Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Телефон для справки

Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон аз соли 1934 фаъолият дорад. Дар солҳои мухталиф Ҳакимова Э.В., Юнусов А.Ю., Мироватов М.С., Қўзиев М.А., Пўлодов Н.Н. мудирии шуъбаи мазкурро ба зимма доштанд. Аз моҳи январи соли 2018 вазифаи мудири шуъбаи мазкурро дотсент Бобоев Р.Ҳ. ба зимма дорад. Алҳол дар асоси дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи нав раванди таҷрибаомўзӣ дар донишгоҳ бо равиши нав ба роҳ монда шуда, донишҷўёни шуъбаи рўзонаи ихтисосҳои омўзгорӣ мувофиқи нақшаи таълимӣ ба роҳ мондааст. Афзун ба ин, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҷрибаомўзии омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он 16 пойгоҳҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Алҳол мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 11 намуди таҷрибаомўзӣ (таҷрибаомўзии таълимӣ, таълимӣ- саҳроӣ, таълимӣ-лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рўзноманигорӣ, форлклорӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, омўзгорӣ) ба роҳ монда шудааст.

Таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимӣ асосан баъд аз сессияи санҷишу имтиҳоноти тобистона бо фармоиши ректори донишгоҳ дар 15 факултетҳои Донишгоҳ дар моҳҳои июн, июл гузаронида мешавад. Таҷрибаи таълимӣ-истеҳсолии донишҷӯён яке аз муҳимтарин қисмҳои омоданамудани мутахассисони баландихтисос ба шумор рафта, он дар корхонаҳою муассисаҳои номдор ва ташкилотҳои гуногуни хоҷагии халқ, фарҳанг, маориф ва дигар муассисаҳои идоракунии давлат гузаронида шуда, омодагии назариявии донишҷӯёнро бо фаъолияти амалии онҳо таъмин сохта, барои фаъолияти касбии эшон мусоидат менамояд. Он барои пайдо гардидани маҳорат, малакаи касбӣ ва пайдо сохтани таҷрибаи фаъолияти амалӣ дар донишҷӯён имкониятҳои заруриро фароҳам меоварад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои дар нақшаи таълимии ихтисосҳо нишондодашуда, мудирони кафедраҳои дахлдор ҷои таҷрибаомӯзии ҳар як донишҷӯро вобаста аз ҷои зист муайян намуда, пеш аз оғози он, муҳассилинро бо барномаи таҷрибаомӯзӣ ва супоришномаи инфиродии мураттабгардида таъмин карда, ба ҳамаи донишҷӯёнроҳхат ва нусхаи фармоиш ба унвони роҳбароникорхонаҳою ташкилотҳо оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ дода мешавад. Роҳбарияти факултетҳо, мудирони кафедраҳои дахлдор раванди таҷрибаомӯзиро назорат менамояанд. Аз ҷониби донишгоҳ ба таҷрибаомӯзон ва роҳбарони гурӯҳҳо “Рӯзномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ” ва “Дафтари қайди чорабиниҳо” таъмин карда мешаванд. Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаи истеҳсолии пешаздипломӣ барномаҳои кории факултетҳо мавриди корбарӣ ва таҷдид қарор дорад. Бояд қайд кард, ки имрӯз аз рӯйиихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ беш аз 45 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳиивилояти Суғд ҳамкории судманд дорад.

Таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, соли 2018 дар 106 муассисаи таълимӣ бо миқдори 2960 нафар сафарбар шуда буданд. Ҳамзамон, 892 нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибона, аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, ба роҳ мондани чораҷӯиҳои гуногуни тарбиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, мавриди баррасии донишҷӯён қарор додани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№553 аз 05.10.2009) фаъолияти тарбиявии донишҷӯён ташкил дода шудааст. Боиси қайд аст, ки 30-юми январи соли 2018 Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон” баргузор гардид. Таҷрибаомӯзии байниминтақавӣ аз Хуҷанд то Хоруғ гузаронида шуд. Барномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ таҷдиди назар карда шуд. Иштирок дар Конфронсҳои оғозӣ ва ҷамъбастии омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ, ба ИСУ ворид намудани холҳои таҷрибаомӯзӣ, аз чоп баровардани дастурҳои методӣ, аз ҷумла, таълифи китоби методии О.Р.Маҳмудов “Тарҷрибаомӯзии педагогӣ- омили муҳими тайёрии касбии донишҷӯён”, Барномаҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ оид ба таҷрибаи омӯзгорӣ аз чоп баромадаанд. Алҳол мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 11 намуди таҷрибаомӯзӣ (таҷрибаомӯзии таълимӣ, таълимӣ- саҳроӣ, таълимӣ-лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рӯзноманигорӣ, форлклорӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ) ба роҳ монда шудааст.