Ифтихори мо

Рӯзгори ибратбахши ​Юсуфзода Носирҷон Салимӣ

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ (03.12.1960, ш. Ленинобод), адабиётшинос ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ, доктори илмҳои филологӣ(2002), профессор (2003), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (2005), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъватҳои дувум, савум ва чаҳорум), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999), Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (2011). Дорандаи медали “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011). ва нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Остона”.

Дастпарвари ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1982). Ходими илмии сарредаксияи илмии ЭСТ (1982-84), аспиранти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДТ (1985-88), ходими адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” (1988-90), ходими илмии ПЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1990-92), дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик (1992-96), мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик (1996-98), ноибректори қисми илмӣ (1999-2000), ноибректори бахши таълим (2000-2001), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров (2001-2010), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (2002-2005), узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (соли 2010), ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (марти 2010 то августи 2011), Раиси китобхонаи миллии ҶТ(2011-2014) ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ(2014-2019), директори Инситути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ(аз моҳи феврали соли 2019).

Дар маҷмӯаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ бештар аз 200 мақолаи мавсуф роҷеъ ба масъалаҳои муҳими таърихи адабиёти тоҷик, хоса тадқиқи вижагиҳои услубӣ ва махсусияти анвоъи мутадовили насри классикии форсу тоҷик, инчунин нақду баррасии насри муосир ва амсоли он ба табъ расидаанд. Дар нашри ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла “Ҳазору як шаб” (ҷилдҳои 1-2), “Сомониён дар оинаи таърих”, “Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён” (дар ду ҷилд), “Сафарнома”-и Носири Хусрав, “Тарҷумаи тафсири Табарӣ” нақши муҳим гузоштааст. Зери раҳнамоии Носирҷон Юсуфзода тӯли солҳои 2008-2009 дар ду муҷаллад ”Донишномаи Сомониён” таҳия ва ба дасти чоп расид, ки зиёда аз 2 ҳазор мақолоти марбут ба таъриху фарҳанг, адабиёт, ҷуғрофиё ва мазҳабу ирфонро дар ин аҳди шукӯҳманди таърихӣ фаро мегирад. Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои “Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст” ва “Ҳикояҳои А.П.Чехов”-ро тарҷума намудааст. Ҳамчун сарвари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Носирҷон Юсуфзода дар таҳкими пояҳои моддиву техникии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои илмиву омӯзгории соҳибунвон, бунёди маҷмааи варзишии “Хуррамшаҳр”, такмили сохтмони бинои таълимӣ, бо манзил таъмин намудани устодон, тармиму таҷдиди хобгоҳҳои донишҷӯён саҳми бориз гузоштааст. Дар канори ин, дар бунёди бинои нави китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нахустин сарвари он нақши назаррас дорад. Бо раҳнамоии Носирҷон Юсуфзода то кунун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чандин осори адабиву таърихномаҳо ба дасти чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ, “Сабкшиносӣ”-и Муҳаммадтақии Баҳор, китобшиносии “Наврӯз” ва амсоли ин мебошанд. Иштироккунандаи чандин конфронсу ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар кишварҳои Руссия, Эрон, Ҳиндустон, Фаронса ва ғайра.

Осор: Маърифати бадеии таърих. -Хуҷанд, 1997; Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IХ -ХIII). -Хуҷанд: Нури маърифат, 2002; Мероси Оли Сомон. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2003; Насри форсу тоҷик дар аҳди Рӯдакӣ. –Хуҷанд: Ношир, 2008; Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён. Дар ду ҷилд. Хуҷанд.- Нури маърифат, 2009; Тоҷики оламшумул (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). –Душанбе:Ирфон, 2011 (бо ҳамммуаллиф) ва ғайра...

Руҷӯе ба ҳаёти пур аз ифтихор ва шарафи Низомиддин Зоҳидӣ

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (8. 06. 1957, ш. Конибодом), шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ (2004), профессор (2005). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Факултети шарқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1979). Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ оғоз гардидааст (1979-1981). Соли 1981 дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи Илмҳои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муҳаққиқ-коромӯзи шуъбаи ленинградии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (1983-1984), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1984-1987), корманди илмӣ (1988-1990), котиби илмии ҳамин Пажуҳишгоҳ (1990-1992), сарвари шуъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмии Хуҷандии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1992-1997), ҷонишини директор (1998-1999), директори Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1999-2000), ноибректор оид ба корҳои тарбия (2000-2001), ноибректор оид ба корҳои илм (2001-2010), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010). Муовини вазири Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2016), Муовини аввали вазири Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (аз 10.04.2019).

Дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти арабизабони халқҳои эронӣ, равобити Арабу Аҷам ва таъриху фарҳанги аҳди Сомониён беш аз 100 мақола ва 6 рисолаи илмӣ таълиф кардааст, ки дар Русия, Эрон ва кишварҳои дигар ба чоп расидаанд. Иштироккунандаи конфронс ва намоишҳои илмӣ дар Ленинград (1984), Теҳрон (1997,2005), Токио (2002), Маскав (2004), Коҳира (2006), Алмаато (2006). Cоҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсаҳзод (2005).

Осор:

Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII-IЧ вв. - Душанбе: Дониш, 1993; Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён. - Хуҷанд: Ношир, 1999; Давраи арабизабони дар адабиёти форсии садаҳои 2-3 ҳиҷрии қамарӣ. - Теҳрон, 1380; Насри арабизабони форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 ва ғайра.

Паёмҳо... Нигоҳе ба зиндагии ибратбахши Рафоатхон Самадова

Самадова Рафоатхон Ахунбабаевна (25.08.1938 ш. Хуҷанд), забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (2000), профессор (2001). Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1963). Аълочии маорифи ҶТ (2011). Узви сексияи забоншиносӣ ва Шӯрои дифои рисолаҳо дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. Муаллими кафедраи методикаи таълими забони русӣ (1965-1967), сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДОЛ ба номи Т. Г. Шевченко (1971-1974), муаллим, сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ (1975-1980), дотсент, мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии ДДОЛ-ДДХ (1980-1999), ходими калони илмии ПЗА ба номи Рӯдакӣ АИ ҶТ (1996-1999), декани факултети филологияи рус (1993). Тадқиқотии илмиашро дар назди сексияи забоншиносии ПЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1993-1995) анҷом дода, соли 1999 дар мавзӯи “ Масъалаҳои сохтори лингвистии ибораҳои номӣ-пешояндӣ дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ” дар Шӯрои илмии пажӯишгоҳи мазкур рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, ҳамзамон ноибдекани илми факултети филологияи руси ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз соли 2001).

Муалифи 7 монография, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ буда, маҳсули ҷустуҷӯҳои илмиаш дар маҷаллаҳои илмии вилоят, ҷумҳурӣ, мамолики хориҷа нашр шудаанд. Таҳти роҳбарии мавсуф 9 аспирант рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Иштирокунандаи конфронсҳои байналхалқӣ мебошад. Бо нишони фахрии “Барои муваффақиятҳои аъло дар мактаби олӣ” (1986) ва ордени “Нишони фахрӣ” сарфароз гаштааст.

Осор: "Подчинительная связь в русском и таджикском языках". - Душанбе: Дониш, 1989; Проблемы лингвистического конструирования предложно-именных словосочетанийв русском и таджикском языках. - Худжанд: Гос.из-во «Рахим Джалил».-Ч.1.-1996; Пайванди қарнҳо…Паёмҳо аз аёмҳо… - Хуҷанд: Ношир, 2002; Функциональные отношения и спектр значений компонентов предложно-именных словосочетаний определительного типа в русском и таджикском языках.- Худжанд: Нури маьрифат, 2014; Вопросы соотношения семантики и синтаксиса с позиций лингвистического конструирования предложно-именных словосочетаний в русском и таджикском языках. - Худжанд: Нури маьрифат, 2014; Системная семантическая дифференциация и интеграция предметно- признаковой информации в предложно-именных словосочетаниях таджикского и русского языков. - Худжанд: Мероҷ, 2016; Проблемы лингвистического конструирования предложно-именных словосочетанийв русском и таджикском языках. - Худжанд: Нури маьрифат. 2018.

​Як ғунча роз ё ҳарфе аз Фарзона

Фарзона (Хоҷаева Иноят Юнусовна) (3.11.1964, д. ш. Хуҷанд), шоир. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), Шоири халқи Тоҷикистон, Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1995), Ҷоизаи ҷавонони ҶТ (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(2008), Ҷоизаи “Килки заррин”-и вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, дорандаи ордени «Шараф».

Дастпарвари ДДОЛ ба номи С. М. Киров(1985) корманди шуъбаи адабӣ ва фарҳангии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», маҷаллаи «Хуҷанд», рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ва узви ҳайати таҳрири чанд рӯзномаву маҷаллот. Омӯзгори кафедраи байнифакултавии психология ва кафедраи адабиёти классикии ДДХ, котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров, мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҶТ ва маҷаллаи «Паёми Суғд».

Силсилаи таронаҳояш дар маҷаллаҳои "Дружба народов" (Москва), "Пар" (Лос Анҷелос), "Шеър", "Кайҳони фарҳангӣ"(Теҳрон), "Паёми Ироқ" (Бағдод), маҷмӯаҳои дастаҷамъии "Молодая гвардия" (Москва), "Истоки" (Москва), матбуоти даврии адабии Амрико, Париж, Ҳуланд ва ғ.

Осор: Тулӯъи хандарез.-Душанбе:Адиб,1989, Шабохуни барқ.-Душанбе:Адиб, 1989, Двацать лепестков.-Москва:Советский Адиб,1990, Ояти ишқ.-Душанбе:Адиб, 1994, Паёми ниёгон.-Теҳрон:Суруш,1996, Меъроҷи шабнам.-Душанбе: Адиб, 2000, Қатрае аз Мӯлиён.-(дар 3 ҷилд) Хуҷанд, 2003, Як ғунча роз.-Хуҷанд, 2005, Сӯзи нотамом.-Хуҷанд, Теҳрон, 2005, Муҳри гули мино.- Хуҷанд:Ношир, 2006, Сад барги ғазал.-Хуҷанд, 2008,Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ.-Инглистон, 2008,Гузидаи ашъор.-Белорус, 2009,Саду як ғазал.-Душанбе:Ирфон, 2011, Себарга.-Хуҷанд:Ношир, 2011, Парниёни ҷон.-Душанбе:Маориф ва фарҳанг, 2011, Набзи борон.-Теҳрон, 2013, Сояи ғазал.-Самарқанд, Ҳама гул, ҳама тарона.-Хуҷанд:Ношир, 2014, Дарёи сӯзон.-2014 ва ғ.

Ашъори Фарзона дар Амрико, Инглистон, Олмон, Фаронса, Финлонд, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

​Нигоҳе ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Усмонҷон Fаффоров

Усмонҷон Fаффоров (30. 01. 1945, д. Қистақузи н. Бобоҷон Fафуров), муаррих, номзади илмҳои таърих (1976), профессор (1997). Кормандаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят (2000), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (2001), узви Иттифоқи журналистони ҶТ (1997), узви Иттифоқи нависандагони ҶТ (2001). ДДТ ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст (1967). Ассистенти кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДТ ба номи В.И. Ленин (1967-71), муаллими кафедраи таърихи ДДОЛ ба номи С.М. Киров (1971-1972), аспирант (1972-1975), муаллими кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДТ ба номи В.И. Ленин (1975-77), дотсенти кафедраи таърих (1977-93), дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик (1993-99), профессори кафедра (1999), декани факултети таърих (2001-2003), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2003-2005), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (2005-2010), профессор кафедраи таърихи Ватани ДДХ (с.2011).

Муаллифи беш аз 80 китобу асар ва 1200 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ оид ба масъалаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик. Иштирокунандаи конфронсҳои байналхалқӣ (Тошканд, 1990; Мадина, 1997; Теҳрон, 1997, 2005; Деҳлӣ, 1999; Киев, 2002; Исфаҳон, Шероз, 2005; Пекин, 2006). Дорандаи Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Fафуров (1999).

Осор: Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон.-Душанбе, 1976; Қадри нон. -Душанбе, 1989; Равшангари таърих.-Д., 1990; Таърихнигорони тоҷик.-Хуҷанд, 1995 (бо ҳаммуаллиф); Бобоҷон Fафуров – фарзанди фарзонаи миллат. –Fафуров, 1996; Алломаи замон. -Хуҷанд, 1998; Марди накӯном. -Хуҷанд, 1998;Турсун Ӯлҷабоев. -Душанбе, 1999; Нобиғаи айём. -Хуҷанд, 2000; Султони дарёи сухан. -Хуҷанд, 2001; Саидхоҷа Урунхӯҷаев. -Хуҷанд, 2001; Чароғи ирфон. –Хуҷанд. 2002; Анҷумани саодати миллат. –Хуҷанд, 2002; Миллат аз афрод меёбад мақом. –Д.: Адиб 2004; Назаршо Додхудоев. –Душанбе: Адиб, 2005; Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик. –Хуҷанд: Ношир, 2006; Падарам – тоҷи сарам. –Душанбе: Адиб, 2006; Ду шохаи пурбор. –Душанбе: Адиб, 2006; Шаҳбози осмони сухан. –Душанбе: Адиб, 2007; Хистеварз. –Хуҷанд: Ношир, 2009 (бо ҳаммуаллиф); Абдулаҳад Қодиров. –Душанбе: Адиб, 2009; Кишваршиноси асили Хистеварз. –Хуҷанд, 2011 (бо ҳаммуаллиф); Сайдулло Хайруллоев. –Душанбе: Адиб, 2012; Лоиқ Шералӣ. –Хуҷанд: Ношир, 2012; Карим Абдулов. — Хуҷанд: Ношир, 2014; Ахтарони беғуруб. — Хуҷанд: Ношир, 2014; Дурдона ва дарё (Бахшида ба 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ) — Хуҷанд: Ношир, 2014; Генерал Темурҷон Раҳимбоев. — Хуҷанд: Ношир, 2014; Ҳодӣ Кенҷаев (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Хуҷанд: Ношир, 2014; Сотим Улуғзода (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Душанбе: Адиб, 2014; Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, 2016: Барака Бобоева, 2017; Саъдулло Асадуллоев, 2017; Чоряк аср ҳамнафас, Кибриё Қаҳҳорова(Лутфуллоева), 2019 ва ғ.

​Торҳои дили Ҷӯрабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов (24.12.1942, д. Куруди н. Айнӣ), педагог, сароянда ва оҳангсоз, профессор (1998). Ар­тисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967). Артисти халқии Тоҷикистон (1974). Артисти халқии ИҶШС (1979). Баран­даи ҷоизаи комсомоли ленинии ҶШС Тоҷи­кистон (1975), доран­даи медали тиллоии ҷоизаи «Минон» (Роҳи абрешим, Ҷопон, 1987), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987). Дастпарвари ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1962). Асистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълимии ДДОЛ ба номи С.М. Киров (1962-63), овозхони филармонияи давла­тии Тоҷикистон (1963-92), овозхони театри мазҳакаи мусиқии ш.Хуҷанд (1992-98), профессори факултети санъат дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд(1998-2001), роҳбари ансамбли шашамақомхо­но­ни «Нури Хуҷанд» (аз с.2001), про­фессори кафедраи санъати мусиқии анъанавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (аз с.2012).

Мавсуф тӯли 40-соли эҷодиёташ зиёда аз 1000 суруд ва 300 оҳанг офаридааст. Шаҳр­ван­ди фахрии шаҳрҳои Самарқанд, Бу­хоро, Нурато, Чуст, Косон, Рамле (Исроил), Ню Ҷерси (ИМА). Бо бар­номаҳои консертӣ дар давлатҳои ИМА (1989), Исроил (1993, 1998), Белгия (1996), Эрон (1972, 1991, 1993, 1996, 1997), Афғонистон (1966, 1979, 1982), Ироқ (1997), Ҷопон (1982, 1987), Австрия (1975, 1990), Канада (1967), Сурия (1997), Лубнон (1973), Италия, Малта, Кипр (1973), Туркия (1995, 1997, 2002), Дубай (2006) ҳунарнамоӣ кардааст.

Доран­даи ордени «Нишони фахрӣ», «Ме­дали барои шуҷоати меҳнатӣ», Иф­тихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ҶШС Ӯз­бекистон, ҶШС Қирғизистон. Бах­шида ба эҷодиёт ва мақому манза­ла­ти Ҷӯрабек Муродов дар соҳаи санъат китобҳои «Сад суруди Ҷӯрабек Муродов» (1982), «Олимақом» (1996), «Маҳ­буби Худо» (1993), «Ҷӯрабек Муро­дов» (2002) таълиф ва филмҳои «Ҳо­физи мо» (1997), «Торҳои дил» (1980) ба навор гирифта шудаанд. Дар китобҳои «Музыканты мира», «Кто есть кто в современном мире», «Золотой фонд энциклопедии музы­ки» дар бораи Муродов иттилоот фароҳам омадааст. Сурудҳои нотак­рори Муродов «Ватан», «Модар», «За­мин», «Тоҷикам ман», «Замини сах­ти кӯҳистон» ба ганҷинаи тиллоии мусиқии халқҳои форсизабон ворид гаштаанд.

Устод Ҷӯрабек Муродов соҳибмактаб буда, шогирдони зиёде ба воя расо­нидааст.

Олими сол-2018

Адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Субҳони Аъзамзод зодаи шаҳри Конибодом мебошад ва таҳсили мактаби миёнаро дар шаҳри Исфара фаро гирифтааст. Баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол ДМТ, солҳои 1988-1993) фаъолияташ ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи №12-уми ба номи Ю. Бойзоқов ва гимназия-коллеҷи шаҳри Исфара оғоз гардид. Дар он давра Маркази илмиву фарҳангии “Паёми Ҳофиз”-ро таъсис дод ва вазифаи котибии масъули онро бар дӯш дошт ва фаъолияти илмиву адабӣ ва рӯзноманигориро ба роҳ монд. Аз соли 1999 то имрӯз дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” ҳамчун муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқӣ машғул аст. Дар баробари ин ба сифати муовини декан оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети филологияи тоҷик, докторанти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, муовини директор ва ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ, сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти пурсамареро ба роҳ монд. Алҳол мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад. Дар мавзӯи “Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30-40-уми садаи ХХ ва бозҷустҳои филологии Лутфулло Бузургзода” рисолаи номзадӣ дифоъ карда, унвони номзади илмҳои филологиро дарёфтааст. Рисолаи докториаш масъалаҳои таҳаввули афкори адабии тоҷик дар охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ-ро дар бар мегирад. Дар меҳвари ҷустуҷӯҳои илмии Субҳони Аъзамзод масъалаҳои муҳиму мубрами таърихи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик, сарчашмашиносӣ, муаммоҳои адабиёти гузаштаву имрӯза, адабиёти муосири форсӣ ва равобити адабии кишварҳои форсизабон, арзиши осори адабӣ ва илмӣ, шинохти шеър ва насри муосир, чеҳрашиносии шахсиятҳои адабиву илмиву фарҳангӣ, ҳамзамон таърих ва фарҳанги замони муосир қарор доранд. Муаммоҳо ва заминаҳои шаклгирии адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар асри ХХ, моҳияти афкори адибону адабиётшиносон дар шинохти суханварони гузаштаи форсу тоҷик ва мероси адабии онон, баҳсу мунозираҳои адабиётшиносӣ оид ба мероси адабии суханварони гузаштаи тоҷику форс ва ғайра дар тадқиқоти номбурда аз мавзӯъҳои меҳварӣ буда, бо такя ба манбаъҳои дараҷаи аввали илмӣ, адабӣ, дар асоси иттилооти бойгониҳо ва маводи матбуоти тоҷикии нимаи аввали садаи ХХ муқаррар шудаанд ва дар онҳо бисёр паҳлӯҳои ин мавзӯъ дар заминаи омӯзиши баҳси мероси суханварони номии гузашта Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон баррасӣ шудаанд. Субҳони Аъзамзод дар маҷмӯъ муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистӣ, аз ҷумла рисолаҳои “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода” (2009), “Адабиёт ва маърифати нақд” (2012), “Фурӯғи нақд” (2018) мебошад. Рисолаҳои “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода”, “Адабиёт ва маърифати нақд” ва даҳҳо мақолаҳои ӯ дар меҳвари муаммои таҷдиди назар ба қазияи таърихи адабиёт ва нақди адабии тоҷикии садаи ХХ арзиши назаррас дошта, онҳо нуктаҳои муҳимеро дар заминаи масъалаҳои мубрами назарии таърихи адабиёт ва нақди адабӣ дар бар мегирад ва чеҳраи муаллифро ба сифати муҳаққиқи огоҳ аз равандҳои таърихи илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар давраи нав муаррифӣ мекунанд. Муҳаққиқи пурмутолиаву соҳибназар бо камоли огоҳӣ оид ба равандҳои назму насри муосир андеша меронад ва нуқтаи назарашро бо мӯшикофии хос манзури аҳли адаб ва ҳаводорони каломи бадеъ менамояд. Як силсила мақолаҳояш ба чигунагии такомули равандҳои адабиёти муосир ва нақди адабӣ бахшида шудаанд. Таҳлили осори адибони муосири тоҷик Муаззама Аҳмадова, Лутфӣ Саид, Додоҷон Раҷабӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Муҳиб Қурбон, Нарзуллоҳи Азизиён, Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва қаламкашони дигар, ки аз ҷониби ӯ хеле нуктасанҷона ва муҳаққиқона сурат гирифтааст, аз вуҷуди як нафари огоҳу хушсалиқа дар адабиёти мо дарак медиҳад. Баррасӣ ва шинохти фаъолияти илмии донишмандони тоҷик М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, А. Набавӣ, А. Ҳаким, А. Давронов, М. Мирзоюнус ва дигарон аз нигоҳи муҳаққиқ қобилияти хуби таҳлилу тасниф ва назарияпардозии ӯро ошкор мекунанд. Субҳони Аъзамзод нафари пурғайрату фаъол ва соҳибқаламу соҳибсухан аст. Ба ҷуз мақолаҳои зиёде, ки дар расонаҳои хабарӣ ба табъ мерасонад, дар ҷаласаву ҳамоишҳои донишгоҳиву вилоятӣ ва ҷумҳуриву байналмилалӣ (аз ҷумла Эрон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон) ширкат ва суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи аҳли адабро ба муҳимтарин масъалаҳои адабиёт ҷалб менамояд. Бо саъю кӯшиши Субҳони Аъзамзод силсилаи китоб ва маҷмӯаи мақолаҳои “Баъд аз сари ганҷур”, “Бозомади хуршед”, “Фурӯғи андеша”, “Муждаи васл”, “Осорномаи Атахон Сайфуллоев” (ду нашр), “Посдорони насри муосири тоҷик”, “Абдураҳим Ҳоҷибоев: Осор ва пайкор”, “Рамзошнои маънӣ”, “Суханвари мумтоз”, “Номаи садоқат”, “Шарофати “Бухорои шариф”, “Ойина ва ойинадорон”, “Нерӯи сухан”, “Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо”, “Нақибхон Туғрал ва муҳити адабиву илмии нимаи дувуми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ”, “Дар пайроҳаи илм”, “Камоли одамӣ”, “Асрори сухан”, “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”, “Оинадори нақди адабӣ”, “Сафинаи сухан”, “Фаррухрисолат”, “Армуғони “Ганҷи сухан” ва ғайра бо завқу салиқа ва ҳавсалаи хос таҳияву нашр шудаанд. Дар таҳияи матн ва таҳрири қомусҳои “Исфара”, “Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва даҳҳо китобу рисола ва маҷмӯаҳо ширкат варзидааст.

Дар озмунҳои донишгоҳии “Олими сол”-и 2015 ва 2017 сазовори ҷойҳои назаррас гашта, дар “Олими соли 2018” дар бахши илмҳои гуманитарӣ мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” қадршиносӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил