​Пешниҳоди хеле хуб дар ҷодаи дарки худшиносии миллӣ

Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳар яки онҳо дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошанд. Хушбахтона халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шевои тоҷикӣ нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст. Замони истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор меравад, ки маҳз дар ин давра миллати тоҷик бо шарофати сайю кӯшишҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои дарки амиқи ватандорӣ ва ба эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Гуназар Келдӣ мансуб аст, орзуву ормонимиллати куҳанбунёди тоҷикро фаро мегирад. Оҳанги суруди миллӣ маҳсули заҳмати Сулаймон Юдаков аст, ки бо як эҳсоси баланди шеъри шоири тоҷик ва маҳорати баланди бастакорӣ офарида шудааст.. Шоир Гулназар Келдӣ бо дарки баланди масъулият ва худшиносии миллӣ дар иншои ин матн саҳми муассир дорад ва моҳияти асосии суруди миллӣ дар маънии фарох ва калимаву ибораҳои тоҷиконаи он аст. Банду басти ҳиҷоҳо, калимаҳо ва ибораҳои истифодашуда ҳамто надоранд ва ҳар як шаҳрванди тоҷик ва алалхусус ҷавонони худогоҳу хештаншинос суруди миллии тоҷиконро бояд донанд ва эҳсос намоянд.

Аз ин лиҳоз, пешниҳоди равшанфикрони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон айни муддаост, зеро ки он барои баланд бардоштани ҳиссӣ худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ миллии ҷавонони тоҷик мусоидат менамояд. Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи нишони давлатӣ ва суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибистиқлол ва сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба ин рамзҳои давлатӣ бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Эҳтиромва эҳсосӣ суруди миллӣ ва парчами давлатӣ ифодаи ба эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди нисбат ба давлат буда, мардуми шарифи мо зери ливои давлати худ ва сароидани суруди миллӣ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳматкашида ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд .Маҳз суруди миллӣ яке аз рамзҳоемебошад, ки дар руҳияи мардуми тоҷик ҳиссӣ баланди ватандорию худшиносиро бедорменамояд ва барои ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣравонамекунад. Ман боварӣ дорам,ки аксариомӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнпешниҳоди маорифчиёниВМБКнисбати оғозимашғулиятҳо бо сароидани суруди миллӣ ҷонибдорӣ намуда ин ималро иқдоми хеле хуб мешуморанд ва онро пурра дастгирӣ менамоянд.

Темурҷон Каримов,

корманди шуъбаи робитаҳои байналхалқии ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ