Эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва аҳамияти он дар тарбияи насли наврас

Юсупова Д.М. – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад:

«Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳо баён шудааст мо бояд корбарӣ намоем. Ҷавононро баҳри шинос намудан бо таърихи анъанаҳои миллӣ ва ташаккул додани қобилияти эҷодиву маърифатӣ дар мактабҳои олӣ ва миёна равона созем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф таъкид карда буданд: “Беҳбудии сифати таълиму тарбияи насли наврас бояд дар маркази диққати ҳар як оила ва падару модар қарор дошта бошад. Онҳо бояд дар тарбия ва донишандӯзии фарзандон ҳамеша бо муассисаҳои таълимӣ дар тамос шуда, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Тарбияи насли наврас кори аҳли ҷомеа аст. Тарбияи эстетикӣ қисми таркибии тарбияи ватандӯстӣ ва зебоишиносӣбуда, он ба инкишофи ҳаматарафаи хонандагон мусоидат мекунад. Ҳангоми тарбияи зебоишиносӣ насли наврас бояд дар як вақт маҳорати санъати миллӣ ба монанди қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, босмадӯзӣ, донадӯзӣ, ироқидӯзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, чармгарию мисгарӣ ва ғайра омӯзонида шавад”.

Шукри соҳибистиқлолии кишвар, ки дар қатори арзишҳои миллӣ ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида истодаанд. Дар шаҳру навоҳии кишвар баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мероси миллии ниёгон ташкил намудани сехҳои дӯзандагӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ ва дӯзандагӣ, атлас ва адрсбофӣ, мактабҳои тарҳрезӣ ё худ тарроҳӣ оғоз гардидааст, ки падидаи нек аст.

Ҳунарҳои дӯзандагии тоҷикон хеле таърихи қадима дорад. Дар давраи ба мо дастраси этнографӣ ҳунармандони кашидадӯз намудҳои гуногуни сӯзанӣ, ҷойнамоз, рӯҷо, зардевор, зебидевор, тахмонпӯш, зеби тахмон, токчапӯш, кирпӯш, рӯймолҳои занонаву мардона, болинҳои арӯсӣ, тоқиҳо ва ғайра тайёр менамуданд.

Мутаассифона, дар даврони Ҳукумати шӯравӣ бар асари тағйирёбии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, ба роҳ монда шудани истеҳсоли маҳсулоти заводу фабрикаҳо ва пеш аз ҳама манъ гардидани соҳибкории хусусӣ эҳтиёҷот ба маҳсулоти ҳунармандон коста гардида буд. Новобаста аз ин дар шаҳрҳои калонтарини вилоятамон ҳунармандӣ аз байн нарафт. Ҳунармандон касбу кори аҷдодиро ривоҷ доданд. Масалан, дар Истаравшан ҳунармандони маъруф, аз қабили, Корманди хазматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, кандакори рӯи чӯб Йӯлдошбек Баротбеков, писар ва шогирдони ӯ Аюбҷон Йӯлдошбеков, Алиҷон Яҳёев, Н. Мирсаидов, ҳуштаксози номвар усто Ғафур Халилов, читгар Шароф Саидов бо писаронаш, сандуқсоз Маҳкам Аюбҷонов, кордсозони номӣ Эргаш Самандаров, усто Акрам, усто Абдуманнон Ҳусейнзода, сӯзанидӯзон ва тӯппидузони машҳур Зиннатой Ҳайдарова, Пӯлотой Аминҷонова ва бисёр дигарон шӯҳрати зиёд пайдо карданд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад. Зеро бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад.

Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрӯзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем. Ҳамзамон тадбирҳои муҳим дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва дарки решаҳои он андешида истодаем. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем. Омӯхтан ва эхё намудани ҳунарҳои бадеӣ имконият медиҳанд муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрӯзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоятҳо, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робитае доранд.

Одамон аз замонҳои қадим чу­нин мепиндоштанд, ки маснуоти қуроқӣ таъсири мӯъҷизавӣ дорад ва соҳибашонро серфарзанд ва бою бадавлат мегардонад. Масалан, тоҷикони Самарқанд барои ҳар як арӯс дастурхон ва кӯрпачаи қуроқӣ медӯзонданд, ки онҳо дар зери чодар дар пеши пойи арӯсу домод густурда мешуданд. Худи чодар низ дастӣ аз якчанд пораи матоъ дӯхта мешуд, ки қисми болоии он ҳатман аз матои сафед буд, ба таври дигар гӯем, чодарҳамқуроқӣ буд.

Санъати кашидадӯзӣ таърихи бисёрасра дорад. Ҳафриёти давраи Руси қадим аз мавҷуд будани кашидадӯзӣ дар асрҳои IX-XII шаҳодат медиҳад. Ин маснуоти ёфташуда аз гулҳои зебо ва нафиси аз риштаҳои зардӯзӣ дӯхташуда, порчаҳои сару либос иборатанд. Дар замонҳои қадим либосҳои одамони номдор, подшоҳон, шахсони мансабдор, ходимони масҷиду ибодатхонаҳоро ба риштаҳои зардӯзӣ оро медоданд.

Анъанаҳои санъати кашидадӯзӣ мунтазам тараққӣ мекунанд. Дар асрҳои XIV-XVIIлибосҳои ҳаррӯзаи бо кашидадӯзӣ орододашуда васеъ паҳн шуданд. Санъати кашидадӯзӣ оҳиста-оҳиста дар ҳама ҷойҳо паҳн шуд.

Аз асри XVIIIсар карда кашидадӯзӣ дар сачоқчаҳо, дастархон, сачоқҳоигуногунҳаҷм, чойникпӯшак, пешдоман, сарбанд, рӯмолу сӯзанӣ, ҷойнамоз ва дигар лавозимоти рӯзғор расм шуд. Усулҳои кашидадӯзӣ аз гул ва рангҳои дар он муҷассамшуда аз авлод ба авлод гузашта, такмил ёфта, намунаҳои такрорнашаванда пайдо мекард.

Мақсади асосии эҳё ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташаккул додани завқи бадеӣ бо эҷоди ҳунарҳои халқӣ, тарбияи таҳаммулу тозакорӣ, ғанӣ гардонидани дунёи ботинии шахс ва эҳё гардонидани арзиши маҳсулотҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, зеро ҳунарҳои дастӣ беҳтарин анвои санъат буда ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Хунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Хунар инсонро бузургию шахомат бахшида, ӯро болидарух мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Захмату кору ҳунар касро намоянд номдор,

Олиҳиммат кас зи хастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси хунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида, бешубҳа онҳоро ҳунармандони бузург номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад.
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие ва ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин мушкилиҳоро паси сар намоянду ҳунаромӯзиро идома диҳанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».

Вазифаи асосии ҳар як омӯзгор дар раванди таълим пеш аз ҳама таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Зеро ҳунари миллии мардумӣ ҳисси зебоипарастии халқро бедор ва қобилияти эҷодии иҷрокунандаро ривоҷ дода, дар тарбияи меҳнатдӯстӣ ва сарфаю сариштакорӣ нақш мегузорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ