Кафедра развития устной и письменной речи русского языка

Телефон для справки

Кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ, ки соли 1975 таъсис ёфтааст, қисми ҷудонашавандаи фарҳангистони омўзгорӣ буда, дар тўли даҳсолаҳои рушди худ маданияти касбии омўзгорӣ, маърифатпарварӣ, маънавиёти волои инсонро таърихан ривоҷу равнақ, сайқал бахшидааст. Дар тайёр намудани муаллимони ботаҷрибаи забон ва адабиёти рус кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ фаъолияти назаррас дорад. Ба феҳрасти фанҳои кафедра курси амалии забони русӣ, типологияи муқоисавӣ, машѓулиятҳои амалӣ доир ба инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ дохил мешавад. Дар ташкилёбии кафедраи мазкур саҳми профессорон Б.А.Ҳоҷибоева, М.М.Абдувалиева,Р.А.Самадова, С.Э.Неъматов назаррас аст.

Соли 1995 кафедраи услуби таълими забон ва адабиёти рус, ки солҳо профессор Б.А.Ҳоҷибоева мудир буд, бо кафедраи мазкур муттаҳид карда шуда, дар он номзадҳои илмҳои педагогӣ И.И.Стаменова, Н.Н.Ростовсева, А.А.Нелипа, В.И.Колмикова, сармуаллимон С.И.Чернова Н.К.Панова, М.А.Абдуллоев, Л.Н.Зинченко, Н.Н.Балюк, К.Д.Елчанина, Н.Ф.Фунтикова, А.С.Истомин, А.В.Аблякимова ва дигарон фаъолият доштанд. Аз моҳи августи соли 2016 кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ боз аз нав ба ду қисм-инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ва методикаи таълимии забони русӣ ҷудо гардид.

Аз давраи ташкилёбии кафедра профессорон М.И.Стаменова, Б.А.Ҳоҷибоева, Р.А.Самадова, дотсентон Л.И.Югай, Р.Г.Тонилов, сармуаллима А.Ф.Негматҷонова, дотсентон А.А. Азизов, Н.С.Сидиқов ва Р.А. Шаропова мудирии онро ба ўҳда доштанд. Айни замон бо сарварии мудири кафедра н.и.ф, дотсент М.Н. Искандарова собиқадорони факултет доктори илми филологӣ, профессор Самадова Р.А., дотсент Атамова С.М. , муаллимон Ҳусайнова Л.Б., Набиджанова М.В., Мухиддинова Г.З., Ғаффорова Н.З., Мамаҷонова Ҳ.К. бо муваффақият фаъолият доранд. Фанҳои таълимии кафедра барои донишҷўёни курсҳои якум, дуюм ва сеюми гуруҳҳои Ғайризабонӣ (тоҷикӣ) пешбини шуда, шавқу завқи онҳоро нисбати забони русӣ бедор мекунад, талаффузи дурусту саҳеҳи донишҷўёнро ба роҳ монда, ташаккул медиҳад. Бо мақсади инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хатти донишҷўён, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тарбияи эстетикии онҳо омўзгорони кафедра шаклҳои гуногуни машҒулиятҳои беруназдарсӣ, аз ҷумла шабнишиниҳо, озмунҳо, экскурсияҳо, сўҳбатҳо дар атрофи адабиёти нави бадеӣ мегузаронанд.


Дар кафедра ба таълими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, диққати махсус дода мешавад ва корҳои илмӣ, тавсияҳои методӣ, мақолаҳои омўзгорони кафедраба ин самт равона карда шудааст, ба тарбияи мутахассисони ҷавон низ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мунтазам тақризҳои устодони кафедра нисбат ба адабиёти нави методӣ ва китобҳои дарсӣ чоп мешаванд. Дар раванди таълими забон ва адабиёти рус асарҳои методии Н.Н.Ростовсева, В.И.Калмыкова, М.Н.Стаменова, А.А.Нелипа, Б.А.Ҳоҷибоева, М.М.Абдувалиева, Р.А.Самадова, А.А.Азизов ва мақолаҳои устодрни кафедра , ки дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ нашр шудаанд, барои донишҷўёни факултет хеле муфид мебошанд. Бо мақсади инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии донишҷўён, такмили ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ҳисси эҳтиром ба устодони кафедра аз шаклҳои гуногуни машҒулиятҳои беруназдарсӣ истифода мебаранд. Ҷамъомадҳои ҳисоботӣ, озмунҳо, саёҳату тамошоҳои мақсаднок, сўҳбатҳо роҷеъ ба китобҳои нави бадеӣ, вохўрӣ бо адибону олимон ва Ғайра муттасил баргузор мегардад.

Дар шароити кунунӣ кафедра фаъолияти илмию тадқиқотии худро оид ба муаммои такмили раванди таълим дар макотиби маълумоти ҳамагонию олӣ ва таҳқиқи муқоисавии забонҳо идома дода истодааст. Доир ба ин муаммо силсилаи дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии олимони кафедра таҳия ва нашр шуда, онҳо дар раванди таълими забон ва адабиёти рус дар мактаб мавриди истифода қарор доранд. Ҷоизи қайд аст, ки аз соли хониши 2014-2015 дар кафедраи инкишофи нутқӣ шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ махфили тарбиявии “Нам музыка строить и жить помогает” фаъолият мебарад ва роҳбарони он мудири кафедра дотсент Искандарова М.Н. ва омӯзгори ҷавони кафедра Солихӯҷаева Ш.А.мебошанд. Мақсад ва вазифаи ин махфил самаранок истифода бурдани вақти донишҷӯён, шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва дар руҳияи инсондӯсти, ватандорӣ, расонидани ёрии беғаразона ба афтодагон мебошад. Аъзоёни ин махфил донишҷӯёни курсҳои 1-4 мебошанд. Мувофиқи нақшаи махфил ин сарпарастӣ ва аёдати хонаи кӯдакон, хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд, мактабпарваришгоҳӣ ятимону бекасони шаҳри Бӯстони Вилояти Суғд ва оилаҳои камбизоат ва дастнигар мебошад. Дар ҷуздони алоҳидаи махфил нақшаи корӣ, рӯихати аъзоёни махфил, суратҷаласаҳои барномаҳои махфил бо расмҳои донишҷӯён дар чорабиниҳо, сипосномаҳо ва раҳматномаҳо ба номи ректори донишгоҳ ва факултет аз номи сарвари мактабпарваришгоҳи ш.Бӯстон ба назар мерасад. Аз маълумотномаҳо, наворҳо ва расмҳои гирифташуда маълум гашт, ки донишҷӯён ба ин чорабиниҳо бо тайёрии хуб мераванд ва каме бошад ҳам дили ятимону бепарасторонро руҳан баланд мебардоранд. Аз оғози фаъолияти маҳфил роҳбарон ва аъзоёни он 12 маротиба чорабинӣ гузарониданд.