Факултети физика ва техника: Таҷрибаи омӯзгорӣ-давраи пурмасъулият барои донишҷӯён

Дирўз дар толори факултети физикаю техника бахшида ба оғози таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси физика ва 5-уми ихтисоси физика-математика конфронс баргузор гардид.

Конфронсро декани факултет дотсент Шамсидинов М.И. ифтитоҳ бахшида, сараввал донишҷӯёнро бо Низомномаи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ шинос намуда, даъват ба амал овард, ки барои бомуваффақият пеш бурдани корҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бояд ҳар як донишҷӯ кӯшишу ғайрат намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани усулҳои фаъоли таълим, такмилу баланд бардоштани маҳорати касбӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон ва навгониҳои илму техникаро дар раванди машғулиятҳо истифода намоянд.

Ҳамзамон, мудири кафедра Шерматов Ш. баромад намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бояд давраи таҷрибаомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати мушовирон босамар гузаронида, масъулияти бештареро дар омӯзиши илму дониш ва нозукиҳои касби омӯзгорӣ ҳис намоянд ва машғулиятҳои таълимӣ, чорабиниҳои гуногуни беруназсинфиро дар сатҳи баланд ташкил намоянд.

Инчунин донишҷӯён дар навбати худ иброз намуданд, ки тамоми маҳорату имкониятҳои худро дар рафти таҷрибаомӯзӣ истифода хоҳанд бурд.

Мааркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ