Кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

Телефон для справки

Дар заминаи кафедраи таърихи Ватан яке аз кўҳантарин кафедраҳои Донишгоҳ маҳсуб ёфта, дар давоми фаъолияти худ бо номҳои кафедраи таърих ва иқтисодиёт (1933-1934), таърих (1936), таърихи ИҶШС (то соли 1992), таърихи Ватан, таърихи халқи тоҷик (2005-2011), таърихи Ватан (2011 то имрўз) амал кардааст. Бо мақсади ҷавобгўй ба талабот ва дар сатҳи баланд таълим додани фанни таърихи халқи тоҷик дар факултетҳои донишгоҳ бо фармоиши ректори донишгоҳ № 149 аз санаи 04 июни соли 2018 аз феҳристи фанҳои кафедраи «таърихи Ватан» фанни таърихи халқи тоҷик ҷудо карда шуда, дар сохтори факултети таърих ва ҳуқуқ кафедраи умумидонишгоҳии «Таърихи халқи тоҷик» таъсис дода шуд.

Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент Маҳмудова Н.С. ба ўҳда дорад. Дар кафедраи навтаъсис устодони соҳибтаҷриба дотсентон Усмонов А., Икромов Н., Фармонова Д., муаллимони калон Ғафурова Г., Абдукаримов Ҷ., Қобилов З., омўзгорон Усмонов М., Абдуллоева З., Маҳкамов С., Муҳаммадизода М., Дадоҷонова М., Ҳафизова М., Зокирова З. ба таълиму тадрис ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул ҳастанд.