Маркази иттилоот ва таҳлил

Телефон для справки

Маркази иттилоот ва таҳлили Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷузъи таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, қаблан дафтари матбуот ном дошта, он таърихи 23-юми майи соли 2011 таъсис ёфтааст. 

Аз соли таъсисёбӣ инҷониб вазифаи сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳро як зумра олимони ҷавону кадрҳои болаёқат Набиюллоҳ Суннатӣ (11.2011-09.2012), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назирҷон Пўлотов (01.2013-12.2013), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмури Юсуфзод (12.2013-04.2017) ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Киромиддин Мухторов (04.2017-08.2018) ба ўҳда дошта, фаъолият намудаанд. Ин вазифаи пурмасъулро аз моҳи августи соли 2018 инҷониб номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев ба зимма дошта, дар таъмини фазои иттилоотӣ ва пешрафти кори он хизмат менамояд.     

Марказ аз замони таъсисёбӣ аз рўи сохтори фаъолияти донишгоҳ мустақиман ба ректори донишгоҳ тобеъ аст. Маркази иттилоот ва таҳлил пояи ҳуқуқии фаъолияташро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд, фармоишҳои ректори донишгоҳ, низомномаи Маркази иттилоот ва таҳлил ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. 

Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолияти худро мустақиман бо ректори донишгоҳ ва дар ҳамкорӣ бо дигар раёсату шуъбаҳои  донишгоҳ, факултетҳои он, сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо ВАО сару кор доранд, анҷом медиҳад. Фаъолияти Марказ дар асоси нақшаҳои солона, моҳона, ҳафтаина ва дастуру супоришҳои бевоситаи ректори донишгоҳ танзим карда мешавад.

Баъди фаъол гардидани сомона дар донишгоҳ, таваҷҷуҳи расонаҳои иттилоотӣ, хосатан оҷонсиҳои иттилоотӣ ба он афзуда,  расонаҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ ва сомонаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо нишон додани сарчашма аз сомонаи мазкур фаровон истифода намуда истодаанд.

Бо назардошти талаботи замони муосир ва фарогирии рӯйдодҳои донишгоҳ дар шабакаи иҷтимоии Facebook (Фейсбук) саҳифаи махсуси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз ташкили ин саҳифа манзур намудани хабарҳои наву тоза дар самтҳои таълиму тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар ҷанбаҳои донишгоҳ ба ҷомеаи имрўза мебошад.

Тавассути нашрияи донишгоҳии «Нури маърифат» тамоми фаъолияти донишгоҳ инъикос мегардад, ки таҳлили ду-се шумораи охири он далели воқеъӣ шуда метавонад. Нашри рӯзномаи донишгоҳии «Нури маърифат» аз 2000 то ба 12000 нусха расонида шуд. Нуқтаҳои муҳими мавзӯъҳои матраҳшаванда дар ҷаласаҳои Шӯрои олимону Раёсати донишгоҳ ва дигар навидҳои факултету кафедраҳои он ба таври васеъ инъикос карда мешавад. 

Ҳамкорӣ бо нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, маҳаллӣ ва соҳавии “Ҷумҳурият”, ”Народная газета”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, ”Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, “Сухани халқ”, “Тирози ҷаҳон” ва дигар рӯзномаҳои даврӣ хуб ба роҳ монда шуда, маводҳои зиёд интишор мегарданд ва ин ҳамкорӣ дар оянда низ тақвият меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолияти телевизион ва радиои донишгоҳро низ танзим менамояд. Бо пешниҳоди ҷолибтарин матолиб ва дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳар моҳ ду маротиба Барномаи таҳлилию иттилоотии “Пайки маърифат” аз ҷониби СТТ “Фурӯғ” таҳия гардида, тавассути телевизиони вилояти Суғд ва СМ-1 пахш мешавад.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва пешгирии ҳамешагии шомилшавии ҷавонон аз амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо дар назди Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ бо ҷалби устодони соҳибунвону ботаҷриба ду гурўҳҳои корӣ ҷиҳати таҳлилу баррасии муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, ки ба арзишҳои милливу маънавии мо халал ворид месозад, ба фаъолият шурӯъ намуда, барои пешгирии падидаҳои ифротӣ ҳар ҳафта бо нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва изҳороти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.

Шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2018 дар назди донишгоҳ тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 31.10.2018 №3 бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва инкишоф додани назар ва ҷаҳонбинии донишҷўён маҳфили «Нерўи сухан» ташкил ва роҳандозӣ карда шуд. Ба маҳфил донишҷўёни фаъол, босавод, дорои ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати эҷодӣ ва истеъдоди суханварӣ дошта, инчунин қобилияти кор бо компутер, интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро соҳиб буда, озодона нуқтаи назари хешро ифода намуда метавонанд, ҷалб гардидаанд.

Аъзоёни маҳфил ҳар ҳафта як маротиба ба омӯзиш фаро гирифта шуда, минбаъд хабару навидҳои факултету кафедраҳо аз ҷониби онҳо таҳия ва ба маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ пешниҳод карда мешавад, ки ҳамаи он тавассути воситаҳои ахбори умуми ватаниву хориҷӣ инъикос гардонида мешаванд.

Дар Марказ сардор, сармутахассис ва котиби матбуот адои вазифа намуда, дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳо камари ҳиммат мебанданд.