Кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ

Телефон для справки

Бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров № 173 аз санаи 22 июни соли2016 бо назардошти дурнамои ташкили шӯъбаи психология (факултети психология)кафедраи “Педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ” баду кафедраи алоҳида ҷудо гардидани кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣва таъсис дода шудани кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣзарурият пеш омадаааст. Таъсис додани кафедраи психология иҷтимоӣ ва касбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўзҳо мавқеъ ва нақши мутахассиси соҳаи равоншиносӣ дар ҷомеа боло рафта истодааст ва зарурияти тайёрнамудани мутахассисониҷавобгӯ ба талаботимеҳнаи пеш омадааст.


Фаъолияти аъзоёни кафедраи мазкур барои баландбардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои тахассусии психология, омўзиш ва тадқиқи ҳаматарафаи усули навини таълими фанҳои мазкур тариқи низоми нави салоҳиятнокӣ ва дар ин замина ташкили самараноки фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ нигаронида аст.

Дар айни замон дар кафедра бо сарварии дотсент, номзади илмҳои психологӣ Зайтметов Ҳ.А.дотсентон Ҳакимова М.Ҳ., Усмонов Д.А., Бобоева С.Р., сармуаллимон Мухторова М., Холиқов Ғ.А., Раҳимова М.М., Луфов М.Т., Ғоибов К.Ш. муаллимаҲоҷибоева Р.М. фаъолият бурда истодааст.

Устодони кафедра дар мавзӯи “Рушди қобилиятҳои маърифатӣ дар психологияи амалӣ”корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодааст. Дар асоси мавзӯи дурнамо аъзоёни кафедра маркази машваратӣ ва маърифатиро бо номи “Маркази машварати психологӣ ва рушди қобилиятҳои маърифатӣ Заковат” таъсис додаанд. Дар маркази мазкур қобилиятҳои маърифатии кӯдакон ва калонсолон инкишоф дода мешавад. Ва тамоми устодони кафедра корҳоиилмии тадқиқотии худро оиди мавзӯи дурнамо аз чоп бароварда истодааст. Дотсент Зайтметов Ҳ.А. ва сармуаллима Раҳимова М. М. дар барномаи байналхалқие, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст,дар мавзӯи “Ислоҳ ва пешгирии падидаи номатлуб байни наврасони осебдида” фаъолият карда истодааст.

Дар назди кафедра маҳфилҳои илмии донишҷӯён “Равоншиноси ҷавон” ва барои магистрантон бошад, маҳфили “Тадқиқотҳои эмперикӣ - психологии магистрантон”, инчунин барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳамон “Гурӯҳи дӯстдорони психология” фаъолият мекунад. Ҳамчунин кафедра бо тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, телевизион, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкории зич дорад.

Вобаста ба муаммои кафедра дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии устодони кафедра таҳия ва нашр шуда,онҳо дар раванди таълими донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ ва равоншиносони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истофода қарор доранд.

Бо мақсади таёр намудани кадрҳоисоҳибунвон (номзади илм ва докторон) ва таъмини потенсиалии илмӣ, кафедра бо донишгоҳҳои шаҳри Москав, Тошкент, Алмаата ва Душанбе иртибот ва ҳамкории ногусастани дорад. корҳои татқиқотии илмӣ мебошад. Олимони кафедра оид ба масъалаҳои мубрамиилми психология дар конфронсҳоиилмиву методӣбаромад мекунанд.