Анҷумани хатмкунандагон

НИЗОМНОМАИ

Анҷумани хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Анҷумани хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷандбаноми академикБ. Ғафуров» (минбаъд - Анҷуман) ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ буда, бо мақсади иҷрои фаъолияте, ки аз умумияти манфиатҳо бармеояд ва барои дастгирии тарафайни хатмкунандагони ДДХ равона мегардад, инчунин барои амалигардонии барномаҳои таълимӣ-илмии ояндадор ташкил карда мешавад.

1.2. Анҷуман аз лаҳзаи тасдиқ гардидани Низомномаи мазкур барпошуда ҳисоб меёбад.

1.3. Анҷуман фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДХ, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои дохилии донишгоҳ ба роҳ мемонад.

1.4. Макон ва суроғаи Анҷуман – Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Б. Мавлонбекова. 1

1.5. Анҷуман шахси ҳуқуқӣ намебошад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Анҷуман

2.1. Анҷуман бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:

- ба роҳ мондани равобити хатмкардагони ДДХ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ;

- бунёди дастгирӣ дар робитаҳои расмӣ бо иттиҳоди касбии манотиқи мамлакат;

– мустаҳкамгардонии рӯҳбаландии донишҷӯён ва хатмкунандагони ДДХ, муттаҳидкунӣ ва пешбарии иҷтимоии хатмкунандагон, расонидани кӯмак ба ДДХ аз рӯи иҷрои вазифаҳо оид ба ташкил намудани комплекси минтақавии такмилдиҳии илмӣ-истеҳсолии мутахассисон аз рӯи самти барномаҳои таълимии Донишгоҳ;

- расонидани кӯмак дар такмили раванди таълимӣ;

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидори касбии хатмкунандагони ДДХ;

- мустаҳкам кардани алоқаҳои касбии хатмкунандагони солҳои гуногун;

- мусоидат намудан дар густариши обрӯю нуфузи хатмкунадагони ДДХ барои бозори меҳнат ва такмили рақобатпазирии онҳо;

- истифодаи малакаи касбӣ ва нерӯи зеҳнии хатмкардагон барои омода намудани мутахассисони оянда дар заминаи ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ.

2.2. Барои амалӣ шудани мақсадҳои гузошташуда Анҷуман вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- ташкил намудани манбаи маълумот дар бораи хатмкунандагони ДДХ бо мақсади таъмини робитаи мунтазами хатмкунандагон бо донишгоҳ ва байни худи хатмкунандагон;

- иҷрои корҳо дар ҷодаи таъмини сифати баланди таҳсилот, рушди усулҳои самараноки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва мадании хатмкунандагони ДДХ;

- ба роҳ мондани чораҳои дахлдор баҳри рушди усулҳои самараноки ташкили раванди таълим ва тадқиқотҳои илмӣ;

- расонидани кӯмаки амалӣ бобати касбинтихобкунии ҷавонон, аз ҷумла хатмкунандагони донишгоҳ:

- чораандешӣ баҳри мусоидат дар ҷалби довталабон, омодашавии онҳо ва ташкили раванди мақсадноки қабули довталабон ба донишгоҳ;

- бо кор таъмин кардани хатмкунандагони ДДХ;

- мунтазам ташкил намудани вохӯриҳо бо хатмкунандагони ДДХ;

- ба роҳ мондани равобити байни ДДХ ва хатмкунандагон, вусъат додани кӯмаки мутақобилаи барои тарафҳо манфиатовар;

- ба воситаи хатмкунандагон мунтазам ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибавӣ, иттилоотӣ, таҷҳизоту технологӣ, малаки зеҳнӣ байни муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо;

- муттаҳид кардани иқтидорҳои зеҳнӣ ва эҷодкоронаи аъзоҳои Анҷуман барои ташкил ва расонидани кӯмаки зеҳнӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба Донишгоҳ ва мустаҳкам кардани пояҳои моддӣ- техникӣ он;

- паҳнсозии иттилоот байни донишҷӯёни ДДХ оид ба дастовардҳо дар фаъолияти касбии инфиродӣ ва ҷамъиятии аъзоёни Анҷуман ;

- истифодаи таҷриба ва имконияҳои хатмкунандагони ДДХ барои амалигардонии лоиҳаҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва иқтисодӣ-истеҳсолие, ки ба самтҳои тараққиёти стратегии Донишгоҳ алоқаманданд;

- оммавӣ гардонидани иттилоот оид ба анъанаҳо, таърих ва вазъи муосири Донишгоҳ;

- мусоидат намудан дар ташкил ва инкишоф додани робитаҳои байналхалқии ДДХ, иштирок дар барномаҳои байналхалқии мубодилаи донишҷӯён, аспирантону магистрантон, докторантон ва хатмкунандагон.

- ҷамъкунии иттилоот вобаста ба хатмкунандагони ДДХ ва дарёфти робита бо онҳо;

- ташкили дастгирии молиявии Донишгоҳ бо роҳи ташкил намудани фондҳои мақсаднок аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва эҳсонкории аъзоёни Анҷуман;

- бастани шартномаҳои ҳамкории ба ҳарду ҷониб судманд бо ташкилоту муассисаҳое, ки таҳти роҳбарии хатмкунандагони Донишгоҳ қарор дорад;

- ташкил ва маблағгузории барномаҳои ҳамкории илмии байналмиллалӣ, конфронсҳои илмӣ, симпозиум ва семинарҳо;

- ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар;

- мустаҳкам намудани робита байни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ, намояндагон ва шахсиятҳои барӯманди соҳаи бизнесу соҳибкорӣ ва хатмкунандагони дигар донишгоҳҳо;

- ба донишгоҳ ҷалб намудани ҷавонони боистеъдод.

3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Анҷуман

3.1. Анҷуман ҳуқуқ дорад:

- барои амалигардонии барномаҳои Анҷуман иттиҳодияҳои илмӣ, эҷодӣ, таълимӣ, иттилоотӣ ва машваратиро аз ҳисоби аъзоёни Анҷуман ташкил диҳад;

- ба аъзоён Анҷуман барои омӯзиш, таҷрибаомӯзӣ, мубодилаи таҷриба, иштирок дар конфронсҳо машваратҳо ва дигар чорабиниҳо кӯмак расонад;

- дигар амалҳоеро, ки ба қонунгузории амалкунанда мухолиф нестанд ва барои пешрафти Донишгоҳ равона гардидаанд, иҷро кунад.

- тибқи дархости аъзоёни Анҷуман ҳар гуна маълумоте, ки ба фаъолияти Анҷуман дахл доранд, ба онҳо пешниҳод намояд;

- доир ба имконият, нақша ва дурнамои тараққиёти Анҷуман ва Донишгоҳ ба аъзоёни Анҷуман маълумот пениҳод намояд;

- Анҷуман дар доираи фаъолияти худ, ки қонунгузории ҶТ ва Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст ӯҳдадориро ба зима мегирад.

  • Узвият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни анҷуман.

4.1. Ҳар як хатмкунандагони ДДХ, инчунин омӯзгорон ва кормандони ДДХ метавонанд аъзо шаванд.

4.2. Узвият ба Анҷуман ба таври ихтиёрист.

4.3. Аъзоёни Анҷуман ҳуқуқ доранд:

- Дар идоракунии фаъолияти Анҷуман иштирок намоянд;

- Оид ба фаъолияти Анҷуман, нақша ва барномаҳои он маълумот гиранд;

- Аз мақоми идоракунии Анҷуман дар бораи вазъи иҷроиши қарорҳои ҷаласаи умумӣ ва Шӯрои Анҷуман маълумот талаб намоянд;

- Ба рӯзномаи ҷаласаҳои умумии аъзоёни Анҷуман таклифҳои худро пешниҳод намоянд;

- Нисбати ҳама гуна масъалаҳои фаъолияти Анҷуман ба мақоми болоӣ муроҷиат намоянд;

- Аз Анҷуман кӯмаки машваратӣ, методологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраро гиранд;

- Аз манбаҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои Анҷуман метавонад бо ҳуқуқи афзалиятнок истифода намояд;

- Барои амалигардонии фаъолияте, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст ба Анҷуман молу мулк пешниҳод намоянд.

4.4. Аъзоёни Анҷуман ӯҳдадоранд:

- Барои ҳалли масъалаҳое, ки дар назди Анҷуман гузошта шудааст, фаъолона мусоидат намоянд;

- Дар чорабиниҳое, ки бо қарори ҷаласаи умумӣ ва ё Шӯрои Анҷуман муқаррар карда шудаанд, ширкат варзанд;

- Оид ба иваз шудани ному насаб, суроғаи зист, рақами телефон, ҷои кор ва вазифа Анҷуманро саривақт хабардор намоянд;

- Ба фаъолияти Анҷуман мувофиқи қобилият кӯмак намоянд.

4.5. Анҷуман аъзои фахрии худро эълон намуда метавонад.

4.6. Аъзоёни фахрии Анҷуман аз доираи хизматчиёни давлатӣ, олимону мутахассисони варзида, ки дар ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ саҳм гузоштаанд, инчунин варзишгарон, ходимони илму маориф, фарҳанг, ки дар ташаккул, рушд ва устувор гардидани обрӯю нуфузи Донишгоҳ саҳм гузоштаанд ва дар ҳалли вазифаҳои Анҷуман иштироки фаъол доранд, эълон карда мешаванд.

V. Сохтори Анҷуман ва мақоми идоракунӣ.

5.1. Мақоми идоракунии Анҷуман инҳоянд:

- ҷаласаи умумии аъзоёни Анҷуман;

- Шӯрои Анҷуман;

- Раиси Шӯрои Анҷуман.

5.2. Мақоми олии идоракунии Анҷуман ҷаласаи умумии аъзоёни Анҷуман ба ҳисоб меравад. Дар ҷаласаи умумии аъзоёни Анҷуман Раиси Шӯро аз доираи аъзоёни Шӯро ба муҳлати як сол интихоб карда мешавад, ки ӯ фаъолияти Анҷуманро ташкил ва танзим менамояд.

VII. Қатъ кардани фаъолияти Анҷуман

7.1. Қатъ кардани фаъолияти Анҷуман дар намуди барҳам додан ё ин ки азнавташкилдиҳӣ ба амал бароварда мешавад.