашёи зиёди ҳунари халқӣ аз қабили кӯза, коса ва табақҳои сафолӣ, лаълиҳои филизӣ, сандуқҳои мунаққаш, баъзан нонҳои хушкондашудаи нақшин; як олам кӯрпаҳои рангоранги болои ҳам базеб чида шуда ҷойгир ҳастанд. Фарши хона давоми ин манзараи зебо буда, он тамоман бо қолин ва гилемҳо густурда мешавад. Сақфи он боз ҳам ин манзараи нишотангезро бо нақшу нигори мураккабу кандакории худ пурратар мегардонад. Ҳар ҷои холимондаи деворро бо гулдӯзиҳои гуногунвазифа, ба мисли ойнахалта, чойхалта, сӯзанӣ ва ғайра пур мекунанд. Баъзан тоқчаҳои девор бо гулдӯзиҳои махсус пӯшида мешаванд. Дар қисми болоии масофати тӯлонии се девор зардевор ҷой мегирад. Дар айёми тӯю сур рӯи ин деворҳоро изофатантӯппию пероҳанҳои арӯс оро дода зеби хонаро дуболо мегардонад. Инчунин дар ин ҷо миёнбандҳои мардона ба девор овехта мешаванд, ки гӯё таваҷҷуҳи арӯсро ба домод маънидод мекунанд.

Дар интерйери халқӣ мебели маъмулӣ (ба ғайр аз сандуқҳо ва ҷевонҳое, ки дар дохили тоқҳо ва девор сохта мешаванд) вуҷуд надорад. Тамоми масоҳати хона озод аст, вале ин ҷо холигӣ мушоҳида намешавад, пурагии зинатии девор, сақф ва фарш чунон бузург аст, ки ҳар чизи барзиёд ба осонӣ эҳсос мешавад. Салиқаи бадеии халқ ҳалли ба худ хоси масоҳатро додааст, ки он бо ороиши ҳамвории хона баробарвазн мебошад. Маснуоти гуногуншакл ва мухталифрангу мавзӯъ ҳеҷ гоҳ тасаввуроти харҷу марҷро ба вуҷуд наоварда, баръакс, бо оҳанги умумии рангаи худ як образи мукаммали зеборо ташкил медиҳад. Ба ин бештар таркиби муайяни гулдӯзиҳои калонҳаҷми рӯи девор сабаб мешавад. Мисол, сӯзанӣ ва борпӯшҳоро одатан дар рӯ ба рӯи даромад меовезанд, ки назари аввали шахси воридшаванда маҳз ба ҳамин чизҳо бармехӯрад. Гулдӯзиҳои нисбатан хурди боқимонда ҳангоми шиносоии минбаъда бо ороиши хона фақат таъсироти умумиро такмил медиҳанд. Дар тамоми хислати ороиши интерйер, ҳарчанд ки қариб ҳар кадом ашёи гулдӯзӣ ҷои анъанавии муайяни худро дорад, кадом як тарзи беихтиёронае, ки ба ҳар хона хусусияти фардӣ ва хусусӣ бахшиданист, ҳис карда мешавад. Чунин фикрронии озод умуман ба тамоми эҷодиёти бадеии халқ ва аз ҷумла ба ҳунари мунаққашии ашёи гулдӯзӣ хос аст.

Мисолҳои дар боло овардашуда аз маданият ва фарҳанги бои тоҷикон дарак медиҳад. Чунин намунаи ҷиҳозанидани хонаҳои миллӣ то ҳол дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба назар мерасанд ва зери таваҷҷуҳи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ҳастанд, тарзи иҷрои ҳунарҳои мардумӣ, серобурангии онҳо ҳамаро мафтун месозанд.

Таълими ҳунарҳои мардумӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва технология низ хуб ба роҳ монда шуда, якчанд нафар мутахассисони варзида нозукиҳои ҳунарҳои гуногунро ба ҷавонон омӯзонида истодаанд.

Интихоби дурусти касб дар ҳаёти шахс барои қонеъ кардани талаботҳояшнақши муҳим мебозад.

Агар шахс, дар интихоби касб хато накунад, дар ҳаёт мавқеи худро пайдо мекунад. Дар интихоби касб саҳв ва саҳлангорӣ ба нобарориҳои зиёд оварда мерасонад, шахс барои интихоби дуруст бояд дониши ҳаматарафа гирад. Омӯзиши ягон намуди ҳунар боиси интихоби дурусти касби ояндаи ҷавонон хоҳад гардид, ки ин нуқтаро сарвари давлатамон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд.

Дадобоева М. Н. -дотсент кафедраи технология ва методикаи таълими он

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ