Кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

Телефон для справки

Кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ. Кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ фаъолияти худро аз соли 1935 оғоз намудааст. Вазифаи мудири аввалини кафедраро К.Н.Просенко ба зимма дошт. Дар солҳои минбаъда то ба имрӯз устодони зерин дар вазифаи мудири кафедра адои вазифа кардаанд:Л.К.Токмаков, А.П. Конопкин, С.М. Максимов, Л.В. Липкина, Л.А. Венгер, Н.К. Давидов, Р.А. Носирова, З.Г.Василенко, А.Б. Асроров, С.Н. Лучанский, А.П. Войченко, Т.А. Аҳлиллоев, И.М. Пӯлотов, М.С. Мироватов, Р.Ҳ. Бобоев.


Дар солҳои 40-50 дар кафедра олимони намоёни илми психология, доктори илмҳои психологӣ М.Г. Ярошевский ва Л.А. Венгер кор карда будаанд, ки онҳо рисолаҳои номзадиашонро дар даври фаъолияти илмӣ-педагогии худ дар ДДОЛ ба номи С.М. Киров дифоъ намудаанд. Дар аввали солҳои 40-50 дар кафедра М. А. Ашӯров, Н. К. Довидов, К. К. Каримов, Р. А. Носирова, С.И. Архипова, Ш.А. Аҳмадов, Ш. Турсунов, У. Тоштемирова, Л.И. Дубавенко, М. Муллоҷонова ва А.Т. Тошматов фаъолият бурдаанд. Фаъолияти илмӣ – тадқиқотии хешро пурра ба роҳ монда, дар солҳои 60-80-ум дар соҳаи илми педагогика устодони зерин рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намудаанд: С.Н. Лучанский (1967), Довидов, К.К. (1964), М.А. Ашӯров (1965), А.Б. Асроров (1969), Ҷонназаров Х., А. Қаюмов (1974), А.П. Войченко (1980), Т.Собиров (1980).

Солҳои 1980-1990 аз аъзоёни кафедра Х. Юсупова – (1982), А. Бегматов – (1982), Исматов М. – (1984), Аҳлиллоев Т. А. – (1984), Р.Л. Ню – (1989), А.Ш. Шарипов – (1989), И.М. Пӯлотов – (1990) рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намудаанд. Соли 1983 кафедраи педагогика ба ду кафедра, кафедраи педагогикаи умумӣ ва кафедраи назария ва методикаи корҳои тарбиявӣ ҷудо шуд. Дар ин вақт мудирии кафедраи педагогикаи умумӣ ба зимаи дотсент А.П. Войченко вогузор карда шуда буд. Ба вазифаи мудири кафедраи навтаъсис бошад, дотсент, номзади илмҳои педагогӣ Х.Ҷ. Ҷонназаров таъин шуд. Дар давраи фаъолияти кафедра устодони зерин фаъолият бурданд: дотсентон А.А. Қайюмов, Ш.А. Шаропов, Т.А. Аҳлиллоев, М.И. Боқиев, Н.Файзуллоев, сармуаллимон Т. Тӯхтаева, А.Б. Барановский, А.Абдухолиқов, А.К. Тен, С.Ш. Кремзер ва муаллимон Ш.Шодиев, С.Бойматов, А. Эрмуҳаммадов, И. Иброҳимов кор кардаанд. Дар давраи солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон А. Абдухолиқов 2002, Р. Ҷумабоев 2002, М.С. Мироватов 2002, Г. Раҳимова 2010., Р. Мавлонова 2011., М. Негматова 2014., М. Умарова 2015 дар соҳаи илми педагогика рисолаҳои номзадиро дифоъ намуданд. Дар солҳои мавҷудияти кафедра устодон А. Қаюмов, А.Бегматов, Р.А. Носирова, Р.Л. Н, Х. Юсупова якчанд маротиба дар хониши педагогии вилоятиву ҷумҳурӣ иштирок намудаанд.

Соли 2001 дар таърихи донишгоҳ ва кафедра воқеаи муҳим ба вуқӯъ пайваст. Бо иҷозати Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маорифи Русия дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шӯрои махсуси дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01. педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф кушода шуд. Дар давоми фаъолияти Шӯрои диссертасионӣ 8 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, ки се нафарашон аз ҷумлаи муаллимони кафедраи педагогикаи умумӣ (А. Абдухолиқов, М.С. Мироватов, Р. Ҷумабоев) буданд. Солҳои тӯлонӣ аъзоёни кафедра барои тамоми ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ аз фанни педагогика ва қисматҳои алоҳидаи он сабақ меомӯзонанд. Баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии омӯзгор, беҳтар намудани тайёрии касбии вай яке аз роҳҳои асосии ташаккули системаи маълумот дар шароити имрӯзаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Фанни педагогиа барои ба донишҷӯён муайян намудани дурнамо ва роҳҳои азхуд намудани фаъолияти касбии омӯзгор, тарбиятгар, таъмини тайёрии умумикасбии муаллимони фанҳои алоҳида, омода намудани донишҷӯён ба фаъолияти амалии омӯзгорӣ равона карда шудааст. Мақсади фанни педагогика шинос намудани донишҷӯён бо донишҳои назариявию амалӣ оид ба фаъолияти касбии омӯзгор, мавқеи он дар ситемаи касбҳо, хусусиятҳои ба худ хоси он, сохтори психологию педагогии касби омӯзгорӣ, ташаккули маҳорат ва малакаҳои худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ ва инкишофи шавқу ҳавас ва муносибати мусбӣ нисбат ба касби омӯзгорӣ, инчунин мукаммал намудан бо донишҳои асосҳои назариявии илми педагогикаи муосир, ташаккул ва инкишофи маҳорати ташкили самарабахши таълим ва тарбияи талабагон мебошад. Педагогика дар системаи тайёрии касбии мутахасисон, омӯзгорони оянда фанни асосӣ буда, вазифадор аст, ки ба тафаккури педагогии онҳо, қобилияти ба моҳияти педагогӣ сарфаҳм рафтан замина гузорад. Алҳол аъзоёни кафедра ба таҳқиқи масоили омӯзиши илмӣ ва истифодаи афкори педагогии ниёгон ва анъанаҳои педагогии халқҳои Осиёи Марказӣ диққати хоса дода истодаанд. Дар назди кафедра лабораторияи илмии проблемавии «Омӯзиши афкори педагогии ниёгон ва анъанаҳои педагогии халқҳои Осиёи Марказӣ ва татбиқи онҳо дар ҷараёни тарбияи ҷавонон» созмон дода шудааст. Аъзоёни кафедраи педагогикаи умумӣ дар таҳия ва нашри дастурамалҳои методӣ оид ба омӯзиши фанҳои педагогӣ фаъолона иштирок менамоянд. То ин дам устодони кафедра зиёда аз 70-дастури таълимӣ аз нашр бароварда, ба истифодаи омӯзгорони донишгоҳу мактабҳо ва донишҷӯён гузошта шуд. Дастурҳои методии ба чоп расида ва мавриди истифода қарор ёфта ба қалами устодон А.П. Войченко, Р. Ашӯров, А. Асроров, А. Азизов, Х.Ҷ. Ҷоназаров, Р.Л. Нию, С.Н. Лучанский, Т.Т. Собиров, Т.А. Аҳриллоев, М.С. Исматов, А. Маннонов, Ҳ.С. Юсупова, И.М. Пӯлотов, А.А. Қаюмов, М.К. Каримова, А.Н. Набиев, А.Ш. Шарипов, З.А. Бойматов, Н.Д. Дадобоев, Т.Т. Тӯхтаева, Ш.С. Шарипов, А. Абдухолиқов, Л.С. Хидирова, М.К. Умарова тааллуқ доранд. Ҳамчунин дар ин фурсат аз ҷониби аъзоёни кафедра 10 монография, 11 китоб нашр карда шудааст.


Фаъолияти педагогии устодони кафедраро қадр карда истода, Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷумла аъзоёни кафедра Н.К. Довидов, Р.А. Носирова, А.Б. Бегматов ва А.Н. Набиев бо унвони Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коркуни шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Аъзоёни дигари кафедра Н.К. Довидов, Р.А. Носирова, А.А. Азизов, А.Б. Асроров, А.Н. Набиев, З.А. Бойматов, А.А. Қаюмов, Н.Д. Дадобоев, М.К. Каримов, М.С. Исматов, Х.Ҷ. Ҷонназаров, Т.А. Аҳлиллоев, И.М. Пӯлотов, М.С. Мироватов, М.С. Юсупова, Т.Т. Тӯхтаева, А.Ш. Шарипов, Г. Раҳимова, С. Шарипов, Х. Тошева бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. Меҳнати мудирони кафедра Л.К. Токмаков, А.Б. Асроров ва А.П.Войченко бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр карда шудааст. Дар даврони Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедра ду конфронси илмӣ-амалии байналхалқӣ (1996-2002), се конфронси илмӣ – методии вилоятӣ ( 2001, 2003, 2004), якчанд конфронсҳои илмию назариявии ноҳиявию шаҳрӣ, (Ҷ. Расулов 1996, 2001, 2002, Нов 1998, 2004, 2005) гузаронид, ки ба кори онҳо омӯзгорони эҷодкорӣ аксари шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ҷалб карда шудаанд. Аъзоёни кафедра низ бо маърӯзаҳои хеш дар конфронсҳои илмию амалӣ гуногун мунтазам иштирок намуда истодаанд. Аз ҷумла, устодон Шарипов А., Исматов М. дар конфронсҳои байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Қазон Стрелтамак иштирок намуда буданд, дотенти кафедра Дадобоев Н.Д. бошанд, дар конфронси байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Украина иштирок намудаанд. Ҳамчунин устодони кафедра Шарипов А., Аҳлиллоев Т., Юсупова Х. дар конфронси шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намудаанд. Устодони кафедра дар баробари корҳои таълимӣ ба маҳфилҳои донишҷӯён низ корбарӣ намуда, шогирдони худро барои иштирок намудан дар олимпиадаҳои фаннӣ омода намуда истодаанд. Солҳои 2000 - 2010 донишҷӯён дар олимпиадаи фаннӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, ҷойҳои бехтаринро соҳиб гардидаанд. Аз солҳои аввали таъсиси кафедра ба масъалаи ҳамкорӣ бо мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо ин мақсад шаклҳои гуногуни кор, аз ҷумла гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар мактаб, кори якҷояи илмию методӣ, ташкили конфронсҳои илмию – методӣ ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтааст. Айни замон дар кафедра 22 нафар устодону олимон пурмаҳсул фаъолият мебаранд. Пешбурди фаъолияти кафедра айни замон ба ӯҳдаи устодони зерини кафедра: Дадобоев Н, Юсупова Ҳ, Шарипов А., Пӯлотов И, Шарипов С, Абдухолиқов А, Мироватов М., Раҳимова Г., Мавлонова Р., Саломов У., Негматова М., сармуаллимон Тӯхтаева Т., Тошева Х., Хидирова Л., Убайдуллоев А., Бобоева М., муаллимон Исмоилова Г., Каримхӯҷаева Р., Каюмов С., Файзиев А., Мансурова Д., Ахмедова Ф., Ахмедова М., вогузор карда шудааст.

Дар солҳои 2012-2017 боз панҷ нафар аъзоёни кафедра Раҳимова Г., Мавлонова Р., Саломов У., Негматова М., Умарова М. рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуданд. Дар асоси «Барномаи тайёр кардани кадрьои илмӣ дар Ҷумьурии Тоҷикистон» кафедра дар тайёр намудани уновонҷӯён доир ба ихтисоси 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмьои педагогӣ) саьми босазо гузошта истодааст. Имрӯз дар кафедра аспирантон ва унвонҷӯён корҳои илмӣ – тадқиқотии хешро пеш бурда истодаанд. Оньо ьар моь доир ба корьои илмӣ – тадыиыотии худ ба кафедра маълумот медиьанд, ьамчунин барои баланд бардоштани савияи дониши педагогии худ дар машщулиятьои назариявӣ ва амалии устодони кафедра ва дар семинарьои илмӣ назариявии кафедра фаъолона иштирок намуда истодаанд. Дар айни ҳол аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра Тошева Х., Раьматуллоева М., Камолова М., Абдуллоева З., Кодиров Г., Икромова И корьои илмӣ – тадыиыотии худро фаъолона пеш бурда истодаанд. Соли 2016 рисолаьои номзадии унвонҷӯён Қодирова Гавҳар “Ташаккули кордонии касбии иытисодчиёни оянда бо воситаи фаъолкунии маърифатӣ” – (дар намунаи шароити иытисодии ҶТ. ва рисолаи номзадии Алимова Х.Б «Концептуальные основы интегрированного подхода к профессионально педагогической подготовке учителей биологии» дар кафедра муҳокима карда шуда, барои дифоъ пешниҳод карда шуд. Устодони кафедраи педагогикаи умумӣ дар якҷоягӣ бо аспирантон ва унвонҷӯён на таньо аз дигар кафедраьои донишгоь, балки боз аз дигар муассисаьои таълимии вилояти Суғд корҳои илмӣ дар самтҳои омодасозии касбӣ-омӯзгории донишҷӯён, муаммоҳои мубрами муосири таълим ва тарбияи насли наврас пеш мебаранд. Аз ин рӯ, дар кафедра лоиьаи илмӣ оид ба мавзӯи «Омодасозии касбӣ – омӯзгории донишҷӯён ва ташаккули мавыеи бошуурона ва фаъолияти ҳаёти мактаббачагон дар раванди таҷрибаи омӯзгорӣ таьия карда шудааст. Муддати иҷрои лоиҳа солҳои 2017-2021 буда, роьбарии илмии мавзӯъ бар дӯши дотсенти кафедра Пӯлотов И.М вогузор карда шудааст.