Тақдими Шаҳодатномаи гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани Шаҳодатномаи гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар баробари таълимгирандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, ба 22 донишҷӯ, 5 аспирант ва 9 магистранти Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Шаҳодатнома супорида, иброз дошт, ки муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил бо тамоми таҷҳизоти навини технологии муосир, сохтмони иншоотҳои таълимии замонавӣ, майдонҳои варзишӣ, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят барои донишҷуён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, эълон гардидани озмуни китобхонӣ таҳти унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» аз иқдомҳоест, ки имрўз дар марҳилаи бунёдкорӣ ва созандагиву ободонии кишвар ҷиҳати дастгирии ҷавонон равона гардидааст.

Маврид ба қайд аст, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят беш аз 130 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ