Қоидаҳои қабул

Тавзеҳот

ба лоиҳаи «Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти

олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019»

Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд ва хоҳиши идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро доранд дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоҳаи «Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019»-ро таҳия намуд.

Лоиҳаи мазкур тамоми ҷабҳаҳои раванди қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории суҳбат бо довталабони идомаи таҳсилро дар бар гирифта бо аъзоёни мушовара мувофиқа гардидааст.

Аз ҳайати мушовараи Вазорати мваориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро дастгирӣ менамудед.

Ф А Р М О И Ш И

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 13 марти соли 2018 №1841 ш. Душанбе

Дар бораи амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати

маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018, №03/8

Бо мақсади амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018, №03/8 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019» мутобиқи банди 13-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145) ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018, №03/8 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019» мавриди амал қарор дода шавад (замима мегардад).

2.Ба ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки қабули довталабонро барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи талаботи Қоидаҳои қабули мазкурро роҳандозӣ намоянд.

3. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ф. Ҳайдаров) риояи Қоидаҳои қабули мазкурро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таъмин намояд.

4.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир Р. Мирбобоев гузошта шавад.

ҚАРОРИ МУШОВАРАИ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 28 феврали соли 2018 №03/8 ш. Душанбе

Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019

Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019-ро муҳокима намуда, Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:

1. Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Ба ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супорида шавад:

2.1.Ҳангоми қабули донишҷўён баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ талаботи бандҳои Қоидаи қабули мазкурро ба роҳбарӣ гиранд ва иҷро намоянд;

2.2.Оид ба таъсиси комиссияи қабули донишҷўён ҷиҳати қабули донишҷўён барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 майи соли 2018 ахбор пешниҳод намоянд;

2.3. Аз натиҷаи кори комиссияи қабул то 20 сентябри соли 2018 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассали таҳлилӣ манзур созанд.

3. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ф. Ҳайдаров) риоя ва иҷрои Қоидаи қабули мазкурро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир Р. Мирбобоев гузошта шавад.

Қоидаҳои

қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1.Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, ташкил ва гузаронидани суҳбати қабули онҳо бо фармоиши ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ректор (директор) ё муовини ректор (директор) оид ба таълим мебошад.

Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рўи равия ва ихтисосҳои дар замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ буда расман эълон намояд.

Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд.

Қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо аз рўи равия ва самти ихтисосҳои амалкунанда, аз ҳисоби ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ дар доираи замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгўи саволномаҳои суҳбатро аз рўи равия ва ихтисосҳо таҳия намуда, теъдоди қабули донишҷўёнро тибқи нақшаи қабул аз рўи равия ва ихтисосҳои амалкунанда аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва шартномавӣ эълон намояд.

2.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро (давлатӣ ва ғайридавлатӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё шартномавӣ бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати самти ихтисос ба курсҳои 3-юми шуъбаҳои рўзона ва ё ғоибонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бе озмун қабул карда мешаванд.

3.Шахсоне, ки гурўҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, пас аз 3 соли хатм ва фаъолияти корӣ дар истеҳсолот дар сурати мувофиқати равия ва самти ихтисос бо назардошти мавҷудияти фарқият дар ҳаҷми то 18 кредит ба курси 3-юми шуъбаҳои рўзона ва ё ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ба ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ) тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

4.Шахсоне, ки гурўҳҳои буҷавии шуъбаи ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм ва собиқаи кории 3-сола дар истеҳсолот доранд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом (асл) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, хислатнома аз ҷойи кор) дар сурати мувофиқат намудани равия ва самти ихтисос ба курси 3-юми шуъбаҳои рўзона ва ё шуъбаи ғоибонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (ба ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ) тариқи озмун қабул карда мешаванд.

5.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббиро хатм кардаанд, танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисосҳои биология ва химияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи Қоидаҳои қабули мазкур қабул карда мешаванд.

6.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рўи ихтисосҳои омўзгорӣ хатм намудаанд ва зиёда аз панҷ сол собиқаи кори омўзгорӣ доранд, ба курси дуюм ва шахсоне, ки зиёда аз даҳ сол собиқаи кори омўзгорӣ доранд, ба курси сеюми шуъбаи ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (соҳаи омўзгорӣ) аз рўи натиҷаи суҳбат бе озмун қабул карда мешаванд.

7.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул аз 01 июл то 10 август ва муҳлати гузаронидани озмун бо довталабон аз 11 то 20 август муқаррар карда мешавад.

8.Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод менамоянд:

-ариза ба номи ректор (директор);

-ҳуҷҷат дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ- асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).

9.Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

10.Довталабоне, ки дар рўзи муайяншудаи комиссияи озмун бесабаб ҳозир нашудаанд, аз озмун нагузашта ҳисобида мешаванд.

11.Дар сурати қаноатманд набудан аз суҳбат довталаб ҳуқуқ дорад, ки ҳуқуқи хаттӣ ба комиссияи қабул муроҷиат намуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 3 рўз тариқи апеллятсия (комиссяи апеллятисонӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад.

12.Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ба амал бароварда мешавад.

13. Натиҷаи суҳбат дар протоколи махсус қайд карда мешавад (нусхаи протокол замима мегардад).

14.Риоя ва иҷрои Қоидаҳои қабули мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошад.

15. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон з натиҷаи фаъолияти кори комиссияи қабул то 20 сентябри соли 2018 маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.