Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Телефон для справки

Дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҶТ, аз ҷумла в. Суғд саҳми арзанда дошта, яке аз марказҳои таълим ва таҳкики афкори фалсафӣ шинохта шудааст. Илми фалсафа дар аввалин мактаби олӣ дар шимоли Тоҷикистон аз солҳои аввали ташкилёбии донишгоҳ ба сифати курси материализми диалектикӣ ва материализми таърихӣ таълим дода мешуд. Дар он солҳо ҳанӯз кафедраи алоҳидаи фалсафа вуҷуд надошт. Дар асоси фармони Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон аз 31 декабри с. 1935 баробари як катор кафедраҳои махсуси соҳавӣ кафедраҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, марксизм-ленинизм ва таърих ташкил шуданд, ки муаллимони таърихи ҳизб, фалсафа, иктисоди сиёсӣ ва таърихро муттаҳид мекарданд. Минбаъд, пайваста бо эҳтиёҷи раванди таълиму тарбия, ба камол расидани муаллимони дорои дараҷаю унвонҳои илмӣ, афзоиши сатҳи корҳои таълиму тарбия ва тадқиқоти илмӣ кафедраҳои алоҳидаи ҷамъиятшиносӣ ташкил шуданд. Аз ҷумла, соли 1957 кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ ташкил ёфт. Сарвари нахустини кафедра Азим Мамадов буд, ки рисолаи номзадиро с. 1955 дифоъ кардааст.

Дар солҳои гуногун баробари курси материализми диалектикӣ ва таърихи таълими чанд риштаи дигари фалсафӣ ба зиммаи кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсии Донишгоҳ гузошта шуд. Масалан, фанни мантик солҳои 1946-1981 дар ихтиёри кафедраи равоншиносӣ ва мантиқ тадрис мешуд. Бо фармони Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсусуи ҶШС Тоҷикистон аз 26 декабри с. 1980 ва ДДОЛ ба номи С. К. Киров аз 31 декабри с. 1980 фанни мазкур ба ихтиёри кафедраи фалсафа гузашт. Аз соли 1961 таълими курси факултативии асосҳои эстетикаи марксистӣ-ленинӣ дар ҳаҷми 72 соат ҷорӣ гардид. Соли 1964 кафедраи асосҳои коммунизми илмӣ ва атеизм ташкил ёфт. Пас аз чанд моҳ кафедраи асосҳои коммунизми илмӣ ва атеизм тағйири ном кард ва асосҳои коммунизми илмӣ ном гирифт. Фанни асосҳои атеизми илмӣ ба ихтиёри кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ гузашт. Бо сабаби он ки акнун кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ таълими 6 фанро ба ӯҳда дошт ва аҳамияти ин фанҳо хеле меафзуд, зарурати ба кафедраҳои мустақил ҷудо намудани ин кафедра ба миён омад. Бо назардошти ин зарурат аз с. 1967 кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ ба ду кафедраи мустакил: кафедраи фалсафа ва кафедраи иқтисоди сиёсӣ ҷудо гардид. Таълими фанҳои: «Фалсафаи марксистӣ-ленинӣ», «Асосҳои давлат ва ҳукук», «Асосҳои эстетикаи марксистӣ-ленинӣ», «Асосҳои атеизми илмӣ» ба ӯҳдаи кафедраи фалсафа гузошта шуд. Аз соли хониши 1989-1990 фанни «Ҳуқуқи советӣ» аз кафедраи фалсафа ба кафедраи коммунизми илмӣ (ҳоло сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ) гузаронида шуд.


Соли хониши 1990-1991 кафедраҳо ва факултаҳои донишгоҳ ба нақша ва барномаҳои нави таълимӣ гузаштанд. Аз ҷумла, кафедраи фалсафа ба таълими фанни нав «Таърих ва назарияи маданияти ҷаҳонӣ ва ватанӣ» дар ҳаҷми 120 соат шурӯъ кард. Бо максади боз ҳам самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ-методӣ, тадқиқоти илмӣ ва амалӣ кафедраи фалсафа аз 1 сентябри ҳамон сол ба ду кафедраи мустақил: кафедраи фалсафа ва кафедраи фалсафаи маданият тақсим шуд. Дар ихтиёри кафедраи фалсафа фанни «Фалсафа» боқӣ монд ва таълими фанҳои «Таърих ва назарияи маданияти ҷаҳонӣ ва ватанӣ», «Этика ва этикаи педагогӣ», «Эстетика», «Мантиқ», «Таърих, назарияи дин ва атеизм» ба ӯҳдаи кафедраи фалсафаи маданият вогузор гардид. Дар соҳои хониши минбаъда номгӯи фанҳои таълимии кафедраи фалсафаи Донишгоҳ боз ҳам афзуд. Дар нақшаҳои таълимӣ омӯзиши фанҳои нави «Таърихи фалсафа», «Таърихи фалсафаи Шарқ» ва «Таърихи фалсафаи халқи тоҷик» пешбинӣ шуданд. Аз соли хониши 1998-1999 таълими фанни нави «Сотсиология» оғоз ёфт ва соли хониши 1998-2000 кафедра ба таълими курси тозаи «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» шурӯъ кард. Аз соли хониши 2015-2016 таълими фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» аз ихтиёри кафедраи фалсафа ба кафедраи физикаи назариявӣ ва МТФ-и факултаи физика вогузор карда шуд.

Алҳол кафедраи фалсафа барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибонаи факултаҳои Донишгоҳ таълими фанҳои «Фалсафа», «Сотсиология»-ро бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ) таъмин менамояд. Яке аз ҷабҳаҳои муҳими кори кафедраи фалсафа дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳ ташкил ва гузаронидани имтиҳони дохилшавӣ ба аспирантура ва имтиҳони минимуми номзади мебошад. Қабули имтиҳони минимуми номзадӣ аз «Фалсафа» дар донишгоҳ аз ибтидои солҳои 80-ум оғоз ёфта буд. Аз соли хониши 2004-2005 дар донишгоҳ ба ҷои фанни «Фалсафа» имтиҳони минимуми номзадӣ аз «Таърих ва фалсафаи илм» ҷорӣ гардид. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани имтиҳони минимуми номзадӣ аз фанни «Таърих ва фалсафаи илм» кафедраи фалсафа курсҳои яксолаи тайёрӣ ташкил кардааст. Дар курсҳои тайёрӣ дар давоми соли хониш машғулиятҳои лексионӣ ва семинарӣ гузаронида мешавад, бо роҳбарии мутахассисон шунавандагони курс оид ба «Таърих ва фалсафаи илм» рефератҳо омода мекунанд ва ба имтиҳони минимуми номзадӣ омодагӣ мебинанд. Шунавандагон на танҳо аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, балки аз донишгоҳҳои дигар, мактабҳо, королнаҳои гуногун таҳсил доранд. Ин чораҷӯӣ ба пешрафти корҳои тадқиқоти илмӣ, ба таври васеъ ба шоҳроҳи илм ҷалб намудани ҷавонони соҳибистеъдод мусоидат менамояд.


Дар тӯли мавҷудияташ кафедраи фалсафаи Донишгоҳ бо марказҳои илмӣ, илмиву педагогии ҶТ ва Федератсияи Русия, Осиёи Миёна ва хориҷи дуру наздик робитаю ҳамкориҳои судманд дорад. Файласуфони донишгоҳ дар солҳои гуногун дар марказҳои такмили ихтисоси Маскав, Душанбе, Киев, Тошканд ва ғ. борҳо такмили ихтисос намуданд. Дар рушди кафедра ва такмили раванди таълим мудирони кафедра А. Мамадов, Н. А. Решетников, А. Олимов, Ҳ. Самадов, Б. Ҳомидов, М. Ӯлмасов, Р. Мирсаидов ва М. Исмоилов саҳми арзанда гузоштаанд. Аз с. 2011 вазифаи мудирии кафедраро доктори илмҳои фалсафа, профессор А. Атоев дар ӯҳда дорад.

Алҳол, дар кафедра доктори илми фалсафа, профессор Атоулло Атоев, дотсентон Қурваной Иброҳимова, Маҳмудҷон Ӯлмасов, Раҳмон Мирсаидов, Икромалӣ Қосимов, Зумрадхон Ҳакимова, Зебинисо Ҳасанова, сармуаллимон Мавлуда Халилова, Бурҳонҷон Норбобоев, Зӯҳрохон Ҳошимова, Маҳинахон Усмонова, муаллимон Аҳрори Бузургмеҳр, Дилафрӯз Ботурова, Вазира Ҷабборова, Мусабеъхон Қурбонова, Дилобар Турабоева, Муҳайё Ҳотамова, коргузор Парвина Файзуллоева фаъолият бурда истодаанд. Кафедра аз рӯи Барномаи дурнамои илм дар самти муаммоҳои актуалии фалсафа, таърихи фалсафа, сотсиология ва методикаи таълими онҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодааст. Тадқиқотҳои мазкур ба ду бахш ҷудо гардида, роҳбарии бахши якумро д.и.ф. А. Атоев – Муаммоҳои актуалии таърихи фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна (иҷрокунандагон А. Атоев, Р. Мирсаидов, З. Ҳакимова, З. Ҳасанова, З. Ҳошимова, М. Усмонова, Б. Аҳрорӣ), роҳбарии бахши дуюмро (профессор М. Исмоилов) ҳоло дотсент Мирсаидов Р. – Масъалаи актуалии методикаи таълими фанни “Фалсафа” (иҷрокунандагон (М.Исмоилов) Мирсаидов Р., Қ.Иброҳимова, М.Халилова, Б.Норбобоев) ба ӯҳда доранд. Дар кафедра 2 аспирант ва 6 унвонҷӯ низ фаъолият доранд.