Ташаббус ва ҳадафҳои Пешвои миллат оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираи об

Очилова Ф.Ҳ., Амонова З.Ғ., Ҳакимхоҷаева М.А.

Об оғози офариниш ва таҳаввули инкишофи ҳаёт маҳсуб ёфта, дар таърихи афкори маънавии инсоният ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтааст. Об аз бузургтарин неъматест, ки барои инсоният, олами зинда ато шудааст, ва аз ин сабаб мавқеи он дар зиндагии рӯзмарраи инсон, олами зинда, ривоҷу равнақ ёфтани шароити зиндагӣ, тансиҳатии он аҳамияти хоса дораду пайвандгари наслҳо, ҳамкориҳоест, ки сулҳу суботро байни манотиқҳои олам мустаҳкамтар месозад.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳанӯз соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 - Соли байналмилалии оби тозаро бо мақсадидар ояндаи наздиктабдил додани захираи обба маҳсулоти содиротӣ, бетараф набудан нисбат ба проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла, ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти хушкшавии баҳри Арал ва оқибатҳои экологии он, норасоии оби ошомиданӣ, гармшавии иқлим пешниҳод намуда буданд.

Маълум аст, ки захираи умумии оби тоза дар сайёраи Замин қариб 2%- роташкил диҳад ҳам, танҳо тақрибан 1% - и онро Инсон дар фаъолияти худ истифода мебарад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой буда, 8492 адад пирях бо масоҳати 8476, 2 км.2 ё худ 6%- и масоҳати кишварро ташкил медиҳад ва дар баланси солонаи обҳои ҷараёндори кишвар ҳиссаи обҳои аз пиряхҳо ҳосил шуда 10-20 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон дорои 985 дарё бо дарозии умуми 30 000 км,1300 кӯл бо масоҳати 705 км2, обҳои зеризаминӣ то чуқурии 12-16 км ва 56 обанборбо ҳаҷми 46,4 км3 мебошад.

Амалишавии барномаҳои “Соли 2003 – соли оби тоза” дар он зоҳир гардида буд, ки ҳамкориҳои пурсамар дар бахши ҳавзаҳои обӣ ва тақсимгоҳҳои байналмилалии об ба сомон расонидашуда, чораҷӯиҳо дар самти ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ гардиданд. Ҳамзамон масъалаи истифодаи оқилонаи захираи об ба манфиати насли оянда зарурати идома додани ташаббусҳоро дар самти об ба миён оварда, 23 декабри соли 2003 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Оби барои ҳаёт” бароисолҳои 2005 - 2015 эълон гардид, ки иқдоми ғамхорона ва табиатдӯстдоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи захираҳои табиӣ буд. Ҳадафҳои асосии ин Даҳсола пешгирииистифодаиғайриоқилонаи захираи об, коҳиш додани офатҳои табиӣ марбут ба об, ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаҳоидарёҳои сарҳадгузар, оғози марҳилаи имтиҳони ҷиддӣ дар самтисиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ маҳсуб ёфта буд. Бо ин мақсад дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе зиёда аз 5 чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардиданд, 15 стратегияванақшаҳоҷиҳатиқонеъ гардонидани талаботи аҳолӣбооб қабул ва ҳаллуфасл ёфтанд, зиёда аз 2,1 млрд. одамон бо оби сифатан беҳтар таъмин ва шароити санитарии 1,9 млрд.сокинони сайёрарӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон58,5 % - и аҳолӣ бо оби хушсифати нӯшокӣтаъмин ва шароити санитарии 30%-и аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода шуд. Ҷоизи қайд аст, ки амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Оби барои ҳаёт” барои солҳои 2005 - 2015дар вилояти Суғдниз назаррас аст. Чунин ҳолатро дар мисоли тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020 қабул гардида дидан мумкин аст. Зеро алҳол зиёда аз 57,2%-и аҳолии Ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардидааст. Омӯзиши ҳолати воқеии бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар вилояти Суғд нишон дод, ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди деҳаҳо, манбаҳои об, сохтмони хати оби ошомиданӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои асосию байнимаҳаллаҳо, хатҳои ташноб ва дигар иншоотҳои ёрирасон бо нақшаи кулл таҳия гардида, дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ҳалли худро ёфта истодааст. Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути чорабиниҳои мушаххас 105,3 км қубурҳои обрасон аз нав барқарор ва таъмир карда шуд. Ин иқдом ва ташаббусҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доманадор буда, барои расидан ба ҳадафҳои ҳазорсолаи рушд заминаҳои назаррас муттасил гардид. Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист пешбарандаи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳаммуаллифии 186 кишварҳои ҷаҳон қабул намудани қатънома дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал” Об барои рушди устувор” (солҳои 2018 - 2028)исботи ин гуфтаҳост. Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018 - 2028) аз ҳадафҳои зерин: тавассути истифодаи оқилонаизахираҳои об расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист, дастрасӣ баоб, мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин марбут ба захираи об, бунёди шабакаҳои обтаъминкунӣ, ташкили ширкатҳо ва танзими фаъолияти тарафҳои манфиатдор барои иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳифзи об,тақвият бахшидан барои дастрасӣ ба ҳадафҳои вобаста ба захираи об, аҳамияти истифодаи оқилонаи об бо назардошти захираи об, гидроэнергетика ва муҳити зист, иштироки ходимони илмӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ марбут ба норасоии об, гидроэнергетика, экология иборат мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ